ИМКОНИЯТ БАҲРИ ОБЁРИИ ШАҲР

Қабули “Барномаи ислоҳоти соҳаи оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016- 2025”, ки ҳадафи асосии он гузариш ба идоракунии муосири захираҳои об ва ҷалби сармоягузориҳои нав барои ҳалли мушкилоти об дар кишвар ба ҳисоб меравад, иқдоми саривақтӣ буда, яке аз масъалаҳои асосие, ки таваҷҷуҳи махсусро талаб менамояд, таъминоти аҳолӣ бо оби босифати ошомиданӣ мебошад.

Силсилаи ташаббусҳои Тоҷикистон дар бобати ҳалли мушкилоти об дар ҷаҳон, ки дар сатҳи байналмилалӣ ҳамчун «Раванди оби Душанбе» пазируфта шудааст, кишвари моро дар арсаи ҷаҳонӣ ба таври хос муаррифӣ кардааст. Аз ин ҷост, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи об ва захираҳои он, истифодаи эҳтиёткоронаву пурсамар ва сарфакоронаи ин манбаи ҳаёт таваҷҷуҳи ҳамешагӣ доранд ва вобаста ба ин масъала ҳам дар сатҳи ҷумҳурию минтақа ва ҳам дар сатҳи байналмилалӣ мунтазам тадбирандешӣ мекунанд.

Дар навоҳии кишоварзии вилоят масъалаи оби полезӣ ҳалли худро ёфтааст, вале баробари ин то ҳол ҳастанд минтақаҳое, ки аз набудани оби полезӣ азият мекашанд. Дар самти таъминоти оби полезӣ шаҳри Истиқлол бо мушкилоти зиёде рӯ ба рӯ омадааст, зеро масъалаи норасоии оби нӯшокиву полезӣ дар шаҳр муаммои аввалиндараҷа маҳсуб меёбад. Дар шаҳр лоиҳаи нави таъминот бо оби полезӣ рӯи кор омадааст.

Бино ба гуфти сардори қитъаи обтаъминкунӣ ва канализатсияи шаҳр Давлатбек Аҳмадов, лоиҳаи мазкур имкон медиҳад, ки дар шаҳр бунёди боғи ҳуч ба роҳ монда шуда, минбаъд дарахтони мевадиҳандаву сояафкан ва гулу буттаҳо шинонида мешаванд. - Соли 2021 - ум дар шаҳр гулу дарахтони сояафкан шинонида шуданд, вале бинобар танқисии оби полезӣ онҳо нобуд гардиданд.

 Алҳол аз ҷониби ширкати Олмонӣ, аз ҷумла “Фонди байналмилалии Оғохон” таҷдиди лоиҳаи нав ба роҳ монда шудааст, ки ҳадафи он таъмини шаҳр бо оби полезӣ мебошад. Дар назар аст, ки оби полезӣ аз минтақаи Ӯткансой оварда шуда аз шаҳр 13 километр дур ҷойгир шудааст. Дар ҳолати ба пуррагӣ маблағгузорӣ гардидани лоиҳа дар назар аст, ки соҳаи кишоварзӣ ба фаъолият оғоз хоҳад кард, - гуфт Давлатбек Аҳмадов.

Баробари ин дар шаҳр лоиҳаи “Бунёд ва барқарорсозии системаи обтаъминкунии шаҳру навоҳии вилоят”, ки бо маблағгузории Бонки Аврупо - Таҷдид ва Рушд оғоз ёфта буд, амалӣ гардида истодааст. Дар ин самт корҳои сохтмонӣ бомаром идома дорад. Ҷоиз ба қайд аст, ки маблағи лоиҳа 760 ҳазор долларро дарбар гирифта, то ба имрӯз 320 ҳазор доллари он барои таъминот бо оби нӯшокӣ масраф шудааст. Чанде пеш Давлатбек Аҳмадов иттилоъ дода буд, ки моҳи марти соли 2022 сохтмони обанбор пурра ба анҷом расида, ба истифода дода мешавад, вале бо сабабҳои номаълум корҳои лоиҳавӣ муваққатан ба муҳлати ду моҳ тамдид шудааст. Боиси таъкид аст, ки лоиҳа барои сохтмони ду ҳавзи 500 мукаабметр, харидории қубурҳои обгузар, сохтмони обанбор ва ободонии гирду атрофи он, харидории насосҳои обӣ, таҷҳизот ва корҳои сохтмонӣ равона шудааст. Алҳол корҳо дар обанбори “Офтобак”, ки дар дохили шаҳр мавҷуд аст, идома дорад.

- Айни замон қитъаи обтаъминкунӣ ва канализатсия ба 4803 хоҷагӣ, аз ҷумла 8473 нафар муштарӣ, 27 корхонаи буҷетӣ, 35 корхонаи худмаблағгузор хизмат расонида истода, аҳолии шаҳр дар як шабонарӯз 12 соат бо оби нӯшокӣ таъмин шуда истодаанд. Давоми чор моҳи соли равон қарзи аҳолӣ аз оби нӯшокӣ 611,769 ҳазор сомонӣ аст, ки қарзҳо аз соли 2011 - ум боқӣ мондаанд, - гуфт номбурда. Чанд сол инҷониб дар шаҳр аз сабаби фарсудаву кўҳна будани системаҳои обгузари аксар кўчаҳо, иваз нашудани қубурҳои обгузари хонаҳои истиқоматӣ ва зиёд гардидани садама дар таҳхона (подвал) - ҳои хонаҳои истиқоматии баландошёна мушкилоти норасоии оби нўшокиро пеш оварда буд, вале бинобар гузаронидани корҳои барқароркунӣ мушкилоти мавҷуда марҳала ба марҳала бартараф гардида истодааст.

Бошандагони шаҳр аз вазъи кунунии таъминот бо оби нӯшокӣ хурсанд ҳастанд, зеро панҷ сол муқаддам вазъияти сокинон аз набудани оби нӯшокӣ нигаронкунанда буд. Дар ин бобат омӯзгор Ниёз Ниёзов гуфт, ки панҷ – шаш сол муқаддам шаҳр дар вазъияти вазнин монда буд . Хушбахтона, ду соли охир масъалаи оби нӯшокӣ қариб ҳалли худро ёфтааст. Ҳоло то ошёнаи панҷум об мебарояд. Раиси шаҳр ваъда доданд, ки масъалаи мазкур пурра ҳалли худро меёбад ва шаҳр бо оби нӯшокӣ таъмин мегардад.

Боиси қайд аст, ки дар шаҳр лоиҳаи нав баҳри таъмини аҳолӣ бо оби полезӣ рӯи кор омадааст, ки ин иқдоми хуб аст. Дар шаҳр наздик 200 гектар замини бекорхобида мавҷуд буда, дар ҳолати таъмин гардидан бо оби полезӣ заминҳо самаранок истифода хоҳанд шуд, - гуфт Ниёз Ниёзов.

Ҳамчунин ӯ қайд кард, ки дар Табошари кӯҳна кӯл дар чуқурии 60 – 70 метр мавҷуд аст. Оби он имконияти пурра таъмини аҳолиро бо об дорост, вале бино ба гуфти мутахассисон - экологҳо радиатсияи кӯл хеле баланд аст. Хеле хуб мебуд, ки радиатсияи он аз нав санҷида шавад, зеро дар атрофи он обсабзҳо рӯидаанд.

Баробари амалӣ гардидани лоиҳаи таъминот бо оби полезӣ ва таъминот бо оби нӯшокӣ муаммои асосии шаҳр пурра бартараф хоҳад шуд, зеро ободии ҳар маҳал, деҳа, минтақа ва шаҳр аз об вобастагии зиёд дорад. Ҳоло иқдоми чоруми Тоҷикистон – Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» барои солҳои 2018-2028 дар сатҳи милливу минтақавӣ ва ҷаҳонӣ амалӣ шуда истодааст.

Шаҳбону ОЛИМОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh