ШАҲОМАТИ ҒАЛАБА БУЗУРГТАР МЕГАРДАД

Бахшида ба 77-умин солгарди Иди Ғалаба дар толори пазироии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд конфронси илмӣ таҳти унвони «Шаҳомоти Ғалаба бузургтар мегардад» баргузор гардид. Дар конфронс намояндагони Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати вилояти Суғд, Шӯрои собиқадорони ҷанговарони интернатсионалист, устодони МДТ «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров», афсарону сарбозони қисми ҳарбии 3501-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони Раёсати фарҳанги вилоят, хонандагони Гимназияи №4-и шаҳри Хуҷанд иштирок доштанд.

Сароғоз сухани ифтитоҳиро омири кулли МД МФТ «Қалъаи Хуҷанд» Иброҳимҷон Иброҳимов оғоз намуда аз таърихи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шикасти фашизми гитлерӣ ҳарф зад. Сипас Фароғат Усмонова мутахассиси пешбари маркази илмӣ-методии Раёсати фарҳанги МИҲД вилояти Суғд таҳти унвони «Ғалаба – рамзи рӯҳи шикастнопазир» маърӯза намуд. Шавкат Алиев муовини раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати вилояти Суғд дар мавзӯи «Саҳми Тоҷикистон ва тоҷикистониён дар Ғалабаи бузург» баромад намуд. Ҳамчунин устоди ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Муҳаммад Шарифов ва С. Исломова корманди «Қалъаи Хуҷанд» дар мавзӯи марбута маърӯзаҳои илмӣ намуданд. Дар идомаи конфронс баҳри болидахотирии таъби иштирокдорон суруди «Тоҷикистон» дар иҷрои сержанти хурд Худойназар Эрматов пешкаш гардид.

Дар анҷоми конфронс бо даъвати омири кулли Муассисаи давлатии Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд» иштирокдорон аз толори намоишии яроқу аслиҳаҳои ҷангӣ аз фонди осорхона дидан карданд.

Суман ҲОМИДОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh