ҶАҲДИ УСТУВОРОНА БАҲРИ ПЕШРАФТИ ФАЪОЛИЯТ

Агар ба саҳифаҳои таърих назар андозем, таъсиси хадамоти оташнишонӣ аввалин маротиба 17‐уми январи соли 1901 аз тарафи «Политсейский пристав»‐и уезди Хуҷанд ва Ӯротеппа сарчашма мегирад. Баъди табаддулоти октябрӣ соли 1924 аввалин дастаи ихтиёрии оташнишонӣ дар назди шуъбаи хоҷагии коммуналии шаҳри Хуҷанд иборат аз 10 нафар таъсис ёфтааст. Сардори аввалини дастаи оташнишонӣ Мирзобаширов ном шахс буд.

Дастаи мазкур дар кўчаи Янгибозор, дар саройе ҷойгир шуда буд. Олоти асосии оташнишонон аз сатилҳо иборат буд. Ба ҷойи ҳодиса пиёда мерафтанд ва барои хомўш кардани оташ аз наҳрҳои назди сўхтор истифода мекарданд. Бонги хатар оиди сўхтор ба воситаи пораҳои оҳан буд, ки махсус барои огоҳӣ ба он зада мешуд. Соли 1926 дастаи ихтиёрӣ бо насосҳои махсуси дастии оташнишонӣ таҷҳизонида шуд, ки барои кашиданаш аз аспҳо истифода мекарданд. Вазифаи оташнишонон натанҳо хомўш намудани сўхторҳо, балки барои аҳолӣ кашонидани оби нўшокӣ низ буд. Санаи 30‐юми июли соли 1928 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилӣ ташкил шуд.

Соли 1929 дар вилояти Суғд (собиқ Ленинобод) қисми оташнишонии шаҳрӣ дар ҳайати 25 нафар ташкил гардид, ки дар кўчаи Маданияти шаҳр ҷойгир шуда буд ва қисми мазкур бо нақлиёти сўхторхомўшкунии тамғаи АМО‐Ф‐15 таҷҳизонида шуд. Соли 1932 дар шаҳри Хуҷанд бинои нави дуошёна барои қисми оташнишонии шаҳрӣ, ки дар кўчаи Красной, 184 воқеъ буд, сохта шуд. Ҳамчунин, барои баланд бардоштани ҳолати омодабошии қисм шумораи ҳайати шахсӣ ба 28 нафар расид ва дорои нақлиёти оташнишонии тамғаи АМО‐4 гардид. Соли 1934 қисми оташнишонии шаҳрӣ ба ихтиёри мақомотҳои давлатӣ гузашт. Аз соли 1939 то соли 1941 шумораи ҳайати шахсии хадамот ба 82 нафар расид. Барои пурзўр намудани ҳолати омодабошии ҳайати шахсӣ ва нақлиётҳои оташнишонӣ таҷҳизоти махсус дастрас гардида буданд.

Дар саҳифаҳои таърих дар бораи шуҷоату қаҳрамониҳои сўхторхомўшкунандагон дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ сатрҳои зиёдеро дучор шудан мумкин аст. Нозири назорати давлатии зиддисўхтории хадамоти оташнишонии шаҳри Хуҷанд Ховаҷӣ Магамед Мирзоев аз рўзҳои аввали ҷанг ихтиёрӣ ба фронт рафт ва баҳри ҳимояи Ватан ҷони худро нисор намуд. Ин диловарию қаҳрамонии ў пас аз маргаш бо унвони баланди Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ қадрдонӣ карда шуд. Аз санаи 1‐уми январи соли 1946 хизмати ҳайати шахсии хадамот аз нав ба низом дароварда шуд. Шумораи таҷҳизоти техникии қисм аз ҳисоби дастрас намудани таҷҳизоти иловагӣ зиёд гардид. Бо мақсади баланд бардоштани сифати таълим ва ғанӣ гардонидани таҷрибаи касбии кормандон соли 1956 манораи таълимӣ сохта шуд.

Дар солҳои 60уми асри гузашта хадамоти оташнишонӣ соҳиби нақлиётҳои нави оташнишонӣ гардид ва вобаста бо болоравӣ ва тараққиёти соҳаи саноатии шаҳр шумораи ҳайати шахсӣ ба 67 нафар расид. Давоми солҳи 1954 дар вилоят корҳои азнавбарқароркунӣ ва созандагӣ авҷ гирифтанд. Иншооти нави саноатӣ, корхонаву муассисаҳои нави гуногун ташкил шуданд. Дар ин қатор хадамоти оташнишонӣ низ бо таҷҳизоти нави замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида шуда, шумораи ҳайати шахсии он ба 110 нафар расид. Базаи моддӣ‐техникии он мустаҳкам гардида, нақлиётҳои оташнишонии замонавӣ, зинапояҳои муҳорибавӣ, рўдаҳои махсуси оташнишонӣ, радиоалоқаӣ ва дигар таҷҳизоти ёрирасони техникӣ дастрас шуданд.

Дар ин давраҳо сардори шуъбаи муҳофизат аз сўхтори Раёсати корҳои дохилии Кумитаи иҷроияи вилояти Ленинобод полковники хизмати дохилӣ Усмонов Икром Усмонович буд, ки дар вазифаи мазкур то санаи 20‐уми майи соли 1985 фаъолияти хизматӣ дошт. Дар охирҳои соли 1979 сохтмони бинои нави идораи сўхторхомўшкунӣ дар минтақаи 18‐уми шаҳр ба анҷом расид, ки дар ҳудуди бинои мазкур 4 адад мошинсарой, майдончаи варзишӣ, обанбор, анбори захираи сўзишворӣ ва дигар таҷҳизоти зарурӣ ҷой гирифта буд. Ҳамаи автомашинаҳои оташнишонӣ ва хизматӣ бо радиоалоқаҳо таҷҳизонида шуданд. Нуқтаи маркази алоқаи хадамоти оташнишонӣ мустаҳкам гардида, бо шаҳру ноҳияҳои вилоят алоқаи доимии шабонарўзии худро таъмин карда буд. Дар ин бино имрўз Раёсати хадамоти давлатии оташнишонии вилояти Суғд амал мекунад. Санаи 28‐уми декабри соли 1979 бо қарори Кумитаи иҷроияи вилояти Ленинобод сардори нозироти назорати давлатии зидди сўхтор майори хизмати дохилӣ Икром Ҷўраев таъин гардид ва таҳти роҳбарии ў бинои нави идораи зидди сўхтори шаҳри Хуҷанд қабул ва ба истифода дода шуд.

Бо фармони Вазорати корҳои дохилии Иттиҳоди Шўравӣ аз 24‐уми марти соли 1980, таҳти №02‐33 дар базаи қисми оташнишонии касбии Қисми мустақили 10‐уми ҳарбикунонидашудаи муҳофизат аз сўхтори Шуъбаи муҳофизат аз сўхтори РКД‐и Кумитаи иҷроияи вилояти Ленинобод ба номи Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ Ҳоваҷӣ Магамед Мирзоев барои муҳофизати шаҳри Ленинобод ташкил шуд. Давраи барасмиятдарории қисми мустақили номбурда аз 1‐уми июн то 1‐уми октябри соли 1980 давом кард. Аввалин сардори Қисми мустақили 10‐уми ҳарбикунонидашудаи муҳофизат аз сўхтор барои муҳофизати шаҳри Ленинобод майори хизмати дохилӣ Икром Ҷўраев таъин гардид ва ҳайати шахсии он то 15‐уми феврали соли 1981 пурра карда шуд.

Боиси қайд аст, ки кормандони имрўзаи хадамоти давлатии оташнишонии вилояти Суғд аз собиқадорони худ, аз қабили И.Ҷўраев, И.Усмонов, Н.Юнусов, З.Фозилов, С.Мухаев, Т.Солиев, Ш.Норматов, А.Дмитриев, У.Ахмедов, Салмонов, И.Раҳматуллоев, У.Исроилов, Р.Зоиров, Ҷ.Самадов, Р.Пиров, А.Абдуллоев, Л.Муратов ва дигарон, ки бо меҳнати софдилонаи худ сазовори эҳтироми ҳайати шахсӣ ва тамоми аҳолии вилоят шудаанд, ифтихор доранд. Сарварии Шуъбаи назорати давлатии зидди сўхтори РКД‐и Кумитаи иҷроияи вилояти Ленинободро аз соли 1985 то соли 1988 полковники хизмати дохилӣ Н.Н.Нозимов, аз соли 1988 то соли 1991 полковники хизмати дохилӣ М.А.Николаев ба ўҳда доштанд. Соли 1992 дар базаи Қисми мустақили 10‐уми ҳарбикунонидашудаи муҳофизат аз сўхтор отряди ҳарбикунонидашудаи муҳофизат аз сўхтор ва умури наҷотдиҳӣ аз фалокати Раёсати муҳофизат аз сўхтор ва умури наҷотдиҳӣ аз фалокати Кумитаи иҷроияи вилояти Ленинобод таъсис дода шуд.

Сардори гурўҳи номбурда майори хизмати дохилӣ Илҳом Қурбонов таъин шуд. Соли 1992 дар базаи гурўҳи хадамоти муҳофизат аз сўхтор Раёсати муҳофизат аз сўхтор ва умури наҷотдиҳӣ аз фалокати Кумитаи иҷроияи вилояти Ленинобод таъсис дода шуд ва сардори Раёсат, подполковники хизмати дохилӣ Бобоназаров Эрназар Бобоназарович таъин шуд. Давоми солҳои фаъолияти худ кормандони Раёсати хадамоти давлатии оташнишонии вилояти Суғд баҳри пешгирӣ намудани сўхтор ва бартарафкунии офатҳои табиӣ мардонагию шуҷоат нишон дода, молу мулки халқ ва ҳаёти шаҳрвандонро наҷот дода истодаанд. Солҳои охир базаи моддию техникии Хадамоти давлатии оташнишонии вилоят мустаҳкам гардида, бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд зиёда аз 35 адад нақлиёти оташнишонӣ аз давлатҳои Федератсияи Россия, Чин ва Олмон харидорӣ шудааст.

Дар мустаҳкам намудани базаи моддӣтехникии ХДО‐и вилоят ва ҳалли муаммоҳои гуногун кўмаки беғаразонаи раисони вақти вилоят ва ҳамчунин Раиси вилояти Суғд, муовини аввали Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода бениҳоят бузург мебошад. Таъминоти кормандони оташнишонӣ бо либосҳои низомӣ ва лавозимоти зарурӣ, ба монанди таҷҳизоте, ки дар сўхторҳо, ҳолатҳои фавқулодда истифода мебаранд, мувофиқи меъёрҳои амалкунанда ба роҳ монда шудааст.

Дар рӯзҳои омодагӣ ва баргузории ҷашни 28‐солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2019 зимни сафари корӣ ба ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қатори якчанд иншооти таъиноти гуногун, ҳамчунин бинои маъмурии Қисми мустақили хадамоти оташнишонӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Боиси хушнудист, ки маҳз бо дастгирии Раиси вилояти Суғд ва роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ва Сарраёсат дар арафаи Рўзи таъсисёбии хадамоти давлатии оташнишонии ҷумҳурӣ 6 адад дидбонгоҳи алоҳидаи хадамоти давлатии оташнишонии вилоят оид ба муҳофизати ноҳияҳои Деваштич, Шаҳристон, Айнӣ, Ашт, Мастчоҳ ва Ҷамоати деҳоти Ворухи шаҳри Исфара бо иловаи 82 адад воҳиди корӣ ба қисмҳои мустақил табдил дода шуд, ки ин ба пешрафти фаъолият ва обрўю нуфузи хадамот бетаъсир намемонад.

Инчунин, тибқи нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии Барномаи таъмини бехатарӣ аз сӯхтор барои солҳои 20212025, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст, ташкили дидбонгоҳҳои алоҳидаи Хадамоти давлатии оташнишонии вилоят оид ба муҳофизати ҷамоатҳои деҳоти ноҳияҳои Деваштич, Айнӣ, Ашт ва шаҳри Исфара ба нақша гирифта шудааст. Айни ҳол дар Қисми мустақили 36‐уми ҲХДО‐и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва Қисми мустақили 63‐юми ҲХДО‐и ноҳияи Мастчоҳ биноҳои маъмурӣ сохта шуда, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудаанд.

Давоми солҳои охир маҳз бо кӯшишу талошҳои пайвастаи муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генералмайори хизмати дохилӣ Н.Иброҳимзода ва дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар ҳудуди вилоят 4 адад дидбонгоҳи алоҳида оид ба муҳофизати Ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, оид ба муҳофизати Муассисаи давлатии “Қасри Арбоб”‐и ноҳияи Б.Ғафуров, оид ба муҳофизати Муассисаи давлатии “Кӯдакистони Президентӣ”‐и шаҳри Хуҷанд ва оид ба муҳофизати “Нақби Шаҳристон” ташкил шуд, ки таъсиси онҳо ба пешрафти фаъолияти Хадамоти оташнишонии вилоят таъсири мусбӣ ва назарраси худро расонид. Айни ҳол дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд 22 адад қисми мустақил ва 4 адад дидбонгоҳи алоҳидаи ҳарбикунонидашудаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ амал мекунад. Сол то сол шумораи шунавандагони шуъбаи ғоибонаи Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби кормандони ҷавони болаёқати хадамоти оташнишонии вилоят меафзояд.

Раёсати хадамоти давлатии оташнишонии вилояти Суғд вазифа ва ўҳдадориҳои худро баҳри танзими меъёрҳои ҳуқуқӣ, андешидани чораҳои давлатӣ дар соҳаи бехатарӣ аз сўхтор, таҳия, амалӣ гардонидани чораҳои бехатарӣ аз сўхтор, амалӣ намудани ҳуқуқу уҳдадориҳо ва масъулиятро дар соҳаи бехатарӣ аз сўхтор, гузаронидани тарғиботи бехатарӣ аз сўхтор ва ба аҳолӣ омўзонидани қоидаҳои бехатарӣ аз сўхтор, мусоидат намудан ба фаъолияти дастаҳои ихтиёрии оташнишонӣ, ҷалб кардани аҳолӣ барои таъмини бехатарӣ аз сўхтор, таъмини иттилоотӣ дар соҳаи бехатарӣ аз сўхтор, ба амал баровардани назорати давлатии бехатарӣ аз сўхтор ва дигар вазифаҳои назоратӣ оид ба таъмини бехатарӣ аз сўхтор, истеҳсоли маҳсулоти техникаи оташнишонӣ, иҷрои кору хизматрасонӣ, хомўш намудани сўхтор ва зимни он расонидани ёрии амалӣ ба корҳои садамавӣ‐наҷотдиҳӣ аз фалокат, баҳисобгирии сўхтор ва оқибатҳои он, муқаррар намудани низоми махсуси бехатарӣ аз сўхтор дар иншоотҳои хоҷагии халқ ва маҳалҳои аҳолинишин ба роҳ мондааст.

Хусусан, дар солҳои охир дар баробари ҳидоят ба амалҳои неку созанда, бо мақсади пешгирӣ намудани ҳодисаҳои нохуши сўхтор, таъмин ва риояи қоидаҳои он дар иншооти ҳаётан муҳими давлатӣ, ҷамъиятӣ ва хусусӣ, новобаста аз шакли моликияташон нақша‐чорабиниҳо тартиб дода, дар иншоотҳо ва муассисаҳои тобеи Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, вазоратҳои адлия, корҳои дохилӣ, тандурустӣ, маориф, нақлиёт ва коммуникатсия, энергетика ва саноат, мелиоратсия ва хоҷагии об, ҷойҳои зиёди ҷамъшавии одамон санҷишҳои бехатарӣ аз сўхтор мунтазам гузаронида мешаванд ва дар ин самт корҳои зиёди профилактикӣ ва тарғиботӣ ба роҳ монда шудааст. Дар Раёсат барои таҳсил намудан ва баланд бардоштани донишу маҳорати касбии кормандон, махсусан кормандони ҷавон шароитҳои мусоид фароҳам оварда шудааст. Сол то сол шумораи шунавандагони шуъбаи ғоибонаи Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби кормандони ҷавони болаёқати хадамоти оташнишонии вилоят меафзояд.

Дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе факултаи 5 уми амал мекунад, ки махсус мутахассисони соҳаи бехатарӣ аз сўхторро тайёр менамояд, ки имрўзҳо аз ҳисоби фиристодагони вилояти Суғд 40 нафар дар ин факулта таҳсили худро идома дода истодаанд. Ҳамзамон дар Муассисаи давлатии Коллеҷи техникӣ‐оташнишонии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби фиристодагони РХДО‐и вилоят зиёда аз 15 нафар таҳсил доранд. Ҳамчунин, дар Раёсати мазкур омодагии касбии кормандони ҷавон дар сатҳи баланд қарор дорад. Дар Раёсат нуқтаи таълимӣ амал мекунад. Ба ҳар як корманди ҷавон аз ҳисоби кормандони соҳибтаҷрибаю соҳибкасб вобаста шудаанд. Аз ин рў, роҳбарияти Раёсат барои пешрафт ва рушду нумўи варзиш, хусусан варзиши касбӣ‐оташнишонӣ диққати махсус зоҳир менамоянд.

Дастаи варзишии вилоят солҳои дароз чемпиони чандинкаратаи ҷумҳурӣ оид ба варзиши касбӣ‐оташнишонӣ буда, дар миқёси ҷумҳурӣ ҷойҳои намоёнро ба даст овардаанд. Дар раёсат Шўрои собиқадорон таҳти сарварии подполковники мустаъфӣ С.И.Исмоилов амал мекунад, ки самти асосии фаъолияти он ба тарбияи насли ҷавон, ба роҳ мондани таҷрибаҳои кории пешқадам равона карда шудааст. Натиҷаи ғамхории ҳаматарафаи роҳбарияти имрўзаи Раёсат аст, ки собиқадорони хадамоти оташнишонӣ имрўз низ бо кормандони хадамоти оташнишонӣ ҳамкорӣ менамоянд.

Имрўзҳо кормандони Хадамоти давлатии оташнишонии вилояти Суғд таҷрибаю кордонии ҳамкасбони гузаштаи хешро сармашқи фаъолияти ҳаррўзаи худ намуда, баҳри ҳифзи бехатарӣ аз сўхтор, наҷоти сарвату ҷони шаҳрвандон, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирӣ ва мубориза бар зидди терроризму экстремизм ва дигар зуҳуроти номатлуб кўшиш намуда, дастуру супоришҳои Пешвои миллат, роҳбарияти ВКД ва СХДО ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистонро содиқона иҷро мекунанд.

Умарxон БОБОҶОНЗОДА,

сардори Шуъбачаи кор бо ҳайати шахсии РХДО‐и вилояти Суғд,

подполковники хизмати дохилӣ

Add comment


Security code
Refresh