Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода афсарону сарбозони қисми низомии 3501-ро бо Соли нав табрик намуд

Дирӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба қисми низомии 3501-и Вазорати корҳои дохилӣ ташриф оварда, афсарону сарбозонро ба муносибати фарорасии Соли нави мелодӣ табрик кард.

Раиси вилоят аснои суҳбат иброз дошт, ки бо талошҳои пайвастаи Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президети Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Артиши миллӣ қудратманд гардида, ба нерӯи бузург ва такягоҳи ҷомеа мубаддал шудааст.

Ҳомиёни Ватан дар лаҳзаҳои хеле мушкил, ҳамчун муҳофизони содиқу вафодори миллат барои иҷрои вазифаҳои дар наздашон гузошташуда матонату мардонагӣ нишон дода, дар таҳкими сулҳу суботи давлати нави тоҷикон бо азми қавӣ хизмат кардаанд.

Дар солҳои соҳибистиқлолӣ марҳила ба марҳила барои будубоши хизматчиёни ҳарбӣ аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон ва сохторҳои низомии мамлакат шароити хуби хизматӣ ва маишӣ ҳамаҷониба фароҳам оварда шуда, дар оянда низ ҷиҳати беҳтар намудани шароит ва такмили пояҳои моддиву техникии қисмҳои низомӣ тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда мешавад.

Ба сарбозону афсарони қисми низомӣ аз номи Сарвари давлат тӯҳфаҳои солинавӣ ва маводи ғизоӣ супорида шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh