МЕВАҒУЛ – РАМЗИ САРСАБЗИВУ САРБАЛАНДӢ

Озмуни вилоятии “Оила, кўча, маҳалла, деҳа, деҳот ва шаҳраки беҳтарин дар соли 2020- 2021”, ки бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардида буд, ҷамъбаст гардид. Маҳаллаи Мевағули шаҳри Хуҷанд беҳтарин маҳалла дар қаламрави вилоят дониста ва бо дипломи дараҷаи 1 мукофотонида шуд. Мухбирамон бо раиси маҳаллаи Мевағул Нурулло Зиёбоев ҳамсуҳбат шуда, пурсон гашт, ки кадом нишондиҳандаҳо боиси пирўзии сокинон дар озмун гардид.

- Ба истиқболи ҷашни ҳумоюнии 30-солагии Истиқлолияти давлатии мамлакат ва ба ин муносибат эълон гардидани 1300 рўзи меҳнати зарбдор, бемуҳобот, тамоми аҳли маҳалла, фардони барўманд, соҳибкорон, саховатмандон, сокинони боору номус кўшиш ба харҷ доданд, ки ба ин иди бузург дастовезе омода кунанд.

Бояд зикр намоям, ки ба ҳудуди маҳаллаи Мевағул микроноҳияҳои 13-ум ва 18-ум дохил мешаванд. Ва дастовардҳо ва ё нишондиҳандаҳои меҳварии сокинони зиёда аз ҳаждаҳҳазорнафаи маҳалла асосан аз бунёдкориву созандагиҳо, ба ҳар як дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат бо иқдомҳои наҷибонаю сари вақт ҷонибдорӣ намудани соҳибкорони маҳаллӣ ва кулли сокинон, солимии муҳити маънавӣ, аз ҷониби шаҳрвандон риоя гардидани тозагиву озодагӣ ва дигарҳо мебошад. Бо эҳсоси ифтихор бояд изҳор дошт, ки дар доираи омодагиҳо ба ҷашни мамлакат бо иқдоми неку ватанпарваронаи соҳибкорону саховатмандон иншооти зиёд бунёд гардида ва чандин иншоот бо ҳузури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ дода шуд. Маркази хизматрасонии «Амид», чойхонаи миллии маҳалла, ки дорои сехи дўзандагӣ, дорухона, сартарошхона аст, аз ин зумра мебошад.

Ҳамчунин бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар назди чойхонаи навбунёд майдонча барои бозии кўдакон бунёд ёфт, ки ҳадяи беҳтарин барои тифлон аст. Дар назди бинои рақами 33-юми маҳаллаи 13-ум майдончаи бозии бачагон мавриди истифода дода шуда, ҳудуди бештар аз 700 метри мураббаъ роҳрав бо қувваи соҳибкорон сафолакпўш ва бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр чароғон карда шуд. Имрӯз аз ин роҳҳои равшану мунаввар ва обод дилҳои сокинон ризоманду шод аст. Дар маҳаллаи 13-ум бо ширкати Пешвои миллат Маркази хизматрасонии «Хуҷанд-Плаза» мавриди баҳрабардорӣ дода шуд, ки дорои толори арўсӣ, толори ҳусн, қаҳвахона аст. Ҷоиз ба зикр аст, ки дар маросими ифтитоҳи ин Марказ Ҷаноби Олӣ барои бештар аз 100 нафар ятимони кулли шаҳр дар ин бинои тозабунёди зебову замонавӣ дастархони идона кушода ва тўҳфаҳо супориданд. Дар доираи 1300-рўзи меҳнати зарбдоронаи созандагиву бунёдкорона дар маҳаллаи 18-ум аз ҷониби соҳибкорони маҳалла майдончаи футболбозӣ ва майдончаи бозии бачагон аз нав таъмир ва ба истифода дода шуд.

Имрўзҳо дар маҳалла бо иқдоми соҳибкорон бунёди ду бинои 12 ва 13 ошёнагӣ дар арафаи баанҷомрасӣ аст. Дар доираи омодагиҳо ба ҷашни фархундаи мамлакат беш аз 1000 метри мураббаъ роҳҳои байни биноҳои истиқоматӣ ва роҳҳои мошингарди маҳалла асфалтпўш карда шуданд. Дар ҳудуди маҳалла таълимгоҳҳои рақамҳои 22 ва 23 , инчунин 4 адад муассисаи томактабӣ ҷойгир буда, бо роҳбарияти мактабу кўдакистонҳо ва падару модарон робитаро зич ба роҳ мондаем ва зуд-зуд дар ин муассисаҳо вохўриву мулоқотҳо доир ба пурзӯр намудани тарбияи ахлоқии ҷавонону наврасон, пешгирӣ аз қонунвайронкуниҳо ва фаҳмонида додани нуктаҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” баргузор менамоем.

Дар бобати муҳити маънавии маҳалла сухан ронда, сарвари Шӯрои бонувони маҳалла Муҳаббат Бобоҷонова иброз дошт, ки дар ҳудуди маҳалла 68 адад бинои баландошёна воқеъ буда, тибқи нақшаи тарҳрезишуда тезтез доир ба масъалаи оиладорӣ, пешгирӣ намудани хушунат, тарбияи ҷавонону наврасон, маърифати оиладорӣ ва дигар мавзуъҳои муҳим бо иштироки фардони барӯманд, шахсоне, ки бештар аз панҷоҳ-шаст сол оиладорӣ кардаанду намунаи ибрати ҷомеаанд, вохӯриву мулоқотҳо баргузор менамоем. Дар ин самт фаъолияти густурдаи Шӯрои собиқадорони маҳалла бо роҳбарии Абдунабӣ Лакимов шоистаи зикр аст, ки дар ҳар кору амали нек иқдому ташаббускорӣ зоҳир менамоянд. Бо мақсади торафт беҳтар ва солим гардонидани муҳити маҳалла ба биноҳои баланд-ошёна ба ҷуз сарвари биноҳо аз ҳисоби сокинони барӯманд – омӯзгорон ва бонувони фаъол баҳри назорат бурдан, маслиҳат додан ҷалб намудаем ва ҳар ҳафта дар ҷамъомади Шӯро бо вазъи корҳо шинос мешавем. Бо он оилаҳое, ки муаммо доранд, ба таври ҷудогона кор мебарем. Дар хусуси пешгирии хушунати оилавӣ, поймол нагардидани ҳуқуқҳои бонувон бо Маркази занон Гулрухсор робитаи доимиро ба роҳ мондаем.

Дар хусуси ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, эмгузаронӣ бар зидди бемории сироятии коронавирус низ эътибор бомасъулиятона ва бодиққатона равона гардида, маҳаллаи Мевағул ҳам дар самти даъват ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ва ҳам ваксинагирӣ дар сафи пеш аст. Ҷиҳати ободу кабудизоркунии роҳу кӯчаҳои маҳалла ҳарф зада, раиси маҳалла Нурулло Зиёбоев иброз дошт, ки дар доираи эълон гардидани 1300 рӯзи меҳнати зарбдор ба истиқболи ҷашни Истиқлолият ҳазорҳо бех дарахтони мевадору сояафкан ва гулу гулбуттаҳо қадди роҳу кӯчаҳо, назди биноҳои истиқомативу иншоотҳои иҷтимоӣ ва муассисаҳои томактабиву таълимгоҳҳо шинонда шуданд. Ба шарафи иди бузурги мамлакат маҳалла тарҳу симои тоза гирифт, зебо, хушнамуд, тозаҷавон гашт.

Дар хусуси амалҳои хайру саховатмандона гуфтан бамаврид аст, ки бо дастгирии соҳибкорон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳр, вакилони мардумии Маҷлиси вакилони вилоят ва шаҳр, Масҷиди ҷомеи ҳудуди маҳалла ятимону бепарасторон, камбизоатону маъюбон дар ҳар иду айём, албатта, аёдат карда, маводи озуқаву тӯҳфаҳо дода мешавад. Соли 2021-ум ба бештар аз чаҳорсад нафар чунин ашхос кӯмак расонида шуд. Имрӯз сокинони маҳалла бо эҳсоси рӯҳбаландӣ аз диққату эътибори Пешвои муаззами миллат ва Раиси вилоят дилгармона бо кору пайкори созандагиву бунёдкорона машғуланд.

Рафоат МӮЪМИНОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh