ОИЛА АЗ СИДҚ МЕЁБАД ЗИЁ

Бо аҳли оилае ҳамсуҳбат гардидем, ки шунидану мутолиаи ҳаёти онҳо намунаи ибрат ва басо ҷолиб аст. Аз забони солмарди хонадон – Алиҷон Олимов – ҳамоне, ки беш аз панҷоҳ соли умри хешро сарфитаълиму тарбияи фарзандони мардум намуда, алҳол дар ҳалқаи чаҳор фарзанду дувоздаҳ набера ва чаҳордаҳ абера давронипирӣ меронад, шунидани қиссаи хонадоршавии фарзандонашон моро сӯи дарёи андешаҳо бурд.

Дар оилаи Олимовҳо се духтари гулрӯ ва як писари дӯстрӯ зери тарбияи модари хушназар Тоҷинисо Мирмуллоева ва падари ғамхор Алиҷон Олимов ба камол мерасиданд. Волидайн бо гулдухтаронашон – Мадинахон, Мунаввара ва Мунирабону фахр доштанду хоҳони он буданд, ки Фарҳодҷон номбардори авлод хоҳад гашт.

Фарзанд, ки ба камол расид, зери остонаи духтардорро хостгорҳо, ба қавле, «охурча» мекунанд. Барои духтари калонии хонадони Олимовҳо аз ҳамсоямаҳалла Тӯҳфанисо – оча, ки ибрати маҳаллагиён буданд, барои набераашон хостгор шуданд. Бо амри тақдир тӯйи домодию арӯсии Мадинахону Наимҷон барпо шуду навхонадорон риштаи ҳаётии хешро ба ҳам пайвастанд ва қадам ба шоҳроҳи зиндагӣ гузоштанд. Имрӯз ин оилаи хушбахт соҳиби фарзандони дӯстрӯ буда, дар Федератсияи Россия кору фаъолият доранд. Фарзанди калонии оила – Фирдавсҷон хатмкардаи Донишкадаи тиббии шаҳри Барнаул буда, алҳол духтури Майдони Сурхи шаҳри Москва мебошад. Барои хизматҳои шоистааш Сипосномаи мири шаҳр - Собянинро ба даст оварда, фахри хонадон аст.

Ҳамагӣ пас аз ҳашт моҳи баргузории тӯйи духтари калонӣ ба Алиҷон – муаллим лозим омад, ки тақдири ҳаётии духтари дувум - Мунавварабонуро амиқ андешад. Мепурсед, ки хостгорҳо кӣ буданд? Бародаршавҳари духтараш. Як сухани Мадинахон «падар, аз аҳли ин хонадон бадие надидам. Чӣ мешавад, ки хоҳарам ҳамеша дар паҳлуям бошад» сабаб шуд, ки тӯи арӯсию домодии Мунавварахону Аминҷон ботантана баргузор гашту ҷуфти муносиб имрӯз саодати хонаводагӣ доранд. Вақте дар бораи тақдири духтари саввуми оила - Мунирахон пурсон шудам, дар чашмони Алиҷон – амак ашк гирдгардон шуд. Маълум, ки чизе гулӯгираш мекунад. Хостам, суҳбатамонро мавқуф гузорам, аммо ишора намуд, ки баъди андаке давом хоҳем дод. Аз нақли бузургмарди оила фаҳмидам, ки беҳуда ашк нарезондааст. Ин ашки шодии падари хонадон буд.

Боре бобои домодҳо Раҳматҷон Ғаниев, ки дар маҳалла бо ҳунари дуредгарӣ машғул буданду устои чирадасте маҳсуб меёфтанд, дар хонаи Алиҷон – муаллим андармони шуғле буданд. Ҳамон рӯз ба духтари саввуми оила - Мунирахон ба якборагӣ ду – се хостгор омад. Занҳо баъди ба ҷо овардани расму оини хостгорию меҳмондорӣ онҳоро гусел карданд. Оилаи Олимовҳо ҳеҷ гумон намекарданд, ки дар қатори ин хостгорзанҳо хостгормарде низ онҳоро «таъқиб» дорад.

Баъди нисфирӯзӣ бобою бибии шавҳари духтарон ба хона омаданд. Чун одати меҳмондорию меҳмондӯстӣ дастархон кушода, аз ҳар сӯ сухан карданд. Ҳарчанд Алиҷон – муаллим вонамуд намекард, аммо ғалаёни қалбаш ӯро ифшо мекарданд. «Охир, бобои домодҳо рӯзи дароз дар ҳамин ҷо буданд, сабаби ташрифи қудоҳо дар чӣ бошад. Мабодо, ки духтаронаш…Не…не. Аз ваҷоҳаташон маълум, ки дар оилаашон тинҷист». Ин шубҳаву гумонҳо охир надоштанду ба қавле дили сарвари хонадонро «гургон тала мекарданд». Нидои тааҷҷубангези ҳамсараш марди хонаро аз банди хаёлот дур кард:

- Мардак, инҳо чӣ мегӯянд, шунидед? Дасти духтари хурдиамонро мепурсанд.

- Охир, ин чӣ тавр мешавад, - ду духтарамон дар дасти шумост. Шӯхӣ мекунед? – ҳайрати падар дучанд шуд. - Ҳеҷ ҷои шӯхӣ надорад, қудо. Хостем, ки се хоҳарон дар як ҷо бошанду онҳоро аз ҳам ҷудо насозем. Мунирахонро низ барои худ духтар мехонем.

Талаби қудоҳо чунин буду ҳайрати зану шавҳар ҳамчунон. Баъди хомӯшии чандлаҳзаина Алиҷон – амак гуфт:

- Албатта, мо хостгории шуморо эҳтиром мекунем. Ду духтарамон ҳамроҳи набераҳои шумо имрӯз хушбахтанд, аммо бо як оилаи дигар ҳам риштаи хешутаборӣ баста бошем. Узри моро қабул фармоед.

Баъди ин суханон меҳмонҳо дигар ҳарфе нагуфта, ба дастархон фотиҳа хонданд.

Бегоҳии ҳамон рӯз ду домод - Наимҷону Аминҷон ба ҳавлии хусурашон омаданд. Ҳарчанд суҳбат аз ҳар ҷониб сурат мегирифт, аммо нигоҳи домодҳо чизи дигару сухани дигареро ифода мекард. Оқибат, домоди калонӣ ба сухан омад:

- Амак, аз мо чӣ камӣ дидед? Агар Мунирахонро ба ягон оилаи сарватманд доданӣ бошед, мо розӣ, агар мисоли худамон деҳқонзодаро интихоб намоед, мо хостгори ҷазманд ҳастем. Аз нақли домодҳо маълум гардид, ки бобои дуредгар тамоми рӯз кори Мунираро назора мекарданду баробари ба хона рафтан ба ҳамсарашон Тӯҳфанисо гуфтаанд, ки «агар худи ҳамин рӯз масъалаи хостгориро яктарафа накунад, Мунирахон «аз даст меравад».

Баъди маслиҳатҳои дурудароз зану шавҳар ба хулосае омаданд, ки ба «домодхостгор»-он розигӣ диҳанд. Ҳамчун риояи русуми меҳмондорӣ дар назди меҳмонон ошипалав, ки хӯроки бегоҳии ҳамонрӯза ба ҳисоб мерафту бонуи оила Тоҷинисо пухта буд, кашида шуд. Ҳарчанд суҳбат тӯлонӣ буд, аммо аз забони сарвари хонадон меҳмонон ҷавоби аниқе нагирифта, бархостанд. Посухи Алиҷон – амак ҳангоми гусел домодҳоро ба ҳайрат мононд:

- Наимҷон, Аминҷон, писаронам, ба падару модар, очаю бобо гӯед, ки мо масъалаи хостгориро пазонда, ошро хӯрда омадем. Оши розигӣ ҳамин буд, фарзандонам.

Шаҳомати тӯи домодию арӯсии Амонҷону Мунирахонро то ҳанӯз дар деҳа васф мекунаду ба ин оилаи хушбахт саодати зиндагӣ хоҳонанд. Имрӯз се гулдухтари нозанини оилаи Олимовҳо ва се писари оилаи Раҳматовҳо шукри ободии диёр, рӯзгори босаодат ва хушбахтии хонаводаги доранду фарзандони солеҳро ба камол мерасонанд.

Хонадоркунии фарзанди чаҳоруми хонадони Олимовҳо – Фарҳодҷон як таърихи алоҳидае дорад. Алиҷон Олимов нақл мекунад, ки баъди хонадоршавии духтаронаш ӯро лозим омад, ки ҳам дар мактаб ба таълиму тарбияи фарзандони мардум машғул шаваду дар як вақт корҳои деҳқониро, ки аз падараш барояш мерос монда буд, ба ҷо оварад. Аҳли оила сарҷамъона дар 10 сотих замини иҷора сабзӣ кишт карданду барои хишова кардани он аз хешу табор ва ёру дӯст мадад хостанд. Баъди анҷоми корҳои саҳроӣ як бегоҳ Тоҷинисо – хола ба ҳамсараш гуфт:

- Мардак, аз байни ҳамин қадар духтароне, ки имрӯз машғули кор буданд, ҳамон Озода, ҷияни қудоямон камгапу серғайрат будааст. Ҳусни расояш ҳам чашмрабоянда аст. Бо писарамон Фарҳодҷон ҳамсол будаасту дар як мактаб мехондаанд. ӯро келин кунем, чӣ мешавад?

Сукути Алиҷон – амак ба хотири ҳанӯз хонандаи синфи 8 – ум будани духтарак ҷавоби онрӯзаи зан шуд.

Солҳо гузаштанд. Озода ба қад расида, духтари баркамол шуд. Фарҳод ҳам ҷавони муносибу домодзеб шуд. Зану шавҳар вақте хостанд, ки писари ягонаашонро хонадор намоянд, Алиҷон – амак ба ҳамсараш ҳушдор дод:

- Занак, ёд дорӣ, ҳангоми хишоваи замини сабзӣ ту Озодаро таги чашм карда будӣ. Ҳоло ҳам ба суханат устуворӣ?

Барои хостгорӣ ба ҳавлии қудооча – Тӯҳфанисо рафтанд ва матлабро арз карданд.

- Тоҷинисо, Алиҷон, шумоён се гулдухтаратонро барои мо муносиб донистеду мо як духтарамонро ба писари шумо намедиҳем, магар? Ман розӣ. Розӣ кардани падару модари Озода бошад, ба уҳдаи ман аст.

Он рӯзи хурсандии санаи 10-уми августи соли 2002 дар тахти шоҳии тӯйхонаи «Ҳасантағо» се гуларӯси нозанину се домоди хушбахт – Фарҳодҷону Озода, Акбарҷону Мавзуна ва Хуршедҷону Насиба, ки ҳамагӣ хешу ақрабо буданд, аз толеи баланди худ меболиданду дар пеши соҳибэҳсонии бузургсолони ду авлод сари таъзим фуруд меоварданд.

Шоира КАРИМЗОДА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh