Дар Ҷамоати деҳоти Ворух иншооти соҳаи тандурустӣ ба истифода дода шуд

Дар Ҷамоати деҳоти Ворухи шаҳри Исфара утоқи рентгени рақамӣ ва бинои иловагии Маркази саломатии деҳоти Ворух мавриди истифода қарор гирифт.

Дар маросими ифтитоҳи иншоот Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ширкат варзида, бо табибону сокинон суҳбат орост. Таъкид карда шуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи солимии аҳолиро яке аз бахшҳои муҳим арзёбӣ карда, қайд намуданд, ки ин соҳа ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон боқӣ мемонад.

Барои рушди соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҳаҷми маблағгузории соҳа марҳила ба марҳила зиёд гардида, ҳамасола садҳо иншооти замонавии тиббӣ бунёд шуда истодааст.

Иттилоъ дода шуд, ки утоқи рентгени рақамӣ бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо маблағи наздик 2 миллион сомонӣ ҷиҳозонида шуда, барои сокинони ин минтақа имкон фароҳам меоавард, ки дар ҷамоат аз ташхис гузаранд. Бинои иловагии Маркази саломатии деҳоти Ворух бошад бо саҳмгузории соҳибкорон сохта шуда, дорои ҳуҷраи хатна, ҳуҷраи модару кӯдак ва ҳуҷраҳои ёрирасон мебошад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh