ХИЗМАТ БА ВАТАН - МАКТАБИ МАРДОНАГӢ

Мо бо ҷавонони созандаи худ ифтихор мекунем, чунки ҷавонони даврони соҳибистиқлоли Ватан имрӯз бо нангу номуси миллӣ, ташаббусҳои шоиста ва эҳсоси баланди ватандорӣ дар рушди Тоҷикистони азиз ҳиссаи арзишманд мегузоранд ва ба Модар-Ватани худ содиқона хизмат мекунанд.

Эмомалӣ РАҲМОН

Дўстдори Ватан будан, ифтихор доштан аз он, ба қадри сулҳу субот, осудагиву ваҳдат ва истиқлолият расидан, шукронаи соҳибватанӣ намудан аз зумраи арзишҳое мебошанд, ки мо, ҷавонон бояд онҳоро дастури ҳаррӯзаи зиндагии худ қарор диҳем ва танҳо дар ҳамин сурат мо метавонем, кишвари худро ободу пешрафта ва тавоно намоем.

Ояндаи неки миллат низ он замон пурра кафолат дода мешавад, ки мо Ватанро сидқан дӯст дорему дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ хизмат кунем. Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ барои ҳар як ҷавони родмарди ин сарзамин мактаби бузурги ҳаёт, ҷасорату мардонагӣ ва далерию шуҷоат ба ҳисоб меравад.

Меҳрафкан Раззоқов, зодаи деҳаи Вешисти шаҳри Панҷакент аз ҷавонони диёр мебошад, ки пас аз хатми Коллеҷи омӯзгории зодгоҳаш ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил шуда, бошарафона ва сарбаландона хизмати Модар-Ватанро ба ҷо овард. Меҳрафкан сараввал аз моҳи май то октябри соли 2017 дар маркази таълимии “Ҳалқаёр”-и ноҳияи Панҷ хизмат намуд. Баъд то моҳи майи соли 2019 дар қисми ҳарбии 0308-и ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон қарзи фарзандии худро адо кард.

Айни ҳол Меҳрафкан донишҷӯи бахши сеюми факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон ғафуров буда, ҳамзамон дар Шикрати телевизиониву радиои «Танин» ба ҳайси ровӣ фаъолият мебарад ва бинандагон ӯро тариқи барномаҳои “Шоми Танин” ва “Файзи саҳар” мешиносанд.

 – Ҳангоме ки Коллеҷи омӯзгории шаҳри Панҷакентро бо дипломи аъло хатм кардам, хостам, аввал хизмати Ватанро адо кунам, ки он ба шогирдонам низ таъсир расонад. Аз ростӣ, хизмати Ватан-Модар кардан аз тифлӣ орзуям буд. Ду бародарам низ хизмат карда буданду аз ҳаёти аскарӣ нақлҳои ҷолиб мекарданд. Орзу мекардам, ки тезтар ба камол расаму сарбоз шавам. Падарам чун шахси зиёӣ ташаббуси маро дастгирӣ карданд , модарам дуои хайр доданд. Ба волидонам зуд – зуд аксҳои худро мефиристодам, шароити будубоши хеле хуб доштем. Дўстони зиёд пайдо кардам, хулоса аз хизмат ризоманд будам. Бо меҳру муҳаббати якҷоя на сахтиро мефаҳмӣ, на душвориро. Хизмати аскарӣ мактаберо мемонад, ки пеш аз ҳама ватандориву ватандӯстиро меомӯзонад. Ба қадру қимати Ватан, хоки диёр, луқмаи нони гандум, қатраи оби Ватан расиданро омӯхтам. Беҳтарин дарсе, ки ман гирифтам, ин қадр кардани сулҳу субот, ва омода будан ба ҳифзи он аст. Вақте шаҳодатномаи ҳарбиро ба даст мегирӣ, худро муҳофизи ин Ватан, ҷавонмарди ҳақиқӣ эҳсос мекунӣ. Дар ҳақиқат беҳтарин хотирот дорад, беҳтарин дарсҳоро низ медиҳад ва инсонро ҳам ба роҳи зиндагӣ омода месозад. Таъминот бо хўроку пўшок хеле хуб буд. Дар иду айём масъулин ва намояндагони Ҳукумати мамлакат, вилоят ва шаҳру навоҳӣ омада, аз аҳволамон бохабар мешуданд. Ҳар командир сарбози худро ҳамчун фарзандаш дӯст медорад. Дарсе, ки дар хизмати ҳарбӣ меомӯзед, дарси мардонагию шуҷоат ва дарси далерӣ аст. Шахси хизмати Ватан адокарда дар зиндагӣ ба қадри падару модар, бародару ҳоҳар, ҳамсар ва ёру дўстон мерасад. Нигоҳаш ба зиндагӣ дигар мешавад. То имрӯз нафареро надидаам, ки аз хизмати кардааш пушаймон шуда бошад,-нақлашро идома дод Меҳрафкан.

Шавқу завқ, муҳаббати ҷовидонаву ошиқонаву тоҷикона, зоҳиран ва ботинан шод будани инсон бо обу нону хоки Ватан маъно пайдо мекунаду халос. Имрӯз бояд ҳар як фарди худогоҳу хештаншинос шукрона кунад, ки мо соҳиби давлати соҳибистиқлол шудаем. Ҳар яки мо вазифадор ҳастем, ки ин неъмати бузурги пурғановати миллиамонро ҳимоя кунем ва барои хизмат ба Ватан–Модар омода бошем, зеро хизмати Ватан қарзи шаҳрвандии мост!

Абдусабур КОМИЛОВ,

донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд

ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Add comment


Security code
Refresh