Аёдати собиқадорони меҳнат дар ноҳияи Мастчоҳ

15 январ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Мастчоҳ собиқадорони меҳнат Сафарбой Сафаров ва Раҷаб Ниёзовро аёдат кард.

Дар сӯҳбат бо собиқадорон Раҷаббой Аҳмадзода таъкид кард, ки роҳбарияти вилоят дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳаёту фаъолияти собиқадорон таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир карда, мунтазам онҳоро дастгирӣ менамояд.

Сафарбой Сафаров собиқадори соҳаи маориф буда, солҳои зиёд чун омӯзгор ва мушовири шуъбаи маорифи ноҳия кор кардааст.

Хизматҳояш бо нишони Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ифтихорномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорати маориф ва илм, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва ноҳияи Мастчоҳ қадрдонӣ карда шудааст.

Раҷаб Ниёзов умри худро сарфи соҳаи тандурустӣ намудааст. Мавсуф соли 1972 Донишгоҳи давлатии тибби Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Синоро хатм намудааст.

Чун духтури амрози дарунӣ фаъолият бурда, дар давоми фаъолияти кориаш барои пешрафти соҳаи тандурустии ноҳия, тайёр намудани коркунони тиб, беҳтар гаштани базаи моддию техникии муассисаҳои тиббии ноҳия, пешгирӣ намудани бисёр бемориҳои сирояткунанда саҳми босазо гузоштааст.

Аз соли 1975 сардухтури беморхонаи марказии ноҳия таъин шуда, дар ин вазифа то соли 1987 фаъолият намуд. Аз соли 1987 то соли 2002 мудири шуъбаи ёрии таъҷилии беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳ низ буд.

Хизматҳои шоёни ӯ бо медалҳои «Хизмати шоиста» ва «Шараф” дараҷаи 2 ва як қатор Ифтихорномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳияи Мастчоҳ қадрдонӣ гардидааст.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh