Боздиди Раиси вилоят аз хонаҳои истиқоматии сокинони деҳоти Овчиқалъача ва Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Имрӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз хонаҳои истиқоматии сокинон, ки бар асари ҳуҷуми таҷовузкоронаи низомиёни Қирғизистон зарар дидааст, боздид намуд.

Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача ва Ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳия бар асари ҳамлаи ноҷавонмардонаи низомиёни кишвари ҳамсоя як қатор хонаҳои истиқоматӣ хароб гардида, теъдоде қисман зарар дидааст.

Раиси вилоят аснои боздид барои ташкили ситоди махсус ва омӯзиши хонаҳои харобшудаву зарардида, ҷалби қувваи иловагӣ барои бартарафсозии оқибатҳои ҳуҷуми мусаллаҳонаи низомиёни кишвари ҳамсоя, сари вақт тоза намудани манзилҳои истиқоматии шаҳрвандон ба масъулин супоришҳо дод.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh