ТАБИБИ ҲАР ШАХС ХУДИ ӮСТ

Ин навбат меҳмони маҷаллаи «Паёми Суғд» яке аз симоҳои шинохтаи тибби тоҷик, равонпизишк, дилшинос, гиёҳшинос, номзади илмҳои тиб, академик, дорандаи унвонҳои «Беҳтарин табиби россия дар соли 2002», «Беҳтарин табиби ҷаҳон дар соли 2004» доктор Муллозуҳур Тоҳирӣ буд.

Дар вохӯрӣ Саидбурҳон Икромӣ - узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, сармуҳаррири маҷаллаи «Паёми Суғд» Толиб Карими Озарахш ва кормандони маҷаллаи мазкур, инчунин намояндагони васоити ахбори умум иштирок доштанд. Иштирокдорон бо меҳмони маҷалла дар шакли озод суҳбат ва саволу ҷавоб намуданд. Чойҳои шифоӣ ва маҳсулоти дармонии доктор Тоҳирӣ, ки аз гиёҳҳо тайёр гардидааст, мавриди таваҷҷуҳ карор гирифт ва худи Муллозуҳур Тоҳирӣ ҳар як маҳсулотро муаррифӣ намуд. Зимни вохӯрӣ доктор Тоҳирӣ аз вазъи имрӯзаи соҳаи тиб ва мушкилоти ҷойдоштаи он ҳарф зада, чун гиёҳшинос аз гиёҳҳои шифобахши Ватан маълумот дод. Мавсуф пайваста ибораи «табиби ҳар шахс худи ӯст»-ро такрор менамуд. Вақте инсон худаш аз паи худ шаваду аз табиат истифода барад, ҳоҷат ба назди духтур рафтан намемонад. Дар ин вохӯрӣ доктор Тоҳирӣ якчанд тавсияҳоро ба ҳозирин арза намуд. Аз ҷумла қайд намуд, ки барги зардолуро мардуми Чину Ҳиндустон ҳамчун чой истеъмол мекунанд. Бояд инсон худаш худро табобат кунад, аз ҳама зиёд об нӯшад, ҳатто китоби «Об аз тилло қиммат» ба нашр расидааст, ки дар он фоидаҳои об гуфта шудааст. Ҳамчунин меҳмони маҷаллаи «Паёми Суғд» аз таъсири сухан, ки чӣ гуна беморонро шифо медиҳад ва як сухан метавонад, ҳолати рӯҳии шахсро дигаргуна кунад, ҳарф зад.

Муллозуҳур Тоҳирӣ ҳамчун адиб робитаҳои дӯстӣ ва хотироти фаромӯшношуданиаш бо Лоиқ Шералӣ, Қутби Киром ва Ҷӯрабек Муродовро нақл намуда, табъи иштирокдоронро шод намуд. Мавсуф бо дархости аҳли нишаст суруди зарафшониро ба таври зинда сароид, ки писанди ҳозирин гардид.

Бояд қайд намуд, ки Муллозуҳур Тоҳирӣ умри худро сарфи ободӣ ва саломатии мардуми диёр кардааст. Ӯ аз зумраи табибонест, ки таълимоти илмии Ибни Сино, Ал-Форобӣ, Ибни рушд ва Луқмони ҳакимро омӯхта, умри худро сарфи тадқиқоти гиёҳшиносӣ ва дорусозии миллати тоҷик намудааст.

Суман ҲОМИДОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh