БАРХУРДОРӢ АЗ ИМКОНИЯТҲО

Дар асоси қарорҳои Раиси вилоят барои моҳҳои январ – июни соли 2022 ба иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳар моҳ ба андозаи 200 сомонӣ, маъюбони амалиётҳои ҷангӣ дар қаламрави давлатҳои дигар, маъюбони барқароркунии сохти конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои оилаҳои ҷанговарони дар ин ҷангҳо ҳалолгардида, маъюбони Артиши миллӣ ҳар моҳ ба андозаи 100 сомонӣ, ба шахсоне, ки дар давраи Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941‐1945 дар ақибгоҳ меҳнат намуда, дар таъмини Ғалаба саҳми арзанда гузоштаанд, ҳар моҳ ба андозаи 100 сомонӣ, ба маъюбони бартарафкунии садамаи Неругоҳи барқӣ – атомии Чернобил ҷамъ ба маблағи 665 ҳазору 300 сомонӣ кӯмакпулӣ пардохт карда шуд.

Ин нукта ва дигар масъалаҳои марбут ба соҳа дар нишасти хабарӣ бо намояндагони васоити ахбори омма ва масъулини шуъбаи ҳифзи иҷтимоии аҳолии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар нимсолаи аввали соли 2022 гуфта шуд.

Қайд гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ ба 109 нафар гирандагони нафақа барои хизматҳои махсус дар назди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 139520 сомонӣ ҷубронпулӣ ворид ва пардохт гардид. Ҳамчунин, ба 96 нафар кӯдаки то синни 16 сола, ки мубталои вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният мебошанд, ба маблағи 258048 сомонӣ кӯмакпулии давлатӣ пардохт гардид. Зикр бояд дошт, ки дар ин давра ба 119 нафар маъюби эҳтиёҷманд аробачаи маъюбӣ дастрас шуд, ки аз ҷумла 96 нафар бо асо, 47 нафар бо асобағал, 5 нафар бо роҳравак, 10 нафар бо асои оринҷӣ, 300 нафар бо пойафзоли махсус ва ортопедӣ, 76 нафар бо протез таъмин гардиданд.

Ҳамчунин протези пой ва дасти 74 нафар таъмир карда шуда, дар маҷмуъ ба 768 маъюб хизмат расонида шуд. Ба ҳолати 1‐уми июли соли 2022 дар вилоят 67947 оила ва шаҳрвандон ҳамчун оилаи камбизоат ба қайд гирифта шуданд. Дар Муассисаи давлатии «Хона‐интернати пиронсолон ва маъюбон дар шаҳри Панҷакент» 78 нафар, дар Муассисаи давлатии «Хонаинтернати беморони руҳӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов» 315 бошанда дар таъминоти давлатӣ қарор доранд. Дар вилоят 3 Маркази минтақавии хизматрасонии иҷтимоӣ ба пиронсолон ва маъюбон дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Истаравшан ва Деваштич, 4 маркази хизматрасонии иҷтимоии назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо (Конибодом, Истиқлол, Ҷаббор Расулов ва Шаҳристон), ҳамчунин 9 шуъбаи хизматрасонии иҷтимоӣ дар хона фаъолият доранд.

Қобили тазаккур аст, ки имрӯз 221 корманди иҷтимоии ин муассисаҳо ба 1784 нафар шахси яккаву танҳо, пиронсолон ва маъюбон хизмат мерасонанд, то ин нафарон аз имкониятҳои даврони соҳибистиқлолӣ бархурдор бошанд. Саволу ҷавоби байни масъулини соҳа ва рӯзноманигорон доир ба масъалаҳои ҳалталаб сурат гирифт.

Шоира САЛИМОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh