Аёдати собиқадорони ҷангу меҳнат дар шаҳри Конибодом

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Конибодом ба аёдати собиқадорони меҳнат рафт ва онҳоро ба муносибати фарорасии Соли нави мелодӣ табрик намуд.

Раиси вилоят аз ҷумла дар деҳаи Ниёзбек иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 Абдуваҳҳоб Махкамов, дар деҳоти ба номи Раҷаб Ҳамробоев собиқадори соҳаи маориф Муқаддасхон Холиқова ва дар маркази шаҳр собиқадори соҳаи маориф, маъюби гурҳуи як Мавлудахон Махкамоваро аёдат кард.

Зимни суҳбатҳо бо собиқадорони ҷангу меҳнат таъкид карда шуд, ки дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд баҳри баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум, бахусус нафақагирон ва собиқадорони ҷангу меҳнат пайваста ғамхорӣ зоҳир менамояд.

Сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон асосан ба самти ҳифзи ҳуқуқҳои иҷтимоӣ, иқтисодии табақаҳои калонсоли ҷомеа, собиқадорони ҷангу меҳнат равона гардидааст ва қабулу татбиқи қонуну қарор, амру супоришҳои Пешвои муаззами миллат оид ба беҳдошти сатҳи ҳифзи иҷтимоии насли калонсол, бахусус собиқадорони меҳнат исботи ин гуфтаҳост.

Ба собиқадорони ҷангу меҳнат туҳфаҳои идона супорида шуд  ва аёдатшудагон барои дастгириҳои доимӣ ва ғамхориҳои рӯзафзун ба роҳбарияти олии мамлакат миннатдории худро расониданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh