Мулоқоти Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо собиқадорони меҳнат

25 декабри соли 2021 Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо собиқадорони меҳнат мулоқот кард.

Зимни мулоқот роҳбари вилоят родмардони арсаи меҳнату диловарӣ, собиқадорони ҷангу меҳнатро бо фарорасии Соли нави мелодии 2022 табрику таҳният гуфта, қайд намуд, ки ки дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд баҳри баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум, бахусус нафақагирон ва собиқадорони ҷангу меҳнат пайваста ғамхорӣ зоҳир менамояд.

Сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон асосан ба самти ҳифзи ҳуқуқҳои иҷтимоӣ, иқтисодии табақаҳои калонсоли ҷомеа, собиқадорони ҷангу меҳнат равона гардидааст ва қабулу татбиқи қонуну қарор, амру супоришҳои Пешвои муаззами миллат оид ба беҳдошти сатҳи ҳифзи иҷтимоии насли калонсол, бахусус собиқадорони меҳнат исботи ин гуфтаҳост.

Раиси вилоят доир ба ба фаъолияти Ташкилоти собиқадорони вилоят ибрози андеша намуда, иброз дошт, ки Шўрои собиқадорони вилоят бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд фаъолият намуда, дар амалӣ гардидани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  оид ба гиромидошт, ҳифзи иҷтимоӣ ва хизматрасонии тиббии собиқадорони ҷангу меҳнат ва дар тарбияи насли наврас дар рўҳияи садоқат ба Ватану ватандорӣ, меҳнатдўстӣ, густариши ифтихори миллӣ ва худогоҳиву худшиносӣ мақоми шоиста дорад.

Ташкилоти собиқадорони вилоят 18 ташкилоти шаҳриву ноҳиявӣ, ташкилоти собиқадорони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Раёсати корҳои дохилӣ ва хизматчиёни ҳарбии вилояти Суғд ва 290 ташкилотҳои ибтидоии собиқадоронро муттаҳид менамояд. Бештар аз 2800 нафар фаъолон вазифаҳои ҷамъиятиро дар ташкилотҳои собиқадорон иҷро менамоянд.

Ташкилоти собиқадорони ҷангу меҳнати вилоят то 1 декабри соли 2021 - ум 23 маъюбу иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, 57 нафар, ки дар ақибгоҳ кору хизмат карда, бо орденҳо ва медали «Барои меҳнати шоён дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945»  мукофотонида шудаанд ва  91 нафарро,  ки солҳои ҷанг дар ақибгоҳ кор кардаанд, ё дар  хизмати ҳарбӣ буданд, бештар аз 10 ҳазору 780 нафар собиқадорони меҳнатро муттаҳид менамояд.

Соли равон мардуми кишварамон, аз ҷумла сокинони вилоят бо рўҳияи баланди ватандорӣ 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо шукуҳу шаҳомати хос таҷлил намуданд.  Таҷлили ин ҷашни бузург чун омили муҳим баҳри беҳдошти вазъи иҷтимоии собиқадорони ҷангу меҳнат мусоидат намуд ва ба хидматҳои беназири онҳо арҷ гузошта шуд. Чунончӣ, дар арафаи ҷашни Ғалаба аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ба иштирокчиёни ҷанг, ҳамсарони саробонашон дар xанг  ҳалокшуда – 4 ҳазор сомонӣ, ба собиқадорони ақибгоҳи солҳои ҷанг 2 ҳазор сомонӣ, ҳамагӣ ба 221 нафар 502 ҳазор сомонӣ кўмакпулии яквақта пардохт карда  шуд. Кўмакпулиҳо ҳамчунин ба ашхоси номбурда аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии   шаҳру  ноҳияҳои   вилоят аз 60 то 2000 сомонӣ, ҳамагӣ ба 175 нафар 86 ҳазору 340 сомонӣ пардохта шуд.

-Умедворам, ки бо руҳбаландӣ аз ин ғамхориҳои рузафзун минбаъд низ бо хидмати шоиста, раҳнамоиву ҳидоятҳои нек ва ташаббусу иқдомоти наҷиб дар рушди иқтисодиву иҷтимоии вилоят, тарбияи худшиносиву худогоҳии ҷавонону наврасон, пешгирии амалҳои номатлуб ва бобати сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30 - солагии Иҷлосияи таърихии шонздаҳуми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми шоиста мегузоред, - илова намуд дар охири мулоқот роҳбари вилоят.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh