ТАТБИҚИ ҒОЯҲОИ НАВИ НАВРАСОН
- Details
- Published on Thursday, 19 January 2023 14:21
Барномаи пешсаф барои наврасону ҷавонон пешбинӣ шуда, аз ҷониби Ташкилоти ҷамъиятии Азит, хазинаи кӯдакони ЮНИСЕФ дар ҳамкорӣ бо раёсатҳои маориф, Марказҳзои таҳсилоти иловагии вилоят, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ба роҳ монда шудааст.
Лоиҳа “Малакаҳо барои оянда ва гузариш ба ҳаёти корӣ” унвон дошта, мақсади он дар амал тадбиқ намудани идеяҳои нави наврасон мебошад.
Имрӯз дар Озмоишгоҳи инноватсионии шаҳри Хуҷанд, дар Маркази таҳсилоти иловагии вилоят фаъолияти барнома назаррас ба роҳ монда шудааст. Чуноне ки ментори Озмоишгоҳи инноватсионии шаҳри Хучанд дар марказҳои тахсилоти иловагии вилоят Соҷидабону Каримова қайд мекунад, барнома барои беҳбуди таълиму тарбияи насли наврас кору фаъолият бурда, ҳисси лаёқатмандиву навовариро меомӯзонад. Ин имкон медиҳад, ки наврасон навовару лаёқатманд бошанд.
‐Барномаи омӯзишии “Пешсаф” ба наврасон имконият фароҳам меорад, то ки онҳо ғояҳои худро ба тадбирҳои мушаххаси воқеӣ табдил диҳанд ва дар амал онҳоро татбиқ намоянд. Ҳадафи асосии ин барнома, ки яке аз таҷрибаи намунавии ЮНИСЕФ дар сатҳи ҷаҳонӣ мебошад, омӯзонидани малакаҳои зарурӣ дар асри ХХI ва омода намудани наврасон барои ҳаёти мустақили касбӣ тавассути татбиқи лоиҳаҳои соҳибкории иҷтимоӣ мебошад,мегӯяд Соҷидабону Каримова.
Дар ин озмоишгоҳ барои муайян намудани сатҳи навоварӣ ва баррасии мавзӯи "Малакаҳо барои оянда ва гузариш ба ҳаёти корӣ" мунтазам тренингҳои омӯзишӣ баргузор мешаванд. Дар ин ҷо наврасон идеяҳои худро пешниҳод намуда, онро тариқи дастгирии Ташкилоти ҷамъиятии Азит ва ҳамкорӣ бо хазинаи кӯдакони ЮНИСЕФ ба амал тадбиқ менамоянд. Боиси ифтихор аст, ки ду даста ихтирооти худро дар амал тадбиқ намуда, дар форуми миллӣ, ки дар шаҳри Душанбе баргузор гардид иштирок намуданд.
Дар озмуни вилоятии “Беҳтарин ихтироъкори сол” ду нафар иштирокчии барнома – Зафархонмахсум Қаҳҳоров ва Дӯстмуҳаммад Умарзод иштирок намуда, соҳиби туҳфа гардиданд.
Сурайё ҲАКИМОВА,
“Ҳақиқати Суғд”