ТАЪМИНОТ БО ОБИ НЎШОКӢ БЕҲТАР МЕШАВАД

 

 

 

Аз қадим аҳли башар нисбат ба об муносибати хосае доштанд, зеро он яке аз манбаъҳои асосии рушди табиат аст. Об ҳамчун як муъҷиза дар таркиби тамоми мавҷудот вуҷуд дошта, барои таъмини талаботи зиндагӣ шароит фароҳам меоварад. Боиси ифтихор аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо оид ба мавзўи об суханронӣ карда, чорумин пешниҳодашон оид ба об “Даҳсолаи байналмилалии амал «Об - барои рушди устувор», 2018‐2028” дар СММ дастгирӣ ёфт.

Таҳлили фаъолияти ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ҷодаи ҳалли масъалаҳои марбут ба об собит месозанд, ки Тоҷикистон ба туфайли ибтикорҳои Сарвари давлат дар пешбурди амалҳои фаъолона оид ба истифодаи самаранок ва идомаи муштараки захираҳои обӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ, воқеан мақоми пешсафиро ишғол менамояд.

Дар раванди татбиқи дастрасии аҳолӣ ба оби нўшокӣ бо маблағҳои буҷетӣ, ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ ва саҳми сокинону соҳибкорон тадбирҳои судманд амалӣ гашта истодааст. Баҳри воқиф гардидан аз фаъолияти кунунии соҳаи обу ташноб, таъминот бо оби нўшокӣ, раванди иҷрои барномаи мазкур бо директори КДФ об ва канализатсияи ноҳияи Зафаробод Абдулло Аблуллоев ҳамсуҳбат шудем. Номбурда оид ба фаъолияти коргоҳ маълумот дода, афзуд, ки хатҳои обтаъминкунӣ соли 1968 мавриди истифода қарор дода шуда, дар натиҷаи истифодаи тўлонӣ басо фарсудаву корношоям гаштааст.

Корхонаи давлатии фаръии обтаъминкунӣ ва канализатсияи ноҳия барои бо оби тозаи нўшокӣ таъмин кардани муштариёни худ аз 10 насоси обкашӣ истифода мебарад ва имрўз наздик 85 фоизи муштариён бо оби нўшокӣ таъмин мебошанд.

‐Тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия тариқи Лоиҳаи барқарор намудани системаҳои оби нўшокии ноҳия, ки аз тарафи Бонки Аврупо моҳи декабри соли 2012 ба маблағи 3 миллиону 450 ҳазор доллари амрикоӣ таҳия ва тасдиқ шудааст, марҳалаи якуми сохтмони он ба маблағи 1 миллиону 650 ҳазор доллари ИМА аз моҳи августи соли 2017 аз шаҳраки Зафаробод оғоз гардид ва корҳо дар ин самт идома дорад.

То имрӯз зиёда аз 48,6 километр қубури нави магистралии хатти оби нўшокӣ, 221 колодетс, 48 задвижка ва 76 мувбат (винтелҳо) гузаронида, барои интиқоли оби нӯшокӣ омода карда шуд. Аз моҳи октябри соли 2019 сохтмони марҳалаи дуюми лоиҳаи мазкур оғоз гардид, ки тибқи нақша дар шаҳраки Зафаробод сохтмони як ҳавзи оби тоза, чоҳи амудии 147 метра дар РЧВ «Бахт», барқарор сохтани ҳудуди иншоот, ташхисгоҳ мебошад. Ҳамчунин, дар шаҳраки Меҳнатободи ноҳия як чоҳи амудии 80 метра, ташхисгоҳ, барқарор сохтани ҳудуди иншоот ба нақша гирифта шудааст, ки дар ин самт корҳо давом дорад, - гуфт А.Абдуллоев.

Гуфтан бамаврид аст, ки дар деҳаҳои Бахт, Логин ва маҳаллаҳои навбунёди шаҳраки Зафаробод тибқи лоиҳа, васли ҳисобкунакҳои обӣ оғоз гардидааст.

Инчунин, оид ба корҳои барқарорсозии лоиҳа қайд кардан зарур аст, ки рафти барқарорсозии хатти оби нӯшокӣ дар ҳолати нигаронкунанда қарор дорад. Қубурҳои обгузари нав пайвастгардида дар ҳолати ғайритехникӣ дар кӯчаҳо хобидааст. Корҳо дар ин самт хеле суст ба роҳ монда шудааст. Аз тарафи роҳбарияти корхона чанд маротиба тариқи шифоҳӣ ба роҳбарияти ҶДММ “Ифтихор ва ширкат” муроҷиат карда шуд, аммо натиҷа надодааст.

Корхонаи давлатии фаръии обтаъминкунӣ ва канализатсияи ноҳияи Зафаробод ҷиҳати баланд бардоштани дастрасии аҳолӣ бо оби ошомиданӣ, хусусан дар деҳоти дурдаст аз ҳисоби худ ба миқдори 1000 метр қубури полиэтиленӣ ҷудо кард, ки аз он зиёда 85 оилаи хонаҳои навбунёди маҳаллаи Шарораи Ҷамоати шаҳраки Зафаробод бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин гардиданд.

Барои бо оби хушсифати ошомиданӣ таъмин намудани аҳолии маҳаллаҳои навбунёди “Шарора”, “Роғун” ва дигар маҳалҳо нимаи дуюми моҳи июни соли ҷорӣ, тибқи шартномаи тарафайн бо идораи давлатии хоҷагии оби ноҳия, як чоҳи амудӣ бо чуқурии зиёда аз 120 метр ва ҳаҷми оби 32 мЗ ба истифода дода шуд, ки шумораи муштариён ба 500 хоҷагӣ зиёд карда шуд. Бобати вазъи таъминоти оби нўшокӣ ва муаммоҳои соҳа бо чанде аз сокинон ҳамсуҳбат гардидем. Мардум аз ҷараёни корҳои азнавсозиву сохтмонҳои насосҳои обкашӣ хушнудии худро изҳор дошта, дар ҳаққи роҳбарияти вилояту масъулини соҳа дуои нек менамуданд.

‐Солҳои зиёд аст, ки дар биноҳои маҳаллаи мо - бинобар фарсудашавии қубурҳо об намеомад. Хурду бузурги маҳалла обро дастӣ мекашониданд. Имрўзҳо марҳала ба марҳала ин орзуи деринаи сокинон амалӣ шуда истодааст, - иброз дошт яке аз сокинони куҳансоли маҳалла.

Ҷоиз ба зикр аст, ки аҳли кормандони корхона бо рўҳбаландиву табъи болида баҳри таъминоти аҳолии ноҳия бо оби тозаи нўшокӣ саҳми сазовор гузошта, ҷашни 35 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои арзандаи меҳнатӣ пешвоз гирифтанианд.

Нодир ТУРСУНЗОДА,

«Ҳақиқати Суғд»

 

 

 

Add comment


Security code
Refresh