Раиси вилоят Усмон Олим ва Муҳаббат Шарифхўҷаеваро аёдат намуд

Дирўз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода шоири ваҳдатсаро Усмон Олимро, ки дар беморхонаи клиникавии шаҳрии №2-и шаҳри Хуҷанд ба табобат машғул аст, аёдат намуд.

Раҷаббой Аҳмадзода аз номи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фарорасии Соли нави мелодиро ба Усмон Олим табрик гуфта, барояш саломатии бардавом, саодати рўзгор ва илҳоми саршорро таманно намуд.

Шоир ва рўзноманигор Усмон Олим аз ин таваҷҷуҳ ва ғамхорӣ болидаруҳ гашта, ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдорӣ баён намуда, чанд намунаи шеъри эҷоднамудаашро қироат намуд.

Сипас, Раиси вилоят аз ҳоли Аълочии маорифи Тоҷикистон, собиқадори соҳаи маориф Муҳаббат Шарифхўҷаева хабар гирифт.

Раиси вилоят хизмати бенуқсони Муҳаббат Шарифхўҷаеваро давоми зиёда аз 50 сол дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10-и шаҳри Хуҷанд барои насли имрўз намунаи олии пайравӣ унвон намуда, мавсуфро бо фарорасии Соли нави мелодӣ табрику таҳният гуфт.

Муҳаббат Шарифхўҷаева аз ин таваҷҷуҳу ғамхорӣ нисбати собиқадорон арзи миннатдорӣ баён кард.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh