ОМИЛҲОИ ХУРӮҶИ БЕМОРИҲОИ СИРОЯТӢ

Бемориҳои сироятӣ, ба монанди бемории сироятии рӯдаю меъда вобаста ба мавсим хурӯҷ мекунанд. Бобати омилҳои паҳн шудани чунин беморӣ дар мавсими гармо бо сардухтури Беморхонаи касалиҳои сироятии шаҳри Хуҷанд номзади илмҳои тиб оид ба корҳои табобатӣ, Рустам Бӯрибоев ҳамсуҳбат шудем.

Бино ба гуфти Рустам Бӯрибоев, баробари оғоз гардидани фасли гармо беморон бо шикояти ҳарорати баланди бадан, қайкунӣ муроҷиат менамоянд ва вобаста ба ҳолати бемор бистарӣ мешаванд. Бештар кўдакони то синни панҷсола гирифтори ин намуди беморӣ мешаванд. Сабаби асосии ба ин беморӣ гирифтор шудани кӯдакон риоя накардани гигиенаи шахсӣ, ба истилоҳи дигар «бемории дастони ифлос» аст.

Дар ҳолати дастро ношуста хӯрок истеъмол кардан вирус ба организм паҳн гардида, ба бемории сироятии рӯдаю меъда оварда мерасонад. Дар ҳолати пайдо гардидани нишонаҳои беморӣ, ба монанди набудани иштиҳо, дилбеҳузурӣ, дарунравӣ, қайкунӣ, ҳарорати баланди бадан ҳатман бояд ба муассисаи тиббии оилавӣ муроҷиат кард.

Дар ҳолати муайян гардидани чунин оризаҳо аз маҳлули регидрон истифода бурдан лозим аст. Агар хокаи регидрон дар хона набошад, онро метавонанд дар шароити хона тайёр намоянд. Таркиби он бояд фарогири як литр оби ҷӯшонидашуда чор қошуқ намаки ошӣ, як қошуқ шакар ва ним қошуқ сода бошад, ки ёрии аввалиндараҷа барои пешгирӣ аз камшавии оби бадани кўдак аст. Дар ҳолати ба худмуолиҷакунӣ машғул гардидан дар кӯдакон оризаҳои варами камсафедагӣ, фалаҷи рӯда, вайроншавӣ ва лахташавии хун рух медиҳад, ки ин нишонаҳои хоси бемории шадиди рӯдаю меъда аст. Ҳангоми пайдоиши ин оризаҳо табобати ин гуна беморон мушкил мегардад.

Ҳамзамон, дар беморхона захираи маҳлули регидрататсионӣ‐инфузионӣ, антибиотик, хокаи ОРС ва ҳабҳо барои пешгирии бемории сироятии рӯдаю меъда истифода мешавад. Барои беморон дар шуъбаи қабул ҳуҷраи нуқтаи обдиҳии даҳонӣ шабонарӯз фаъол аст. Ҳангоми бемории дарунравии миёнаҳол табибон дар давоми шаш соат дар ин нуқта назорат бурда, дар ҳолати беҳтар гардидан беморро ба хона ҷавоб медиҳанд. Хушбахтона, солҳои охир масъулияти сокинон нисбат ба пешгирии бемории сироятӣ бештар гардида истодааст. Инчунин, кӯдакони хурдсоли то синни шашмоҳа ҳатман бо шири модар бояд таъмин бошанд, ки он барои бехатарӣ ва пешгирӣ аз ҳар гуна беморӣ аст.

- Ба бемории сироятӣ бисёртар кӯдаконе, ки ба боғча мераванд, гирифтор мешаванд. Сабаби асосии паҳншавии ин беморӣ он аст, ки кӯдаке аз бемории сироятӣ заҳролуд гардида бошад, дар як ё ду рӯзи аввали беморӣ барангезандаи сироят фаъол гардида, ҳангоми бо кӯдаки солим дар тамос будан, фоизи сироятёбии кӯдакони солим дар рӯзҳои аввали беморӣ нисбатан баланд мегардад. Бисёрии кӯдакон ба ин беморӣ аз кӯдакистон, мактаб ва ҷойҳои ҷамъиятӣ аз ҳамдигар сироят ёфта, он ба паҳншавӣ оварда мерасонад. Ҳамчунин, бемории сироятие, ки бо роҳи ҳавои қатрагӣ, ба монанди зуком, сурхакон, сурхча, баногӯшак, обакон аз шахси бемор ба инсони солим сироят ёфта, боиси азият мегардад. Гурӯҳи бемориҳое, ки бо воситаи параинтериалӣ интиқол меёбад, бемории зардпарвини гурӯҳи Б, С, ки бо воситаи хун мегузарад мебошад. Гурӯҳи дигари беморӣ бо роҳи транспесивӣ интиқол ёфта, бемории вараҷа номида мешавад. Хушбахтона, дар панҷ соли охир ин беморӣ дар ҷумҳурӣ ба қайд гирифта нашудааст ва имрӯз бобати пешгирии он ҳаматарафа аз ҷониби мутахассисон корбарӣ шуда истодааст.

Бобати пешгирӣ аз чунин бемориҳо мутахассисон тавсия медиҳанд, ки ҳангоми истеъмоли ғизо бояд ба таркиб ва санаи барориш аҳамияти ҷиддӣ дода шавад, то ки худ ва наздиконро аз бемориҳои сироятӣ эмин доранд. Дар фасли тобистон ҳангоми риоя накардани қоидаҳои оддитарини санитарию гигиенӣ аз тарафи кӯдакон, инчунин суст будани назорат аз тарафи волидайн ҷиҳати риояи гигиенаи шахсӣ бемориҳо паҳн мегарданд.

Шаҳноза ҲОМИДОВА,

«Ҳақиқати Суғд»,

Таманно ШОРАҲИМОВА,

донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд

ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Add comment


Security code
Refresh