МАСЪУЛИЯТИ БАЛАНДИ ШАҲРВАНДӢ

Дирӯз дар толори хурди муассисаи давлатии Кохи Рӯдакии маркази вилоят ҷаласаи навбатии Шӯрои ҷамъиятӣ бо иштироки муовини Раиси вилоят Зайнура Азимӣ, аъзои Шӯро ва намояндагони воситаҳои ахбори оммаи вилоят доир гардид.

Ҷаласаро тибқи талаботи Оиннома аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ, раиси Федератсияи Иттифоқҳои касабаи вилоят Абдуллозода Шарифулло роҳбарӣ намуда, иштирокдоронро бо рӯзнома шинос намуд.

Дар ҷаласа рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 - уми январи соли 2021, №1753 “Дар бораи ӯҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ”, Роҳҳои пешгирӣ ва мубориза бо бемории коронавирус COVID – 19 ва ваксинакунонии аҳолӣ дар вилоят, ҷамъбасти фаъолияти Шӯрои ҷамъиятии вилоят дар соли 2021, тасдиқи нақшаи корӣ барои соли 2022 ва масъалаҳои ҷорӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Аз рӯи масъалаи аввали рӯзнома сармутахассиси шуъбаи маъмурӣ-ҳуқуқии дастгоҳи Раиси вилоят Илҳом Бониёзов баромад намуда, оид ба иҷрои даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ дар даъвати баҳорона ва тирамоҳии соли ҷорӣ мувофиқи шаҳру ноҳияҳои вилоят гузориш дод.

Сардори Раёсати тандурустии вилоят Ҳабибулло Муҳиддинов баромад намуда, иброз намуд, ки ягона роҳи пешгирӣ ва мубориза бо бемории коронавирус COVID – 19 ин ваксинакунонии аҳолӣ аст. Барои ваксинатсия бар зидди бемории коронавирус Covid - 19 ва фарогири иммунизатсияи шаҳрвандони вилоят аз 9 - уми апрели соли 2021 то инҷониб 5 намуд ба миқдори 1945986 воя ваксинаҳо ворид гаштааст. То санаи 21 - уми декабри 2021 ҳамагӣ 1628438 нафар иммунизатсия гирифтанд, ки марҳилаи якум 945689 нафар ё 54,9 фоизи аз аҳолии гурўҳи мақсаднок, бо вояи дуюм 682749 нафар ё 39,6 фоиз мебошанд. Дар шаҳру ноҳияҳои Исфара, Конибодом, Панҷакент, Истиқлол, Истаравшан ва Спитамен нишондоди ваксинагузаронӣ нисбат ба сатҳи вилоят паст мебошад.

Бояд зикр намуд, мардум гарчанде ба таври мунтазам тавассути расонаҳои ахбори умум, сомонаҳои иҷтимоӣ, рўзномаю маҷаллаҳо ва дигар воситаҳои иттилоотӣ оиди ваксинатсиякунонии аҳолӣ маълумот гиранд ҳам, аммо ин талабот дар амал дар сатҳи зарурӣ татбиқ намуда истодааст. Инчунин, мувофиқи мақсад мебуд, ки дар баробари кормандони соҳаи тандурустӣ барои анҷом додани назорати мунтазами риояи қоидаҳои беҳдоштӣ, ҷалб намудани шаҳрвандон ба иммунизатсияи зидди сирояти коронавирус COVID-19 аъзои Шӯро, аҳли ҷомеаи шаҳрвандӣ, ташкилоти ҷамъиятиву сиёсӣ, занону ҷавонони фаъол мусоидат менамуданд,- иброз дошт Ҳабибулло Муҳиддинов.

Дар фарҷом муовини Раиси вилоят Зайнура Азимӣ ҳамчун ваколатдори Раиси вилоят дар Шӯрои ҷамъиятӣ баромад карда, иброз намуд, ки масъалаҳои баррасишуда, воқеан, масъалаҳои муҳим ҳаёти ҷомеа буда, аз ҳар як шаҳраванд масъулияти баланди ватандориро баҳри ҳифзи саломатӣ ҷомеа ва марзу бум ва амну суботи кишвари азизро талаб менамоям. Бовар дорам, ки аъзои Шӯро чун рисолати бузурги ватандӯстиву ифтихори миллӣ ҷиҳати сафарбарии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ дар давраҳои минбаъда ва саривақт ваксингузаронии сокинон мусоидат менамоянд.

Сипас, баъди муҳокимаву баррасии масъалаҳо қарорҳои дахлдор қабул, фаъолияти Шӯрои ҷамъиятӣ дар соли 2021 қаноатбахш дониста шуда, нақшаи фаъолият барои соли 2022 тасдиқ шуданд.

Хабарнигори

“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh