СУЛҲУ СУБОТ АЗ МУТТАҲИДИВУ ҲАМДИЛӢ САРЧАШМА ГИРИФТ

Мусоҳибаи рӯзноманигорони нашрияи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд – «Ҳақиқати Суғд» бо иштирокчиёни 30 солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди тантанаҳои ҷашнӣ

Қозидавлат ҚОИМДОДОВ: ходими давлативу сиёсӣ, вакили Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ:

Баргузории тантанаҳои ҷашнӣ ба истиқболи 30 – солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар собит сохт, ки сокинони кишвар дар интихоби сарвари тоҷикон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хато накард, зеро вазъияти дирӯзу имрӯз ҳазор маротиба дигаргун шудааст. Ҳашамату зебогии баргузории ин ҷашни таърихӣ дар Қасри Арбоб, ки макони таърихиву сарнавиштсоз аст, солҳо аз хотирот зудуда нахоҳад шуд, зеро дар шароите, ки Иҷлосияи тақдирсоз доир мегардид шароити корӣ начандон хуб буд.

Он солҳо ҳолате буд, ки вакилон аз ҳам ҷудо, ноҳияҳо аз ҳам ҷудо, ҳама ба гурӯҳҳои алоҳида тақсим шуда буданд. Аз депутатҳо дида иштирокчиён зиёдтар буданд, ҳатто ҳолат то ҷое расида буд, ки рӯзи якум ҷаласаро кушода натавонистем, толор барои ҷаласа тайёр набуд. Раиси Шӯрои Олӣ дар утоқе, ки ҳамагӣ як мизу ду курсӣ дошт то соати 12 ‐ 1 – и шаб кор мекарданд. Новобаста аз чунин вазъият коре карданд, ки ҷаласа баргузор гардад. Ҳоло бошад, Қасри боҳашамати Арбоб дар сатҳи олӣ таъмиру тармим шудааст, ки аз замин то осмон фарқият дорад. Аз ин лиҳоз, пеш аз ҳама, мехостам ба тамоми нафароне, ки барои гузаронидани ин чорабинии бошукӯҳи сиёсиву идона нақши босазо гузоштаанд, аз самими қалб ташаккур гӯям. Вилояти Суғд симояшро тамоман дигар кардаасту ба як вилояти саноатӣ мубаддал гардидааст. Рӯзи аввали ташрифамон ба вилоят баргузории вохӯрии мухталиф дар шаҳру навоҳӣ дар сатҳи баланд ба роҳ монда шуда буд.

 Дар коргоҳҳои нав бо ҷавононе, ки ҳамсоли истиқлолият ҳастанд вохӯрдем. Тарзи муомилаву пешвозгирии мизбонону ҷавонони коргар бароям хеле писанд омад. Боиси қайд аст, ки дар вилоят соҳаи заргарӣ хеле ривоҷ ёфтааст ва солҳои пешин яке аз маҳсулоти асосии мардуми шимол буд. Имрӯз касби заргариро бояд на танҳо дар шимол ривоҷ диҳем, балки дар ҷануб низ ба роҳ монем. Боиси хушнудист, ки сокинони сарбаланди вилоят, соҳибкорону сохтмончиён натанҳо ба сохтмони иншооти давлатӣ, балки ба таъсис ва бунёди иншооти хусусӣ низ пешсаф ҳастанд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки мардум барои ояндаи худу тараққиёт ва пешравии вилояту кишвар саҳм гузошта истодаанд.

Бемории ҳамагири КОВИД – 19, ки тамоми ҷаҳонро фаро гирифта буд, ҳамаро ба таҳлука андохта аз ҳамдигар каме дур намуд. Боиси хушнудист, ки он марҳилаи вазнинро Ҷумҳурии Тоҷикистон низ тавонист паси сар кунад. Баргузории ҷаласаи бошукӯҳи ҷашнии имрӯза бори дигар тасдиқ кард, ки инсон бо ҳамдигар зинда аст. Рафту омад ва муносибат бо дӯстону пайвандон арзиши баланди маънавӣ дорад. Боиси хушнудист, ки дар чорабиниҳои баргузоргардида нафароне, ки 30 – 25 сол ҳамдигарро надида буданд, вохӯранд. Ҳамдигарро ба оғӯш гирифтанду аз лаҳзаҳои ҳассоси он замон ёдовар шуданд. Шукрона карданд, ки он рӯзҳои харобиовар паси сар шуду имрӯз дар фазои сулҳу дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмиву ҳамдилӣ умр ба сар бурда истодаанд.

Дар Қасри Арбоб расмҳои иштирокчиёни иҷлосияро дида шод гардидем. Ҳоло аз 84 депутати дар қайди ҳаёт буда танҳо 73 нафар омада тавонистему халос. Барои мо 73 нафар ширкаткунандагони иҷлосияи таърихӣ шароите муҳайё карданд, ки чунин шароитро на ҳар кас дидаанд. Дар тамоми вохӯриву мулоқотҳо бароямон туҳфаҳои арзишманд тақдим карданд, ки ин нишонаи эҳтирому инсондӯстӣ руҳияи моро дучанд боло кард.

Абдумаҷид ДОСТИЕВ: ходими давлативу сиёсӣ, вакили Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ:

- Пеш аз оғози сухан мехостам ба мардуми сарбаланди вилояти Суғд, бахусус сокинони Хуҷанди бостонӣ сипоси беандоза гӯям, зеро имрӯз барои мо шароити хуби истироҳатиро фароҳам овардаанд. Мо имконият пайдо кардем бо сокинон мулоқоту вохӯрӣ карда, бори дигар аз рӯзҳои даврони сарнавиштсоз ёдовар шавем.

Бо гузашти солҳо мардуми сарбаланди кишвар таъсири Иҷлосияи таърихиву сарнавиштсозро бештар дарк карда истодаанд. Ҳамчун иштирокчии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ (даъвати 12) таъкид карданиам, ки дар ҳамон лаҳзае, ки тамоми ҷумҳурӣ аз ҷанги бародаркуш месӯхт як гӯшаяки Ватани мо ором буд. Маҳз оромии вилояти Суғд буд, ки мо имконияти дар ин ҷо гузаронидани ҷаласаи тақдирсозро пайдо намудем. Маҳз дар ҳамин ҷо мо Сарвари миллату давлатро интихоб кардем ва хато ҳам накардем. Дар ҳамон лаҳзаҳои ҳассос низ мардуми бошараф ва бонангу номуси вилояти Суғд моро дар сатҳи баланд пешвоз гирифта, барои баргузории иҷлосия шароити заруриро омода карда буданд.

Хиради азалии мардуми халқи тоҷик буд, ки дар интихоботи солҳои 1989 – 1990 на ба номзадҳои расмӣ, балки ба номзадҳои мардум пешниҳодкарда аҳамияти махсус дода шуд. Аз ҳавзаи интихоботии Данғара №172 аз байни чандин нафар халқ Эмомалӣ Раҳмонро пешниҳод кард. Гӯё мардум пешакӣ медонист, ки замоне омадааст то дар сари ҳокимият бояд фарзандони хирадманду худшинос бошанд. Зеро, вақте вазъи Ҷумҳурии Тоҷикистон ноором шуд, яке русзабон гардиду дигаре дигарзабон ҳама кишварро дар ҳолати ногувор тарк карданду канораҷӯӣ намуданд. Тақдири миллат танҳо ба дасти вакилоне, ки худи мардум интихоб кардаанд, монд ва онҳо хато накарданд, зеро мардуми тоҷик имконият пайдо кард, ки худ бо роҳи талош барояш Сарвари оқилу хирадмандро интихоб созад.

Имрӯз ба созандагиву бунёдкорӣ ва тараққиёти кишвари маҳбуби худ нигариста боварӣ ҳосил мекунам, ки мо дар он вақт хато накарда будем. На ҳар нафар ҷуръат дошт, ки он ҳама бесару сомониро ба эътидол оварда, кишварро аз вартаи ҳалокат наҷот диҳад. Инак, пас аз гузашти 30 сол аксар дарк кардаанд, ки маҳз муттаҳидиву ҳамдилӣ, кордониву хирадмандӣ метавонад ба сулҳу ободӣ оварда расонад.

Ғайбулло АФЗАЛОВ, ходими давлативу сиёсӣ, вакили Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ:

 – Тӯли чанд рӯзҳои ҷашние, ки дар вилояти Суғди бостонӣ қарор дорем, ҳама вакилони Иҷлосияи таърихӣ ва иштирокдорон ҷамъ омада, ёди он рӯзҳо кардем. Аслан бояд ёдовар шавам, ки дар он рӯзҳои бениҳоят вазнину дар он шароити тасаввурнопазир мо як гурӯҳ вакилон ба воситаи чархбол ба вилояти он вақт Ленинобод расида омада будем. Дар ҳақиқат он вақт халқи кишвар ҳама сарсону саргардон буданду парешон, вакилон мушаввашхотиру ба чӣ анҷом ёфтани иҷлосияро ҳеҷ кас намедонист. Албатта, дар як ҳафтаи аввал бозиҳои пасипардагӣ хеле зиёд буданд.

Роҳбарияти онвақтаи Шӯрои Олӣ, Ҳукумати муросои миллӣ ба баргузории иҷлосия бо роҳи ташкилӣ розигӣ дода бошанд ҳам, аммо дар амал ин тавр набуд. Онҳо намехостанд, ки қудрат аз даст равад, мансаб равад. Бинобар ҳамин таклифу пешниҳодҳои ташкилоти байналмилалӣ, аз ҷумла, Созмони Милали Муттаҳид, ҳамсоякишварҳо ва худи мо, вакилон ба миён гузошта шуда, талаб кардаем, ки иҷлосия тезтар баргузор шавад. Чунки Шӯрои Олии Тоҷикистон ягона органи қонунбароре буд, ки халқ ба ӯ бовар мекард. Дигар шохаҳои ҳокимият бошанд, аллакай фалаҷ гардида буданд. Вакилони иҷлосия метавонистанд қарору қонунҳое қабул кунанд, ки мардуми Тоҷикистон, ташкилоти байналмилалӣ эътироф намояд. Бинобар ҳамин ин рисолатро албатта, мо иҷро кардем. Масъалаи дигар ин истеъфои намояндагони Ҳукумати муросои миллӣ ва Раёсати Шӯрои Олии онвақта буд. Албатта, мо ин корро бо дастгирии якдигар анҷом дода тавонистем. Вакилони халқ масъулияти бузурги ватандориро назди интихобкунандагони худ ҳис мекарданд. Он душвориҳоеро, ки он вақт мардум аз сар гузаронида буданд, имрӯз барои ҷавонон мисли афсона аст. Азоби гуруснагӣ, нотинҷиву нооромӣ, қатлу куштор, ба маҳалҳо ҷудо гардидани минтақаҳои кишвар дар натиҷа ба парокандашавии давлату миллат оварда мерасонид.

Вакилон, ки ҳамроҳи интихобкунандагон қарор доштанд, ҳамаи инро ҳис мекарданд. Онҳо бисёр ҳам фаъол буданд ва бо масъулияти калон баргузор намудани ин иҷлосияи тақдирсозро ба дӯши худ гирифтанд. Дар вақти интихоботи Раиси Шӯрои Олӣ вакилон ҳама якдилона овоз доданд. Дар натиҷа вакил аз ҳавзаи интихоботии №171, ноҳияи Данғара, вакили аз ҳама ҷавонтар муҳтарам Раҳмонов Эмомалӣ Шарифович Раиси Шӯрои Олӣ, Сардори давлат интихоб гардиданд. Ба конститутсия тағйиру иловаҳо ворид карда, сохтори парламентиро таъсис додем, чунки он вақт имконияти баргузор гардидани интихобот умуман вуҷуд надошт. Ҳеҷ кас ба интихобот ягон робитаву таваҷҷӯҳ надошт.

Мардум ҳама аз пайи дарёфти нон буданд. Дар ҳамин ҳолат лозим донистем, ки муваққатан сохтори президентиро боздорем ва ба сохтори парламентӣ гузарем. Вазифаҳо ва масъулияти Раиси Шӯрои Олӣ, намояндагони Шӯрои Олӣ, вазирон муайяну тақсим карда шуданд. Кор шурӯъ гардида, ҳаёту мамоти кишвар ҳал мешуд. Ин иҷлосияро барои он тақдирсоз, таърихӣ ва сарнавиштсоз мегӯянд, ки сарнавишти миллату мардуми моро ҳаллу фасл кард. Пеш аз ҳама ба қатъ кардани ҷанги шаҳрвандӣ оварда расонид. Он вақт дар дасти мардум яроқ бисёр буд. Барои халъи силоҳ қарорҳои дахлдор қабул шуданд, ки яроқҳо гирифта шаванд. Ғайр аз ин, Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сулҳу ваҳдати тоҷикон асос гузошт. Дар баромади якумашон муҳтарам Раиси Шӯрои Олӣ гуфта буданд, ки шумоён ба ман бовар кардед, бояд бо ҳам дӯст бошем, аз дастамон чӣ кор ояд, бояд аҳлона ба анҷом расонем.

Сулҳи тоҷикон, давлатдорӣ аз ҳамин ҷо сар шуд. Нидои «Ман ба Шумо сулҳ меорам»‐и Пешвои миллат дар раванди сулҳи тоҷикон мавқеи хоса гирифт. Баъдан даҳҳо вохӯриҳо доир гардида, созишномаҳо барои барқарории сулҳу субот баста шуданд ва дар натиҷа 27‐уми июни соли 1997 ба Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ имзо карда шуд. Баъди ин албатта, раванди сулҳ боз ҳам қавитар гардид. Ба ин нигоҳ накарда хиёнатҳо боз давом, гурӯҳҳои силоҳбадаст дар баъзе минтақаҳо бетартибиву бенизомӣ мекарданд. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, оҳиста‐оҳиста ҷумҳурӣ ба эътидол оварда шуд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дар суханрониҳояшон ишора мекунанд, ки мо даҳ соли аввал фақат ба ҷангу ҷидолҳо дода шудем ва дар бораи тараққиёт ҳеҷ имконият набуд. Давлатҳои дигар моликиятеро, ки дар ҳудуди ҷумҳуриҳояшон буд, гирифтанд, азони моро бошад, ҳама талаву тороҷ карда, ба хориҷи кишвар, ба давлатҳои ҳамсоя бурданд. Бо айбу камбудиҳои роҳбарияти онвақтаи кишвар натавонистем моликияти худро соҳиб шавем. Барқарор кардани хоҷагии халқи харобгашта хеле ва хеле душвору тасаввурнопазир буд, вақту маблағи калонро талаб мекард. Хусусан, вазъияти ноҳинҷор дар водии Вахш бештар ба назар мерасиданд, қатлу куштор дар он манотиқ бисёр буданд. Мардуми зиёд аз истеъмоли хӯрокҳои бесифат ба бемориҳои гуногун гирифтор шуда, ҳазорҳо нафар фавтиданд. Албатта, имрӯз вақти вохӯрӣ бо вакилону иштирокдорон ёди он рӯзҳои вазнинро кардем.

Мо вакилон ҳам хеле кам мондаем, вакилони имрӯза одамони таърихӣ ҳастанд. Ба ибораи Пешвои миллат онҳо дар рушду нумӯи Тоҷикистон, сулҳу салоҳи кишвар, дар пешгирии ҷанги шаҳрвандӣ, ба сари қудрат овардани Сардори давлат хизматҳои арзанда кардаанд. Барои ҳамин рӯзҳову солҳо, садсолаҳо мегузаранд, ин мардум фаромӯш намешаванд. Чӣ хеле ки Пешвои миллат изҳор карданд, заҳматҳои бузурги онҳо дар таърихи миллат бо ҳарфҳои заррин навишта мешаванд. Ман боварӣ дорам, ки ояндаи Тоҷикистон бисёр ҳам гулгулшукуфон аст. Имрӯз мо ба чӣ қадар комёбиҳо расидем. Дар ҳар як шаҳру деҳот корҳои созандагӣ ҷараён дошта, некуаҳволии мардум рӯз то рӯз беҳ шуда истодаанд.

Руқия ҚУРБОНОВА, собиқадори меҳнат, ходими давлативу сиёсӣ, раиси Шӯрои собиқадорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон:

 – Шукрона мекунам, ки бо шарофати фарзанди фарзонаи миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти маҳбуби кишварамон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саросари ҷумҳуриамон фазои сулҳу субот ҳукмфармост. Мо шукрона аз он дорем, ки дар чунин фазо бахусус, мо занону модарон, бонувон зиндагии осоишта дорем. Дар таҷлили ҷашни 30‐солагии Иҷлосияи 16‐уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷлосияи тақдирсоз аст, иштирок кардем. Худованд барои мардуми тоҷик, барои миллати тоҷик фарзанди фарзонаеро ато кардааст, ки имрӯз бо заҳмату талошҳояшон, бо ташаббусҳои созандаву бунёдкоронаашон дар арсаи ҷаҳонӣ обрӯю эътибори Тоҷикистонро афзун гардонидаанд. Мо, модарон, кормандон, хизматчиёни давлатӣ шукргузор ҳастем аз ободии диёр, аз сулҳу суботи Тоҷикистони азиз, аз дастгириҳои пайвастаи Сарвари давлат нисбат ба ҳамаи табақаҳои ҷомеаи имрӯза. Қабули Раиси вилоят, намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар сатҳи хеле олӣ буд. Мо дар доираи барномаи мукаммал фаъолият доштем.

Дар шаҳрҳои Гулистон, Бӯстон, Истаравшан ва Хуҷанди бостонӣ будем ва шоҳиди он гардидем, ки мардум бо азму талошҳои созанда кору фаъолият карда истодаанд. Ҳаминро бояд бигӯям, ки Хуҷанд хеле зебо шудааст. Каме пештар дар доираи сафари корӣ, ки самти фаъолиятамон зиёд набуд, ба ин шаҳри зебоманзар омада будам, вале фавран баргашта будем ва Хуҷандро он қадар дуруст тамошо карда натавониста будам. Имрӯз дида истодаам, ки ташаббусҳои созандаи Президенти кишварро Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода амалӣ карда истодаанд ва ҳамаи мо, ҳар як фарди тоҷик шукргузорӣ аз осмони софу беғубори Тоҷикистон дорем. Ҳаминро гуфтанӣ ҳастам, ки Президенти мо яке аз президентҳое ҳастанд, ки имрӯз мавқеи худро доранд. Он кас ҷуръати беандоза доранд, далеру ғаюр ҳастанд, нотарсу масъул ҳастанд, ҳисси ватандӯстиашон хеле ва хеле баланд аст. Хуб медонед, ки имрӯз авзои ҷомеа дар ҷаҳон бениҳоят вазнин аст, ки инро дар дирӯза баромадашон дар доираи таҷлили ҷашни 30‐солагии Иҷлосия қайд карда гузаштанд. Мо дур намеравем, агар дар бораи ҳамсоякишвари худ Афғонистон гап занем, бисёр зиндагии душвор доранд, зиндагии осудае, ки мо дорем, онҳо инро орзу мекунанд.

Зимни як вохӯрӣ дар фаъолияти кориам ба ҳайси раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфтам, ки мо, модарони тоҷик хушбахтем, ки фарзанди фарзонае бо номи Эмомалӣ Раҳмон дорем ва ин фарзанд хеле ҳам нангу номусу орияти баланд дорад. Дар яке аз ҳамоишҳои калонтарин дар шаҳри Нюйорки Амрико дар ҳузури собиқ Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Пан Ги Мун баромад карда будам дар бораи ҳадафҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси муовини Сарвазири мамлакат. Зимни вохӯрӣ ҷаноби Пан Ги Мун гуфта буд, ки таманниёти маро ба Президенти кишваратон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расонед, ки яке аз президентҳои дорои рӯҳияи озоду демократист.

Дирӯз бовар мекунед, симои Президенти кишварамон боз ҳам зебо ба назар расид, шодон ба Қасри Арбоб ворид гардиданд. Пеш аз оғози баромади расмияшон чӣ қадар миннатдорӣ карданд ба вакилоне, ки он шабу рӯзҳо дар паҳлӯяшон буданд. Ба аъзои Ҳукумат, ба мардуми оддӣ, ки Тоҷикистони азизро дастгирӣ карданд ва аз парокандагӣ раҳо доданд, миннатдорӣ баён карданд. Дар фарҷоми сухан мехоҳам шеъри дӯстдоштаам, шеъри раиси Иттифоқи нависандагон устод Низом Қосимро қироат карда бошам, ки «Ормон» ном дораду ба Пешвои миллат бахшида шудааст:

Ҷавониро фидо кардам, диёрам то ҷавон бошад,

Гузаштам борҳо аз ҷон, ки ҷонаш дар амон бошад.

Чу аз ҳар ҷонибе сӯи Ватан боди хазон омад,

Баҳорамро сипар кардам, ки эмин аз хазон бошад.

Ман аз ин сарзамин тиру камонро дур бинмудам,

Ки доим дар самояш пурҷило тирукамон бошад.

Қасам бо шири модар хӯрдаам дар назди халқи хеш,

Ки роҳи бахту умраш ҳамчу шири модарон бошад.

Дилу рӯи кушодамро ба дунё пешкаш кардам,

Ки мулки кӯчакам дар чашми дунё бекарон бошад.

Ба минбарҳои болои ҷаҳон бурдам забонамро,

Ки халқи хушзабонам бо ҷаҳоне ҳамзабон бошад.

Басо хорӣ кашида ғунчаи уммед парвардам,

Ки хориро набинад ин диёру гулфишон бошад.

Маро ҳар боғ пайғомест аз гул кардани дилҳо,

Маро ҳар мазраи сабзе зи сарсабзии ҷон бошад.

Бувад нонрезаву нони Ватан болои чашмонам,

 Дилам ҳамрози пирону аниси тифлакон бошад.

Кунам тоҷи сари дунё дилоро Тоҷикистонро,

Зи тахту тоҷи ин дунё ҳаминам ормон бошад.

Ба тамоми мардуми вилояти бостонии Суғд, ба ҳамдиёрони азизам, ба модарону хоҳарону бонувони суғдӣ саломатӣ, бахту саодат, зиндагии осоиштаро таманно мекунам.

Марҳабо ҶАББОРӢ, собиқадори меҳнат, ходими давлативу сиёсӣ:

– Ифтихор аз он дорам, ки дар ҳайати вакилони Иҷлосияи таърихӣ қарор дорам. Ин боварии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки маро ҳам ба ин ҳайат ҳамроҳ карданд. Байни онҳое, ки бевосита иштирокдорони ҳамин ҷаласаи тақдирсоз буданд, чун ҳазорон ҳазор шаҳрвандони ҷумҳурӣ ҳамон рӯзҳо мо ҳам яке аз иштирокчиёне будем, ки паси оинаи нилгун қарор доштем. Он рӯзҳо бисёр рӯзҳои ташвишовар буданд ва мо хавотир будем, ки тақдири мамлакат бо чӣ анҷом меёбад. Ҳамаи шаҳрвандон мехостанд, ки тезтар бесарусомониҳо ба охир расанд. Намедонистем, ки дар оянда моро чӣ интизор аст, махсусан ҳаёти ояндаи ҷавонон чӣ мешавад. Мо ҳам медонистем, ки иҷлосия баргузор мешавад, аммо фикрҳо гуногун буданд, мегуфтанд, ки иҷлосия намешавад. Ман он вақт дар Донишкадаи омӯзгорӣ дотсенти кафедра будам.

Дар ҳамон айём медидам, ки мафкураи ҷавонон дигар шуда истода буд. Дирӯз Пешвои миллат дар баромадашон қайд карданд, ки ба ҷавонон бояд эътибори ҷиддӣ дода шавад. Ҷанги онвақта махсусан ба ҷавонон таъсир расонида буд, мафкураи онҳо тамоман дигар шуда буд. Хушбахтона, дар ҳамон иҷлосияи таърихӣ Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон интихоб шуданд.

Шахсе, ки ҳақиқатан ҷуръати худро нишон доданд. Баъзеҳо ба гирифтани вазифа розӣ намешуданд. Пешвои миллат бори гаронро бар дӯши худ гирифтанд Ватани мо аз нестӣ ба гулгулшукуфиву пешравиҳо ноил гардид. Аз беватанӣ соҳиби Ватани ободу пешрафта шудем. Мо дар замони сулҳу субот, дар осоиштагию созандагиву ободкорӣ зиндагӣ карда истодаем ва фикр мекунем, ки ҳамин иҷлосияи тақдирсоз буду давлати мо аз ҳамин нобасомониҳо эмин ёфт. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷасорату кордониашон дар майдони сиёсат шинохта шуданд. Дар байни мардум кор карда тавонистанд, душвориҳоро ба дӯши худ гирифтанд. Намедонистанд, ки дар охир моро чӣ интизор аст. Баъзе душманони миллат гуфтанд, ки ин ҳукмронӣ як моҳ давом мекунад. Замона, ки нотинҷ буд, ҷуръати Пешвои миллат қаҳрамонӣ буд. Мо соҳиби сулҳем. Иҷлосия ба мо Пешвои миллатро дод. Заминаи сулҳ ва нуқтагузорӣ ба ҷанг аз ҳамин Иҷлосияи тақдирсоз мебошад. Бисёр хурсанд ҳастем, ки мардуми вилояти Суғд моро бо як муҳити идона, бо ифтихору рӯҳияи болида истиқбол гирифтанд. Бо ҷавонон суҳбатҳо кардем, бо ҳунари онҳо шинос шудем. Онҳо дар оянда масъул ва соҳиби Ватан ҳастанд. Ман дар бистсолагии иҷлосия ҳам иштирок доштам, ки он вақт раиси Кумита оид ба илму маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонони Парлумон будам.

Фикр мекунам, ки чӣ қадар солҳо гузаранд, моҳияти иҷлосия боз ба хубӣ дарк мешавад. Чунки дар ҳамин замони ҳассос, ки дар сайёра ҷангу ҷидолҳо шуда истодаанд, дар дунё нотинҷӣ идома дорад, мо бояд ин осудагию сулҳу суботро қадр кунем. Шукрона кунем, ки дар ҳамин замона умр ба сар мебарем. Мардуми Тоҷикистон бо сарварии Президенти мамлакат содиқона кор карда истодаанд. Касе, ки боақл аст, донишманд аст, вай дар оянда барои миллати худ сипар мешавад.

Гулҷаҳон ТУРСУНЗОДА,

Шаҳбону ОЛИМОВА,

“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh