Раиси вилоят дар шаҳри Исфара собиқадорони меҳнатро аёдат намуд

Дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Исфара Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ду нафар собиқадорони меҳнатро аёдат намуд.

Раиси вилоят ба манзили Виктория Смирнова ва Кубро Собитова ташриф оварда, бо шароити зиндагии онҳо шинос гардид. Раҷаббой Аҳмадзода ба аёдатшудагон кӯмакҳои моддии хешро расонида, фарорасии Соли нави мелодиро ба онҳо табрик гуфт.

Қайд карда шуд, ки Ҳукумати мамлакат барои дастгирии собиқадорони меҳнат ва қишри ниёзманди ҷомеа тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд.

Виктория Смирнова ва Кубро Собитова аз ҳусни таваҷҷуҳ ва дастгириҳои доимӣ изҳори хушнудӣ намуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh