НАҚЛИЁТҲОИ САЙЁР БА ХИЗМАТ ТАЙЁР

Доир ба ҷамъбасти фаъолияти ташкилоту муассисаҳои тиббӣ дар шашмоҳаи аввали соли 2022 сардори Раёсати тандурустии вилоят Ҳабибулло Хайруллозода бо рӯзноманигорон нишасти хабарӣ доир намуд.

Қайд гардид, ки дар ҳудуди вилоят 934 муассисаи тандурустии давлатӣ, аз ҷумла 135 муассисаи госпиталӣ, 799 муассисаи шабакаи КАТС ва дигар муассисаҳо, 238 муассисаи хусусӣ, аз ҷумла 121 ҶДММ бо 54 намояндагӣ ва 117 соҳибкори инфиродӣ фаъолият мебаранд.

- Боиси хушнудист, ки бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Беморхонаи клиникавии вилояти Суғд ба номи С. Қутфиддинов барои таъмири куллии намуди зоҳирии беморхона 1500000 сомонӣ маблағ ҷудо гардида, айни ҳол таъмири муассиса идома дорад. Дар муассисаи мазкур шуъбаи нави ташхисӣ таъсис гардида, бо якчанд таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз гардонида шудааст.

Дар доираи лоиҳаи «Корвони саломатӣ» бошад, дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ду нақлиёти сайёри тиббӣ дастрас гардида, айни ҳол дар хизмати мардум қарор дорад.

Нақлиётҳои сайёри тиббӣ, ки дорои таҷҳизоти рентгенӣ, ташхисӣ, стоматологӣ, кардиологӣ ва дигар лавозимоти зарурии тиббӣ мебошанд, барои беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, махсусан ба сокиноне, ки дар минтақаҳои дурдаст зиндагӣ мекунанд, нақши муҳим мебозад, иброз дошт сардори Раёсат. Шоистаи тазаккур аст, ки дар давраи ҳисоботӣ бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи бинои нави таваллудхонаи шаҳри Панҷакент ва муассисаи хусусии маркази стоматологӣ дар ноҳияи Ашт, бинои нави Беморхонаи ноҳиявии № 5‐уми Ҷамоати деҳоти Понғоз мавриди истифода қарор гирифт. Ҳамчунин, дар шаҳрҳои Истаравшан ва Панҷакент 2 маркази саломатӣ, 26 бунгоҳи саломатӣ дар шаҳру ноҳияҳои Истаравшан, Панҷакент, Исфара, Айнӣ, Спитамен ва Ҷаббор Расулов дар ҷойи номутобиқ ҷойгиранд.

Бо мақсади пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии сироятёбии аҳолӣ ба бемории сироятии коронавирус нуқтаҳои санитарию карантинӣ дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ фаъолият дошта, ҳамзамон аз ҷониби табибон ва ҳамшираҳои тибби оилавӣ гардишҳои ҳавлигӣ идома дошта, марказҳои ташаккули тарзи ҳаёти солим дар корхона, ҷойҳои ҷамъиятӣ, бозору хиёбон, хона – интернат ва хонаҳои пиронсолон дар шаҳру ноҳияҳо оид ба сирояти коронавирусӣ ва дигар бемориҳои сироятӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ, чорабиниҳои маърифатию иттилоотӣ оид ба риояи гигиенаи шахсӣ ва моҳияти ваксинатсияи зиддиковидӣ гузаронида истодаанд. Ин аст, ки аз санаи 9‐уми апрели соли 2021 то инҷониб 5 намуд ваксинаи зидди бемории коронавирус ворид гардида, ба санаи 20‐уми апрели соли 2022 иҷрои нақшаи эмгузаронии аҳолӣ бо вояи 1‐ум 97,7 фисад, вояи дуюм 96,1 фисад ва вояи сеюм ба 80,4 фисад баробар аст.

Нишасти матбуотӣ бо суолу ҷавоби рӯзноманигорон ва масъулини соҳаи нигаҳдории тандурустӣ ва Сарраёсати хадамоти назорати тиб анҷом пазируфт.

Шоира КАРИМЗОДА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh