САБАБҲОИ БОЛОРАВИИ НАРХИ РОҲКИРО

Субҳи санаи 10 – уми майи соли равон дар дохили нақлиёти ҷамъиятӣ нофаҳмӣ байни ронандагону мусофирон дида шуд. Сабаби норозигии мусофирон дар гарон гардидани нархи хизматрасонии нақлиёти мусофиркашонӣ аст. Бештар норозигии донишҷўён ба чашм мерасид, зеро бино ба гуфти онҳо донишҷў баробари ҳамарўза ба таҳсил раҳсипор гардидан, берун аз таҳсил ба китобхонаву марказҳои забономўзӣ низ мераванд. Ҳамчунин нафароне,киҳамарўза аз хизматрасонии нақлиёти мусофиркашонӣ истифода мебаранд, изҳори норозигӣ карданд.

- То ба ҷойи коргоҳ расидан аз ду нақлиёти мусофиркашонӣ истифода мебарам, акнун худ қазоват кунед, ки ҳар рўз даҳ сомонӣ маблағ танҳо барои роҳкиро сарф мешавад, ин дар ҳоле, ки музди маоши ба даст меовардаам 680 сомонӣ аст. Ба ҷуз ман, ду фарзандам ҳамарўза ба донишгоҳу коллеҷ мераванд. Солҳои пеш барои донишҷўён «билети донишҷўӣ» мавҷуд буд, ки аз он истифода мебурданд, хуб мешуд, ки онро аз нав барқарор кунанд, - гуфт мусофири нақлиёти рақами 116. Сабаби гарон шудани нархи роҳкироро мусофирон аз ронанда пурсон шуданд, ў бо суханони дағал «Аз ҳукумат пурсед, ман намедонам» - гўён посух дод.

Байни ронандаву мусофирон баҳс идома дошт… Барои ба суоли мазкур посух гирифтан ба масъулини Раёсати муассисаи давлатии «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ» дар вилояти Суғд муроҷиат кардем. Бино ба гуфти масъулин, мутобиқи фармоиши Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 125, аз 21 – уми июли соли 2021 оид ба тасдиқи тарифҳои номиналӣ барои ҳамлу нақли мусофирон бо нақлиёти автомобилӣ нархи арзиши роҳкиро дар хатсайрҳои мусофирбари дохилишаҳрии шаҳри Хуҷанд аз санаи 10 - уми майи соли 2022 бо микроавтобусҳо муайян шудааст.

Алҳол дар қаламрави вилоят 53 ширкати нақлиётӣ фаъолият мебаранд, ки 12 ширкат дар шаҳри Хуҷанд хизматрасонӣ мекунанд. Ронандаҳои нақлиёти мусофиркашонӣ аз гарон шудани нархи сўзишворӣ ва қисмҳои эҳтиётии микроавтобусҳо шикоят кардаанд, ки боиси боло рафтани нархи роҳкиро гардидааст. - Соли 2021 – ум аз 1 – уми сентябр нархи роҳкиро як сомониву 50 дирам боло рафта буд. Аз санаи 10 – уми майи соли равон бошад, барои як мусофир 2 сомониву 50 дирам пешбинӣ гардид.

Сабаби асосии болоравии нарх муроҷиати 8 ширкати нақлиёти мусофиркашонӣ оид ба болоравии арзиши сўзишвории дизелӣ, гази моеъ, нархи қисмҳои эҳтиётии нақлиёт, аз ҷумла равғанҳои молиданӣ, ноқилқуттиҳо, чархҳои резинӣ ва дар маҷмуъ барои таъмиру нигоҳдории воситаи нақлиёти мусофирбар, алалхусус микроавтобусҳо ворид гардидааст, мебошад. Бинобар рўйпўш кардани хароҷоти мазкур нархи роҳкиро танҳо дар хатсайрҳои дохили шаҳри Хуҷанд тағйир ёфт, - гуфт иҷрокунандаи вазифаи сардори бахши мусофирбарӣ ва танзимгарии Раёсати муассисаи давлатии «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ» дар вилояти Суғд Шавкат Исмоилов.

 Шаҳбонуи СИДДИҚ,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh