БАҲМОИИ ДУ НАСЛИ СОЗАНДА - ДАРСИ ИБРАТ БАҲРИ ОЯНДАИ НЕК

- Агар имрӯз аз хизмат канораҷӯӣ намоем, тарсу ҳаросро дар вуҷудамон ҷой кунем, фардо кӣ хоки Ватанро ҳимоя менамояд? Ватандӯсти ҳақиқӣ будан на дар суханҳои зебою ботантана, ваъдаҳои хушку холӣ, балки дар кору фаъолияти ҳамарӯзаи амалӣ, дар гуфтору кирдор ва қавлу вафо, дар кору заҳмати софдилона, дар интизоми намунавию ахлоқи ҳамида, дар кӯшишу талошҳои пайваста баҳри манфиати Ватани маҳбуб ва халқу давлат зоҳир мегардад, - ин нукта аз ҷониби аъзои ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар ҳамоиши Шӯрои собиқадорони КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд таҳти унвони “Пайванди наслҳо” гуфта шуд.

Ҳамоиши мазкур бахшида ба санаҳои таърихӣ 25 - солагии Ваҳдати миллӣ, 30 - солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 35 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва оғози даҳаи Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон баргузор гардид. Ҳадаф аз баргузории ҳамоиш омӯхтани кору пайкори собиқадорон ва дар заминаи он тарбияи насли наврас дар руҳияи ватанпарварию хештаншиносӣ, эҳтироми Ватан, эҳтироми волидону бузургдошти ниёгон мебошад.

Дар ҳамоиш ҷавонони хизмати ҳарбиро адонамуда, сарбозон, собиқадорони ҷангу меҳнат, ҷанговарони интернатсионалист ва аъзои Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонони “Созандагони Ватан” ширкат варзиданд.

Сараввал раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон ҳамагонро бо ҷашнҳои миллӣ муборакбод гуфта, қайд кард, ки мо гузаштаро фаромӯш карда, имрӯзро ҳаргиз сохта наметавонем.

- Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр дошта буданд, ки таҳқиқи ҷиддии мероси гаронбаҳои гузаштаи тоҷикон, корномаҳои шахсиятҳои таърихӣ, ёдгориҳои фарҳангӣ ва тарғиби суннатҳои мардумӣ вазифаи муҳимтарини аҳли ҷомеа мебошад. Дарвоқеъ, таърих ойинаи ҳар як халқу миллат мебошад. Мо бояд ин ойинаро ҳамеша беғубор нигоҳ дорем, то наврасону ҷавонон роҳи пуршарафи тайкардаи халқамонро дар он равшану возеҳ дида тавонанд, - гуфт номбурда.

Ҳамчунин дар чорабинӣ таъкид гардид, ки солҳои охир сафи ҷавононе, ки бо хоҳиши худ ба хизмати Ватан мераванд зиёд шудааст. Ҳамзамон, дар сатҳи баланд доир шудани маросими гусели наваскарон барои баланд гардидани ифтихори миллии ҷавонон василаи хубест. Маҳз адо намудани хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳар як ҷавони баору номусро ба далериву мардонагӣ ва расидан ба қадри ҳаёту зиндагӣ, волидайну пайвандон раҳнамун месозад.

Сипас иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Гулистон Раънохон Ҳошимзода баргузории маҳфили мазкурро муҳиму саривақтӣ арзёбӣ кард, зеро баргузории чунин маҳфилҳо ба тафаккури ҷавонон таъсири мусбат расонида, онҳоро ба дӯст доштани Ватан ва арзишҳои олии он, ҳимояи марзу буми аҷдодӣ ва дар ҷамъият пайдо намудани мақому мартаба раҳнамун месозад. Зеро омӯхтани таҷрибаю ҳаёти калонсолон барои насли ояндасоз мактаби хештаншиносӣ аст. Ҳамчунин мавсуф доир ба фаъолияти собиқадорони меҳнат нуктаҳои муҳиму арзишнокро баён дошта, ба ҷавонону наврасон омӯхтани дарси инсонпарвариву хештаншиносӣ аз ҳаёти ибратбахши собиқадорони меҳнатро талқин кард.

Раиси Шӯрои собиқадорони КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Саидбой Зокиров аз ҳаёт ва фаъолияти ибратбахши насли калонсол ҳарф зада, ҷавононро ба илму ҳунаромӯзӣ, ватандӯстӣ, меҳанпарастӣ, дӯст доштани волидон, хидмат намудан ба халқу миллат ва дар замири худ парваридани хислатҳои писандидаи инсонӣ даъват намуд. Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Карамулло Одилов зимни баромади хеш гуфт, ки солҳои 1992 – ум дар ҷанги шаҳрвандӣ ҳолат то ҷое расид, ки дар муддати кӯтоҳ Ватани азизи мо дар ҳолати паркандагӣ қарор дошт, ки дар натиҷаи ҷанги шаҳрвандӣ беш аз даҳ миллиард доллар зарари молӣ ҳисоб карда шуд. Вале халқи тоҷик тавонист онро ба зудӣ барқарор кунад, ки ин амал на ба ҳар кишвари навруста даст медиҳад.

- Дар фаъолияти кории беш аз 40 солаам баробари дар мақоми роҳбарӣ қарор доштан бо бузургони миллат ҳамсӯҳбат гардида, кӯшиш кардам, аз онҳо хислатҳои беҳтаринро барои худ гирифта бошам. Аз ин рӯ, ҷавононро мебояд аз ҳаёти ибратбахши абармардони тоҷик огаҳӣ пайдо карда, аз сидқи дил Ватани маҳбуби худро дӯст дореду хизмат намоед, зеро ояндаи миллати тоҷик дар дасти ҷавонони бонангу номус ва ватандӯсту меҳанпараст аст, - гуфт мавсуф.

Бузургмеҳр Бегов аъзои ТҶҶ “Созандагони Ватан” зимни баромади худ гуфт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳои худ иброз доштанд, ки мо ба ҷавонони бонангу номуси меҳан, хоса ба аъзо ва ҷонибдори “Созандагони Ватан”, Пайравони Пешвои миллат ва дигар ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон, ба эҳсоси гарми ватандӯстии онҳо боварии бузург дорем, бо онҳо ифтихор мекунем, зеро онҳо воқеан ояндаи неки Ватан ва идомадиҳандаи кору фаъолияти созандаи мо ҳастанд.

- Пешвои муаззами миллат барои аз мактаби мардонагӣ гузаштани ҷавонони кишвар чораҳои судмандро роҳандозӣ намуда, бо роҳнамоиҳои ин марди созандаи меҳан, роҳбарони сохторҳои марбута пайваста аз ҳолу аҳволи сарбозон дидан менамоянд. Як муаммо ва зудбоварии ҷавонон маро озурдахотир менамояд, ки гӯё дар қисми ҳарбӣ низоу кашмакашӣ бошад. Аммо, ин асоси воқеӣ надорад. Хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ мактаби мардонагист, - гуфт номбурда.

Дар ҳамоиши мазкур ба 40 нафар ҷавони фаъол, ки ба сафи ТҶҶ “Созандагони Ватан” пайвастанд, шаҳодатнома супорида шуданд. Ҳамчунин, ба 20 нафар ҷавон, ки ба сафи ҲХДТ дохил шуданд, шаҳодатномаҳои ҳизбӣ ва ба 8 нафар пешсафи ҳизб сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.

 Баъд аз интиҳои ҳамоиши “Пайванди наслҳо” иштирокчиёни чорабинӣ аз боғи фарҳангӣ - фароғатии ба номи Темурмалик ва майдони муҷассамаи шаҳидони Ҷанги Бузурги Ватанӣ дидан намуданд. Ҳамчунин бо мақсади арҷгузорӣ ба шаҳидони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба пояи муҷассамаи аскари номаълум гулчамбар гузоштанд.

Шаҳбону ОЛИМОВА,

“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh