Раиси вилоят собиқадорони меҳнат Абдусаттор Абдусамадов ва Ӯғилҷон Одиловаро аёдат кард

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни сафари корӣ ба ноҳияи Спитамен собиқадорони меҳнат Абдусаттор Абдусамадов ва Ӯғилҷон Одиловаро аёдат кард.

Роҳбари вилоят аз хизматҳои собиқадорон дар рушди хоҷагии халқи ноҳия ёдовар шуда, ба пирони кор саломативу хушиҳои рӯзгорро орзу намуд.

Боиси зикр аст, ки Абдусаттор Абдусамадов 10 марти соли 1951 дар ноҳияи Спитамен таваллуд шуда, соли 1972 Донишгоҳи давлатии меъморӣ ва сохтмонии шаҳри Самарқандро бо ихтисоси муҳандис – сохтмончӣ хатм кардааст. Фаъолияти меҳнатии худро аз соли 1972 ҳамчун муҳандис – усто дар корхонаи “Бекободметаллургстрой”-и шаҳри Бекободи Ҷумҳурии Ӯзбекистон оғоз намуда, солҳои 1990 – 1992 ҳамчун раиси Кумитаи иҷроияи ноҳияи Спитамен фаъолият дошт. Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1992 ба вазифаи раиси ноҳияи Спитамен таъин гардида, то соли 1995 дар ин вазифа кор кардааст. Мавсуф нафақахӯр аст ва соҳиби 5 фарзанду 16 набера мебошад. Барои хизматҳои шоиста ва фаъолияти арзандаи меҳнатӣ соли 2001 бо ордени “Дӯстӣ” қадрдонӣ карда шудааст.

Ӯғилҷон Одилова 29 сентябри соли 1953 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Хатмкардаи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон буда, фаъолияти меҳнатии худро аз соли 1973 ҳамчун мутахассис дар Институти илмӣ – истеҳсолии боғпарварию сабзавоткории ба номи В.И.Мичурин оғоз намудааст.

Аз соли 1975 то 2014 дар Раёсати кишоварзии ноҳияи Спитамен ба ҳайси муовини сардори раёсат, сармутахассис ва мутахассис фаъолият дошт.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh