ЧАРОҒИ РАВШАНИ МАНЗИЛ ё нигоҳе аз масири муҳаббат ба зиндагӣ

Ба шарофати соҳибистиқлолии Ватани азизу маҳбубамон - Тоҷикистони биҳиштосо мавқеъ, манзалат ва шарофати зан – бонувони дилогоҳи ин сарзамини куҳантамаддун дар ҷомеаи муосир баланду арҷманд гардид. Ин асолати ба занон хос аз сиёсати оқилона, хирадмандона ва эҳтирому мукаррам доштани симову чеҳраҳои бонувон дар меҳвари азму субот ва ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашмаву оғоз мегирад. Ин радиф ҳоло дар ҳаёту рӯзгори мардумони мо ба воқеият ва ҳақиқат табдил ёфтааст.

Ба хотир меоварем: аз ҷониби Пешвои муаззами миллат эълон шудани соли 2015 – Соли оила бо гузашти солҳо, яъне давоми ҳафт соли охир дар оини хонаводагӣ, рӯзгор, ҳамсарӣ ва оиладорӣ саҳифаи тозаи таърих дар воқеияти ҷомеаи имрӯзаи мо маҳсуб ёфтаасту меёбад. Агар ба ифодаҳои тамаддуни халқи бунёдкори тоҷик зеҳн монем, равшан эҳсос мешавад, ки халқҳои ориёии мо дар масири таърих оин ва рисолати ҳамсаргузинӣ доштанд. Дар мисоли он, ки мард бояд хонаводаашро таъмин кунад ва вақте аз дари хона дохил мешавад, тамоми корҳои берунаро фаромӯш карда, бо оилааш машғул гардад. Дар ҳамин ҳолат оила ва фарзандон ба ӯ меҳри ҳақиқӣ пайдо мекунанд. Агар зан дар хона бошад, бояд ҳамаи корҳои рӯзгорро иҷро намояд ва дар интизори шавҳар қарор бигирад, ин зан, ин бонуи меҳрпарвар зани хушбахту хушиқбол аст.

Ин аст оини оиладорӣ. Мақому манзалат, мавқеъ ва ҷойи занонбонувони азизи мо дар ҳаёти имрӯзаи ҷомеа, кишвар, Ватану сарзаминамон дар дараҷаи вусъатбор қарор гирифтааст. Ва ё худ мегӯянд: Оила барои ҳамеша аст. Аз ин нуқтаи назар нигоҳ кунем, дар ҷараёни ҳаёт мебинем, ки оини ҳамсарӣ ва оиладорӣ байни ҷавонон на ба тарзи қавӣ, устуворӣ ва таҳкимназирӣ дида мешавад. Биноан, дар байни ҷавонон – оилаҳои ҷавон ҷудошавӣ бисёр аст аксар бо сабабҳои субъективию беарзиш. Монеаҳое ҳастанд, ки пеши роҳи барқарор намудани ин оинро мегиранд. Агар падару модарони ҳам домоду ҳам арӯс барои беҳбудиву тарбияи оила ҳаракати ҷиддӣ ва мақсаднок кунанд, он оилаи хуб мешавад. Агар, ки баръакси ин ҳолат шавад, оилаи ҷавон аз байн меравад, пош мехӯрад. Дар ҳама маврид, мавқеи зан дар оиладорӣ устувор бояд бошад. Ҳаёт дар сурату сирати бонувон ҷонбахшу рӯҳнавоз аст, зуҳури осмонии баҳори оиладориву рӯзгордорист. Занон қишри сершумори аҳолии кишвари мо – Тоҷикистонанд, ки иқтидору неруи зеҳниашон, қобилияти ақлониашон дар пешравии Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон имрӯз хеле афзунанд. Ҳаёт тазодҳои худро низ дорад.

Ҳамчун рӯзноманигор бо далелҳое дучор шудаам, ки мавқеи занро дар ҷомеа ба таври гӯё собит намесохтанд. Ҳаёт исбот кардааст, ки занон аз ҷиҳати ақлу фаросат, кору пайкор, иродаву азму суботашон аз мардон ҳеҷ камӣ надоранд. Аз ҳаёт қиёсе бардоштаам ва ҳангоми фаъолиятам дар кумитаи телевизиони вилоят ва рӯзномаи вилоятӣ борҳо, такрор ба такрор мушоҳида кардаам, ки дар деҳот аксари духтарони аълохон бо сабабҳои гуногун таҳсилашонро давом надода, маълумоти кофӣ нагирифта, ба кормандони бетахассуси табдил меёфтанд, бо маоши ночиз қаноат карда, асосан ба нигоҳубини фарзандон ва чорвои хонагӣ машғул мешуданд. Барои тарбияи фарзанди дилбанду муваффақу ояндадор модаронро донишу маърифат ва маҳорату малакаҳои бештар лозим мебошад. Бо ташаббус ва ҳидояти Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон шуданаш агар бигӯям, ки ба мавқеи занон – бонувон таҳкиму устуворӣ зам менамояд, гумон мекунам, ягон муболиғае нахоҳад буд. Далелҳо собит месозанд, ки ба сабаби дур мондан аз омӯзиши фанҳои дақиқ меҳнати зани тоҷик дар ҷаҳони рақобатомез, дар замони ҷаҳонишавии босуръат хеле камарзиш гардида, ба мавқеи иҷтимоии ӯ дар дохилу хориҷи кишвар коҳиш ба бор меоварад.

Ҳоло ташкилоту ниҳодҳои самти мазкур тадқиқоти бунёдӣ мебаранд, то вазъи омӯзиши фанҳои дақиқ аз ҷониби духтарони деҳотҳо аниқу муайян гардад. Тадбири ҳадафманд баҳри устувории мавқеи зан дар ҷомеаи имрӯза таконе хоҳад бахшид. Ба ин хотир Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳояшон ва Паёмҳои ҳарсолаашон ба масъалаи баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеаи навини мо диққати ҳамагонро ҷалб менамоянд. Зеро занон дар ҷомеаи Тоҷикистон 50 фоизи аҳолиро ташкил карда, дар пешрафти соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи мамлакат нақши муассир доранд. Дар ин раванд бештар ҷалб кардани бонувон ба кор дар муассисаҳои тиббӣ, маориф, хизмати давлатӣ, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, соҳибкорӣ пурманфиат арзёбӣ мешаванд. Дар ин росто Фармони махсуси Президенти мамлакат дар бораи баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеа хоси давлати миллӣ, ҳамқадами замони муосир муаррифӣ мешавад.

Имрӯзҳо бо шарофати ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат, Президенти маҳбубамон дар самти татбиқи барномаҳои давлатӣ оид ба баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеа корҳои вусъатпазир амалӣ гардида истодаанд. Мавриди зикр аст, ки иҷрои ҳадафсози ду Қонуни миллӣ - «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дар масири кору пайкор, мавқеъ ва рисолати зан – бонувон дар ҷомеаи ҷадиди мо бозтоби ҳақиқат ва воқеият мебошанд.

Барно АБДУҒАФФОРОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh