АРҶГУЗОРӢ БА ХИЗМАТИ ПАДАРОНИ ҚАҲРАМОН

Ба ифтихори ҷашни 77-умин солгарди Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ба хотири арҷгузорӣ ба хизматҳои мондагор ва қаҳрамониҳои бемисли падарони бузурги деҳа бо ибтикори сокинон дар оромгоҳи “Оқариқ””-и маҳаллаҳои Мусаффо ва Тошхоҷа Асирии Ҷамоати деҳоти Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров лавҳаи ёдбуд гузошта шуд. Аз ин маҳаллаҳо чун дигар минтақаҳои Ватани азизамон бо амри дилу виҷдон 147 нафар падарони қаҳрамон дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ иштирок намуда, 64 нафар дар ҷанг шаҳид гардида, 83 нафар бо сари баланд бо ордену медалҳо баргашта, то охири умр дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ кору фаъолият намудаанд ва аз худ номи нек боқӣ гузоштаанд.

Фаттҳулло Ахмедов бо корнамоиву қаҳрамонии хеш ба унвони баланди Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ ноил гардида, боиси ифтихору шарафи аҳли сокинони маҳалла гардидааст. Аз маҳалла 6 нафар ба гирифтани унвони Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ шарафёб гардидаанд, ки зиндагиномаи ҳар якионҳо чунинсонҳои меҳнатдӯсту мушкилнописанд барои насли имрӯз ва аҳли маҳал намунаи ибрату омӯзиш аст. Дар ҷанги Афғонистон бошад, аз маҳалла як нафар шаҳид гардида, ду нафар баъди хизмати сарбаландона ба зодгоҳ омада фавтидаанд. Дар лавҳаи ёдбуд номи ҳар яки онҳо, қаҳрамонони Иттифоқи Советӣ, иштирокчиёну шаҳидони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, шаҳидону фавтидагони ҷанговар - интернатсионалистон ва қаҳрамонони Меҳнати Сотсиалистӣ, ки ному амалҳои некашон дар дилу дидаи аҳли маҳал ҳамеша зиндаву ҷовид мебошад, ҳаккокӣ шудааст.

Дар маросими ифтитоҳ намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, раиси Шӯрои ҷанговар-интернатсионалистони ноҳия Ҳ.Каримов, муовини раиси Ҷамоати деҳоти Унҷӣ Ш.Шарипов иштирок ва баромад намуданд. Маҳаллаҳои номбурда аҳлу иттифоқ буда, сокинонаш сарҷамъу муттаҳид ва созандаву бунёдкор ҳастанд. Дар роҳи татбиқи сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати кишвар, корҳои бунёдкориву созандагӣ фаъолу пешқадам буда, ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси сокинони маҳал ва дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимяити давлатии вилоят ва ноҳия кӯчаҳо мумфаршу чароғон, чор таҷҳизоти барқии баланшиддат насб шуда, роҳи оромгоҳи Оқариқ мумфаршу даромадгоҳ таъмиру бунёд ва саҳни он сафолакпӯш, якчанд чоҳҳои амудӣ барои таъмини сокинон бо оби нӯшокиву полезӣ кофта шуданд, ки ҳама аз аҳл будани сокинон ва пуштибонӣ аз сиёсати дурбинона ва созандаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ– Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастуру супоришҳои Раиси вилоят башорат медиҳанд.

Сокинони маҳалла дар атрофи раиси маҳалла Ӯктамбой Ҷӯраев сарҷамъу муттаҳид буда, маҳаллаи Мусаффо бо корҳои ободониву созандагӣ дар Озмуни ҷумҳуриявии “Сайри гули лола” дар соли ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовори ҷои аввал дониста шуд. Ин қадршиносӣ мардуми маҳалро боз ҳам рўҳбаланду дилгарм намуд. Сокинон азм доранд, ки барои хотирмон ҷашн гирифтани 30-солагии Иҷлосияи таърихии XVi Шӯрои Олии Ҷумҳуриии Тоҷикистон ва 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои созандагиро барои боз ҳам зебову обод намудани як гӯшаи Ватани азиз - маҳаллаи хеш, тарбияи фарзандони ватандӯсту худшинос, меҳнатдӯсту бомаърифат, ҳунарманду соҳибкасб саҳми босазо гузоранд.

Хабарнигори
“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh