ГИРИФТОРӢ БА ИНТЕРНЕТ ВА ОҚИБАТҲОИ ОН

Бо рушди босуръати интернет ҷавонон вобастагии шадиде ба дунёи маҷозӣ пайдо карданд. Имрўз кам нафароне ҳастанд, ки аз интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ истифода намебаранд. Ҳастанд ҷавононе, ки ҳатто як рўз бе интернет буда наметавонанд, ки ин гирифтории шадиди онҳо ба дунёи ғайривоқеӣ аст. Дар кўчаву бозор, микроавтобус, мавзеъҳои истироҳатӣ, донишгоҳ, муассисаҳои таълимӣ наврасону ҷавонон ва ҳатто калонсолон дар даст телефон дар ҳоли навиштан, хондан ва тамошо кардани аксу наворҳо аз шабакаҳои иҷтимоӣ ё паёмакҳо (мессенҷерҳо) ҳастанд. Албатта, ин омил тамоми ҷаҳонро фаро гирифтааст. Ин ҳолат барои ҳаёт ва зиндагии минбаъдаи ҷавонон чӣ паёмадҳо дорад?

Равоншинос Шўҳрат Иброҳимов иброз дошт, ки барои ҷавонон ҳар иттилооти нав ҷолиб аст ва онҳо вақт надоранд, ки маълумоти зиёд гиранд барои ҳамин ҳам аз интернет истифода мебаранд. Тибқи омори сад соли охир 10- 15 фисади одамони дунё аз ҷиҳати ақлонӣ рушд карда, 80- 90 фисади дигар бе мақсад зиндагӣ мекунанд.

Нафароне, ки бе ҳадаф зиндагӣ доранд, барояшон ҳаёт бемаъно ва якранг аст ва онҳо танҳо ба хотири гузаронидани вақт аз шабакаҳои иҷтимоӣ истифода мебаранд. Ба ҳамдигар менависанд, ханда мекунанд ё дидаашонро нақл мекунанд. Ин тоифа истифодабарандагони интернет зеҳнашон кунд шуда, инкишофи ақлониашон суст мегардад. Вақте ба интернет зиёд вобаста мешаванд, фаромӯшхотир шуда, нафарони 45-50 сола болоро хатари гирифторшавӣ ба бемории олзоймер ба вуҷуд меояд. Ҳатто ҳолате шуданаш мумкин, ки одам чанд соат тамоми чизро фаромўш мекунад.

Масалан, вақте ба кўча мебарояд, намедонад, ки барои чӣ баромадаасту чӣ кор бояд кард. Барои вобаста нашудан ба дунёи маҷозӣ ва пешгирии фаромўшхотирӣ ё мувоҷеҳ нашудан ба бемории олзоймер, бояд ҳар нафар тўли шаш моҳ як китобро хонда, ба охир расонад, ба забономўзӣ машғул гардад ё ихтирое кунад, ки ақл фаъолона амал намоянд.

Суман ҲОМИДОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh