Баргузории маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 80-солагии ходими давлатию ҷамъиятӣ Биҳоҷал Раҳимова

27 декабр дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бахшида ба 80-солагии ходими давлатию ҷамъиятӣ, Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд Биҳоҷал Раҳимова маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни иштирок ва суханронӣ дар чорабинӣ таъкид кард, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ барои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа корҳои муайян ба сомон расонида шуда, қабул шудани барномаву санадҳои давлатӣ дар ин самт дар ҳаёти ҷомеа ва занон таҳаввулоти амиқ ба амал овард.

Ба тасвиб расидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа», қабули Стратегия ва Барномаҳои давлатӣ марҳилаи тозаеро дар ҳаёти сиёсии мамлакат ва бештар намудани ҷалби занон ба ҳаёти  ҷамъиятӣ боз намуд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали ба даст овардани истиқлоли давлатӣ масъалаи таъмини занон дар меҳвари сиёсати давлатии худ қарор дода, баҳри амалӣ намудани он тайи солҳои соҳибистиқлолӣ зина ба зина чораҳои мушаххасро андешида истодааст.

Аз рӯзҳои аввали даврони соҳибистиқлолии кишвар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати кору рӯзгори занон бетараф набуданд ва ба масъалаи дастгирии фаъолнокии занон, боло бурдани мақому манзалати онҳо дар ҷомеа диққати ҷиддӣ дода мешавад.

Дар тамоми ҷабҳаҳои зиндагӣ – иҷтимоиёт, иқтисодиёт, сиёсат, фарҳанг, илму маориф ва ғайра нақши занон бағоят бузург аст. Зан - модар, тарбиятгар, кадбону, завҷа; зан-омӯзгор, олима, ходими илм, арбоби илму фарҳанг; зан – ходими давлатию ҷамъият, сиёсатмадор. Дар ин бобат номи садҳо бонувони Тоҷикистонро номбар метавон кард, ки ифтихори давлату миллати куҳанбунёду тамаддунофари мо ҳастанд.

Яке аз занҳои роҳбар, ходими давлатию ҷамъиятӣ, сиёсатмадори арсаи байналмилал Раҳимова Биҳоҷал Фатҳиддиновна аз зумраи бонувони пешоҳанг маҳсуб ёфта, фаъолияти бештар аз панҷоҳсола дошта, дар риштаҳои хизмати давлатӣ дар дилу дидаи ҳамкорону ҷомеа маъво гирифтаанд.

Таъкид карда шуд, ки Раҳимова Биҳоҷал Фатҳиддиновна  соли 1941 дар деҳаи Ёваи ноҳияи Хуҷанд, вилояти Ленинобод таваллуд ёфта, баъди хатми мактаби №4-уми шаҳри Хуҷанд соли 1958 ба Институти политехникии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе дохил шудаанд. Пас аз гирифтани маълумоти олӣ солҳои 1963-1965 усто, сарвари электролабораторияи Комбинати қолинҳои шаҳри Қайроққум буданд. Қобилияти хуби ташкилотчигӣ ва кордонии Биҳоҷал Раҳимоваро ба назар гирифта, ӯро соли 1965 ба кори комсомолӣ пешбарӣ намуданд. Баъди чанд муддат котиби якуми кумитаи комсомолии ноҳияи Марказии шаҳри Душанбе интихоб шуданд. Сипас, солҳои 1970-1974 котиби КМ ЛКСМ Тоҷикистон буданд.

Фаъолияти минбаъдаи Биҳоҷал Раҳимова пурра ба корҳои масъули ҳизбӣ ва давлатӣ марбут аст. Соли 1974 муовини мудири шуъбаи ташкилию корҳои ҳизбии КМ Ҳизбии коммунисти Тоҷикистон, солҳои 1980-1983 вазифаи котиби якуми кумитаи ҳизбии ноҳияи Фрунзеи шаҳри Душанбе, аз соли 1983 то соли 1989 котиби кумитаи ҳизбии вилояти Ленинобод дар ҷабҳаи тарғиботу ташвиқот ҷараён гирифт. Соли 1989, баъди вакили Шӯрои Олии Иттиҳоди Шӯравӣ интихоб шудан Биҳоҷал Фатҳиддиновна ба ҳайси муовини Раиси Кумитаи Шӯрои Олии Иттиҳоди Шӯравӣ оид ба корҳои занон, ҳифзи модарон ва кўдакон фаъолият доштанд.

Биҳоҷал Раҳимова соли 1990 ба ҳайси котиби КМ Ҳизби коммунисти Тоҷикистон, соли 1991 муовини Сарвазири Иттиҳоди Шӯравӣ, соли 1992 мудири шуъбаи барномаҳои иҷтимоии Кумитаи иқтисодии байниҳукуматии Иттифоқи Давлатҳои мустақил (СНГ) ва муовини вазири саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 1993-1995 ба ҳайси мушовири раиси вилояти Ленинобод, мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо мутахассисони Ҳукумати вилояти Ленинобод, соли 1995 то соли 1998 директори генералии заводи Садаф, соли 1998 раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи Ҳукумати вилояти Ленинобод фаъолият карданд.  Мавсуф дар ин вазифаҳои масъулиятнок низ сифатҳои хуби кордонӣ, ташкилотчигӣ ва ташаббускорӣ зоҳир намуда, дар ҳаққи занону духтарони арҷманди вилоят пайваста ғамхорӣ мекунанд.

Биҳоҷал Раҳимова таи ин солҳо дар ҳама шаҳру навоҳии Тоҷикистон ва берун аз он ҳамчун сарвари покизакор, навҷўй, софдил, масъулиятшинос ва хоксору меҳрубон сидқан эҳтирому эътироф шудаанд.

Фаъолияти ҷамъиятӣ ва давлатии Биҳоҷал Раҳимова гуногунҷабҳа ва ибратбахш мебошад. Чандин карат вакили Шўроҳои ноҳиявӣ, шаҳрӣ ва вилоятӣ интихоб гардида, аз ҷумла вакили Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вакили Шўрои Олии Иттиҳодияи Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ интихоб шудаанд. Сенздаҳ сол (1970-1983) узви раёсати Шўрои занони Тоҷикистон ва солҳои 1984-1989 раиси Шўрои занони вилояти Ленинобод буданд. Биҳоҷал Раҳимова дар вазифаҳои раиси Шўрои ҷумҳуриявии пионерони Тоҷикистон, раиси Комиссияи кор бо занон ва ҷавонони Комитети Марказии Ҳизби коммунистии Тоҷикистон ва Раиси комиссияи байнидавлатии иқтисодии Шӯрои Олии Иттиҳоди Шӯравӣ - Лаҳистон низ бомуваффақият кор карда, худро чун арбоби намоёни давлатӣ ва сиёсӣ нишон доданд.

Хизматҳои шоёни Биҳоҷал Раҳимова бо мукофотҳои баланди ҳукуматӣ ва ифтихорӣ қадр карда шудаанд. Он кас дорандаи унвони Корманди шоистаи Тоҷикистон, соҳиби ордени «Нишони фахрӣ», медали «Барои меҳнати шоён», медали ҷашнӣ ба муносибати «100-солагии В.И.Ленин» сарфароз шудаанд.

Cипас, муовини Раиси ҲХДТ Хайринисо Юсуфӣ, муовини якуми раиси Кумитаи кор бо занон ва оила Нигорахон Ғаффорзода сухан гуфта, паёмҳои табрикиро қироат карданд. Намояндаи Консулгарии генералии Россия дар Хуҷанд меҳрномаи раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федеролии Русия Валентина Матвиенкоро ба самъи иштирокдорон расонид.

Собиқадори меҳнат Биҳоҷал Раҳимова дар охир барои қадршиносиву ғамхориҳои рӯзафзун ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдории худро баён дошт.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh