ШАҲКИТОБИ ВАҚТРО АСРОРИ ҲАР БОБЕМ МО...

Дар ҳар давру замон хоҳ дар сиёсати давлатдорӣ, хоҳ дар сангарҳои сарнавиштсози гуногун дар ҷомеа баробари мардон занҳое фаъолият менамоянд, ки бо меҳнати пурсамари худ байни мардум шӯҳратёр гардидаанд. Солҳои 70-80-уми асри гузашта дар арсаи меҳнату сиёсат зани поксиришт, инсони қавииродаву фурӯтан, бонуи фарҳехта, роҳбари чашмикордон, зане бо як устуворӣ зинаҳои гуногуни ҷомеаро бо қувваи бузурги гурдофаридонаи худ тай намудаву фаъолият карда, бо кордонию мушкилнописандиаш дар ҷомеа мавқеаи худро пайдо кардааст. Бале, суханаш созанда, ҳадафаш нишонрас буда, бо ҳамин хислатҳои наҷиб, новобаста аз ҷавониаш байни мардум ҳамчун роҳбари чашмикордон пазируфта шуд. Ба мардум дар зиндагӣ умед мебахшиду дар пешрафти иқтисодию маънавиаш дастгиру мададгор буд.

Махсуда Азизова аз кӯдакӣ орзу мекард, ки табиб шаваду барои ҳифзи саломатии мардум саҳм гузорад, аммо бо тавсияи падари ободкораш сохтмончӣ шуд. Бале, падараш корманди заводи намаки ноҳия буд. Баъд аз нафақа чандин сол дар мақомоти иҷроияи ноҳияи Ашт ба сифати боғбон кор мекарду аз вазъи ноҳия огоҳ буд. Истеъдоди фарзанд аз назари қиблагоҳ пинҳон намонд. Ӯ мехост, ки дар “Барномаи сохтмони шаҳраки Ашти калон” фарзандаш ҳиссагузор бошаду дар ободу зебо намудани манзили аҷдодиаш саҳми сазовор гузорад.

Он солҳо, яъне соли 1964 як гурӯҳ намояндагони лоиҳакаш аз шаҳри Маскав ба ноҳияи Ашт омада, лоиҳаи бунёди Ашти калонро кашиданд. Падари муаллима воқиф гардид, ки тибқи ин лоиҳа, аз дарёи Сир то Ҷамоати деҳоти Понғоз об бароварда мешаваду ду тарафи дашту биёбон то дашти Сомғор ободу зебо гардида, дар ҳамин мавзеъ 18 адад совхоз ташкил мешаванд. Падар мехост, ки фарзандаш низ дар ин сохтмони зарбдор ширкат намуда, барои ободу зебо сохтани ин мавзеи ноободи диёр ҳиссаи сазовор гузорад. Ин тасмими падарро Махсуда бо хушнудӣ пазироӣ намуда, бо дуои қиблагоҳ соли 1969 ба Донишкадаи политехникии Тоҷикистон, ба факултаи сохтмон, шуъбаи “Сохтмони саноат ва гражданӣ” дохил шуд. Ӯ аввалин духтаре буд, ки аз ноҳияи дурдасти кўҳистон ба шаҳри Душанбе пайи амалӣ намудани орзуҳои хеш парвоз кард. Орзуи падари бузургвор ҷомаи амал пӯшиду фарзанди дилбандаш дар ҳақиқат аввалин фотеҳи заминҳои бекорхобидаи Ашти калон гардида, дар ободу зебо намудани минтақаҳои диёри биҳиштосояш саҳми намоён гузошт. Махсуда Азизова пас аз хатми курси чоруми донишкада ба ноҳияи Ашт барои таҷрибаомӯзӣ омад.

Гуфтан мумкин аст, ки дар курси чорум фаъолияти кории муаллима дар ин соҳа ҷараён гирифт. Зеро аллакай дар ҳамон давра татбиқи Лоиҳаи сохтмони Ашти калон оғоз гардида буд. Махсуда Азизова пас аз хатми донишкада, соли 1974 фаъолияти меҳнатии худро дар ПМК-6– Трести “Тоҷикирсовхозстрой” ба сифати муҳандис оғоз намуд. Ӯ на танҳо дониши васеъ дошт, хеле чаққону сертараддуд низ буд. Ин хислатҳои наҷиби ӯ аз назари роҳбарият пинҳон намонд. Ўро дар як муддати кӯтоҳ муҳандиси калон таъин карданд. Баъдан солҳои 1976-1978 мудири шуъбаи истеҳсолӣ техникии ПМК-6 шуда кор кард. Ӯ аз даврони донишҷӯӣ, аз он рӯзе, ки барои таҷрибаомӯзӣ ба ин корхона қадам ниҳод, пайваста дар ободу зебо ва бунёду навсозии зодгоҳаш заҳмат кашид. Чӣ хеле ки дар боло изҳор намудем, Махсуда Азизова ҳамроҳи ҳамсараш Зоҳирҷон Расулов, ки ў низ сохтмончӣ буд, дар гузоштани пойдеворҳои аввалини бунёди шаҳраки Гулшан ҳисса гузоштаанд. Дар як хотироти худ муаллима изҳор намуд, ки вақте, ки лоиҳаи бунёди Ашти калонро тарҳрезӣ карданд, бунёди марказҳои фарҳангӣ, мактабу беморхона, кӯдакистон дар маркази ноҳия–шаҳраки Шайдон аз назарҳо дур мондаанд.

Маҳз бо дастури раиси вақти ноҳия Иззатулло Ҳалимов муаллима кӯшиш намуд, ки ба лоиҳа бунёди мактабу беморхона, кӯдакистон, маркази фарҳангӣ ва меҳмонхонаро дохил намояд. Вақте, ки пойдевори беморхона гузошта шуд, вазъи кишвар тағйир ёфта, бунёди беморхона ба таъхир афтод. Вақте ки соли 2012 бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беморхона пурра сохта, ба истифода дода шуд ва дар маросими кушодашавии он Сарвари давлат ширкат доштанд, ин кошонаи табобатиро фарзанди муаллима Кабирҷон, ки сартабибии ноҳияро ба зимма дошт, қабул кард. Аз ин рӯ, муаллима аз он изҳори шодмонӣ кард, ки кори оғозкардаи ману падарашро, яъне бинои бунёдёфтаи беморхонаро фарзандаш аз дасти Сарвари давлат қабул намуд. Маҳз, ҳамин кордонӣ ва заҳматҳои ин зани кордонро дар бунёди Ашти калон ба назари эътибор гирифта, соли 1981 ӯро бо ордени “Нишони фахрӣ” сарфароз гардониданд. Бале, агар ба тақвими зиндагиномаи ин бонуи сарвар дида дӯзем, он пур аз дастовардҳост. Бо ӯ суҳбат намудаму аз таҳти дил ба устуворию душворнописандиаш аҳсант гуфтам. Зеро буданд лаҳзаҳое, ки ӯ дар ҳаллаш душворӣ мекашид, аммо ҳамон сангарҳову мушкилиҳоро маҳз бо дониши баланди худ паси сар мекард. Бале, ӯ дили беғубору қалби пок ва ҷасорати мардонаро соҳиб буд.

Дар ҳаёти Махсуда Азизова лаҳзаҳои ҳассосу ҳаяҷоновар хеле зиёд буданд. Муаллима ин воқеаҳоро, ки аз гузашташон солҳои зиёд сипарӣ гардиданд, бо як ҳаяҷон, як самимият ба хотир овард. Зеро ҳамин воқеаву ҳодисаҳои ногаҳонӣ сабаб гардиданду ӯ аз майдони сохтмон ба арсаи сиёсат ворид шуд. Котиби дуюми Комитети марказии Партияи Коммунистии Тоҷикистон Полукаров Юрий Иванович ба ноҳияи Ашт омаду дар кинотеатри “Лола” бо интихобкунандагони худ вохӯрӣ гузаронид. Азбаски муаллима низ аъзои бюрои райком буд, изҳор намуд, ки бояд дар назди ҳозирин ҳамчун намоянда аз номи насли ҷавонон баромад кунад. Махсуда Азизова бо лаҳни зебову бурро ва ҷарангосии худ бо забони русӣ аз номи ҷавонони ноҳия баромад кард. Ҳамин баромадаш тақдири ӯро ба куллӣ тағйир дод ва Махсуда Азизова аз як сохтмончӣ ба як зани сиёсатмадор табдил ёбад. Ӯро котиби якуми Кумитаи комсомоли ноҳия таъин намуданд. Дар ин вазифа хеле сермаҳсул кор кард ва соҳиби байрақи зафар гардид.

Кордонию мушкилнописандии ин зани ҷасуру қавиирода дар пешрафти Кумитаи комсомоли ноҳия масъулинро ба завқ овард. Ўро ба вилоят даъват карда, ба вазифаи котиби Кумитаи комсомоли вилоят таъин намуданд. Баромадҳояш дар минбари баланд, ғамхориҳояш дар ҳаққи ҷавонони вақт имрӯз низ аз ёди ҷавонони давр зудуда нашудааст. Кӯшиш мекард, ки барои пешрафти ҷавонон тамоми имкониятҳо фароҳам оварда шаванд. Шояд ҳамин кунҷкобӣ, мушкилнописандӣ ва раҳнамоиҳояш нисбат ба ҷавонон буд, ки кори комсомол дар вилоят низ бо ҷӯшу хурӯш пеш мерафт. Соли 1983 бо супориши Сарвари ваќти вилоят Рифъат Ҳоҷиев ӯро котиби Кумитаи Ҳизби Коммунисти ноҳияи Ашт ва ноҳияи Хуҷанд (имрўза шаҳраки Бобоҷон Ғафуров) таъин намуданд. Бо сабабҳои оилавӣ ӯро лозим омад, ки ноҳияи Аштро интихоб намояд.

Ў тавонист, дар ноҳия ба бисёр дастовардҳо ноил гардад. Як духтараки оддии тоҷик бо як ҷасорати фавқулоддаи худ дар набарди зиндагӣ фаъолият карду ҳамеша дастболо гардид. Ҷоннисориҳояш дар фаъолияти корӣ аз назари масъулин пинҳон намонду ӯро моҳи сентябри соли 1986 то моҳи июни соли 1988 шунавандаи Академияи илмҳои ҷамъиятии назди Комитети Марказии Партияи Коммунистии Иттиҳоди Шӯравӣ фиристоданд. Махсуда Азизова дар мактаби таҷрибаҳо тўли ду сол дар шаҳри Москва таҳсил кард ва таҷрибаи зиёд андӯхт. Баъдан фаъолияташро ҳамчун корманди масъули Кумитаи Марказии Партияи Коммунистии Тоҷикистон давом дод. Дар ин вазифаи пурмасъул то соли 1993 фаъолият намуд. Масъулиятшиносиву кордонии муаллимаро ба назари эътибор гирифта, солҳои 1993 ӯро раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи Ҳукумати вилояти Суғд таъин намуданд.

 Он солҳо кишвар дар ҳолати хеле вазнин қарор дошт, рӯзҳои аввали соҳибистиқлолиро аз сар мегузаронид. Вақте ки муаллима ҳамчун раиси Кумитаи занҳои вилоят ба кор оғоз кард, танҳо дар чор шаҳру навоҳии вилоят–Истаравшан, Бобоҷон Ғафуров, Зафаробод ва Ашт кумитаи занҳо ташкил шуда буду халос. Ӯ тавонист бо кӯмаки раисони шаҳру ноҳияҳо дар тамоми шаҳру ноҳияҳо кумитаи занҳоро ташкил ва фаъолияти босамари онҳоро ба роҳ монад. Лаҳзаҳои хотирмон дар ҳаёти муаллима хеле зиёд аст. Яке аз хотироти фаромӯшнашаванда, ки муаллима бо ифтихор иброз дошт, ин сафараш ба Ҷумҳурии Халқии Чин буд, ки соли 1996 дар ҳайати гурӯҳи давлатӣ, ки бо роҳбарии Сарвари кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вуқӯъ пайваста буд. Ба ҳайати ин гурӯҳ ҳамзамон дигар занҳо ва варзишгарон низ шомил буданд. Соли 1995 маҳз бо ташаббуси ӯ рӯзноманигорон Саодатхон Каримова ва Иқбол Тешаев (шодравонҳо) рўзномаи “Нилуфар”-ро таъсис доданд. Он чор маротиба танҳо дар рӯзҳои 8-уми март рӯи чоп омада, ба дасти мухлисони худ расид. Махсуда Азизова куҷое равад, ободӣ дар ҳамон самт ба назар мерасид. Ӯ баъдтар ба ҳайси сардори Фонди ҳифзи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намуд. Ҳамзамон, дар ташкилоти байналмилалии “Манзил - барои инсоният” ба ҳайси раиси шӯро кор кардааст. Баъдтар ӯро боз ба кумитаи кор бо занони вилояти Суғд даъват намуданд. Солҳои 2004-2008 дар ин самт кор карда, аз соли 2008 то соли 2015 котиби масъули Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар вилоят интихоб гардид.

Агар ба фаъолияти серҷабҳаи ин бонуи сарвар назар афканем, он басо пурпечутоб ва ҳам серсоҳа аст. Дар кадом корхонае ба сифати сарвар кор карда бошад, он басо пур аз дастовардҳост. Маҳз, меҳнати суботкоронаю сидқидилонааш буд, киду навбат вакили халқии меҳнаткашони ноҳияи Ашт интихоб гардид. Ба давлатҳои хориҷа аз қабили Олмон, Полша, Маҷористон, Руминия, Тунис ҳамчун роҳбари гурӯҳи сайёҳӣ сафар намуда, бо урфу одат ва зисту зиндагии мардуми хориҷи кишвар аз наздик ошно шуд.

Бояд изҳор намуд, ки муаллима Махсуда Азизова дар оиладорӣ намунаи ибрат буда, бо ҳамроҳии ҳамсараш- Зоҳирҷон Расулов бо меҳру муҳаббат кошонаи худро бунёд намуданд. Дар боғи бо меҳр бунёднамудаи онҳо се нафар фарзандони солим ба воя расиданд, ки ҳар яки онҳо имрӯз мисли волидони хеш дар пешбурди корҳои хоҷагии халқи кишвар саҳми муносиби худро мегузоранд.

Фарзанди нахустини муаллима Кабирҷон табиб буда, солҳои сол вазифаи сардухтури беморхонаи ноҳиявиро ба зимма дошт. Хуршеду Зафар бошанд, иқтисодчӣ буда, ҳар яке мисли модари хеш баҳри пешбурди хоҷагии халқи кишвар, ободию осоиштагии диёр заҳмат мекашанд. Бо муаллима ҳамсуҳбат гардида, гуфти бузургонамон ба хотирам омад: ”Инсонҳои хуб мисли марворид ҳастанд, ки доштани онҳо сарват ва дидани онҳо лаззат мебошад”.

Дар ин рӯзи пурсаодат ба муаллимаи азиз сари баланду саломатии бардавом ва давлати бегазандро таманно дорем!

Гулҷаҳон МАҲКАМОВА,

“Ҳақиқати Суғд”

 

Add comment


Security code
Refresh