НИГОҲИ НЕК БА ҶАВОНОН - ПЕШБИНИИ ОЯНДАИ ДУРАХШОН!

Ҷавонон нерўи пешбар ва ояндаи дурахшони давлатанд. Мақому манзалати онон сол то сол боло рафта, давлату Ҳукумат пайваста ғамхорӣ мекунад то шароити беҳтарро барои ин қишр фароҳам оварад. Имрўз дар тамоми самтҳои кишвар саҳми ҷавонон назаррас буда, ҳамчун иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа фаъолият мебаранд. Маҳз таваҷҷуҳу ғамхориҳои бевоситаи Сарвари давлат аст, ки имрўз ҷавонон дар тамоми соҳаҳо пешсафанд.

Чунончи Президенти кишвар дар яке аз баромадҳои худ дар ин хусус зикр намудаанд: «Ҷавонон ояндаи давлату миллат, қувваи пешбарандаи ҷомеа ва захираи стратегии давлату Ҳукумати мамлакат мебошанд. Ман борҳо таъкид кардам ва имрўз бори дигар бо ифтихор иброз медорам, ки ҷавонони мо дорои ҳисси баланди миллӣ ва эҳсоси гарми ватандўстиву ватанпарварӣ буда, дар мубориза бо ҳама гуна хавфу хатарҳое, ки зидди давлату миллатанд, омода мебошанд ва манфиатҳои миллиро аз ҳар манфиати дигар боло медонанд».

Бар ивази ин таваҷҷуҳ ва эътимод ба ин қишри ояндасоз, ҷавонон низ пешсафии худро нишон дода дар ҳама самтҳо муваффақанд. Ҷавонони даврони Истиқлол имрўз хуб дарк мекунанд, ки ҳоло замони ҷаҳонишавӣ аст ва онҳо бояд илм омўзанд, касб аз худ кунанд, то ҳамқадами замон бошанд. Ин аст, ки имрўз ҷавонон, ҳатто, аз деҳаҳои дурдасти ватанамон ба хориҷи кишвар ва шаҳрҳои бузург рафта, таҳсили илм мекунанд.

Тавре, ки дар Паёми солонаи Пешвои миллат ироа гардид, дар соли 2021 беш аз 42 ҳазор нафар дар 25 давлати хориҷӣ таҳсили илм мекунанд, ки ин шумора воқеан боиси ифтихор аст. Ҳамчунин, бо хоҳиши худ ҷавонони бо нангу номус ба хизмати Модар - Ватан рафта, ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар содиқона хизмат карда истодаанд. Ин насли бунёдкор инчунин ба оммавигардонии варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим саҳми басо муҳим доранд ва ҳамасола дар мусобиқаҳои гуногуни байналмилалӣ иштирок карда, парчами кишварамонро дар арсаи олам баланд мебардоранд. Сарвари давлат дар ҳар баромади худ фаъолияти ҷавононро зикр намуда, онҳоро ҳамчун нерўи пешбари давлату Ҳукумат медонанд. Ин диққати махсус буд, ки Пешвоимиллат муҳтарам ЭмомалӣРаҳмон соли 2017-ро «Соли ҷавонон» эълон намуданд.

Дар соли ҷавонон таъин шудани якчанд ҷавонон дар вазифаҳои роҳбарӣ далели он аст, ки Ҳукумати кишвар ба нигоҳи ҷавонон ва фаъолияти онҳо дар пешрафти кишвар такя менамояд. Ҳамчунин роҳандозӣ намудани озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурўғи субҳи доноӣ» ва «Илм фурўғи маърифат» иқдоми хуби Роҳбари давлат аст, то ки ҷавононро ба аз худ кардани илмҳо сахт алоқаманд созад. Эълон гардидани «Бистсолаи омўзиш ва рушди илмҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ» боиси таваҷҷуҳи ҷавонон ба илмҳои дақиқ гардида, дар ин самт онҳо аллакай ба як қатор олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, натиҷаҳои дилхоҳро ба даст оварда истодаанд. Бо таваҷҷўҳ ба ҳадафи асосии Ҳукумати кишвар ҷавонон ба касбу кори доимӣ таъмин гардида, дар тамоми соҳаҳо ба ҳайси кадрҳои ҷавон ҷалб мегарданд.

Қобили қайд аст, ки аз давраҳои қадим ба ҷавонон ҳамчун нерўи қавии ҷисмонӣ аҳамият дода, онҳоро барои амалӣ намудани мақсадҳои стратегии ҳарбӣ ва таъмини амнияти кишвар истифода мекарданд, ҳоло бошад, бо пешрафти ҷаҳони муосир нисбат ба қувваи ҷисмонӣ, ба нерўи ақлониву зеҳнии онҳо диққати махсус медиҳанд.

Метавон гуфт, ки барои рушди илму технология ва коркарди идеяҳои муосир тамоми кишварҳои олам ба диди ҷавонон таваҷҷуҳ менамояд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ барои ҳалли мушкилоти насли ҷавон кўшиш ба харҷ дода мешавад. Чуноне ки Президенти кишвар дар баромади худ иброз намуданд: «Мо бо ҷавонони бонангу номуси худ ифтихор мекунем ва барои ҳалли масъалаҳои онҳо минбаъд низ тамоми тадбирҳоро амалӣ мегардонем.

Итминони комил дорам, ки ҷавонони мо дар дигаргунсозиҳои ҷомеаи навин боз ҳам фаъолона иштирок карда, дар муаррифии давлати миллӣ, ҳифзи арзишҳои истиқлолият ва рушди Тоҷикистони азиз беш аз пеш саҳм мегузоранд.» Дар ҷавоби ин ҳама ғамхориҳои пайвастаи давлату Ҳукумат бояд ҳар ҷавон аз имкониятҳои фароҳамшудаи худ истифода карда, бо ҳисси масъулиятшиносӣ барои пешрафту тараққиёти кишвар саҳми арзандаи худро гузорад.

Суман ҲОМИДОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh