ТАРБИЯИ ФАРЗАНД – МАСЪУЛИЯТ

Падару модар барои таълиму тарбияи фарзандон масъул мебошанд. Онҳо вазифадоранд, ки дар роҳи илму дониш ва варзиш барои фарзандон шароити мусоид муҳайё созанд. Беҳуда нагуфтаанд, ки: “Фарзанд азиз, одобаш аз он азизтар”.

Дар ҳолате ки волидон худ рушдёфта ва хештаншиносу масъулиятшинос бошанд, пас фарзандонашон низ дар чунин муҳит тарбия хоҳанд ёфт. Агар волидон ба таълиму тарбияи фарзанд бепарвоӣ зоҳир намоянд, дар ин ҳолат фарзандони онҳо боақлу соҳибмаърифат нахоҳанд шуд. Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои волидайн дар таълиму тарбияи фарзанд инъикос гардидааст. Вақте ки кӯдак чашм ба олами ҳастӣ кушод, падару модар вазифадоранд, ки ба ў номи нек гузоранд, зеро гузоштани ном ҳам ба ҳолати равонии кӯдак таъсири калони манфӣ ё мусбӣ мерасонад. Баъзе падару модар ба гаштугузори фарзанд дар кӯча ё дар ҷойҳои ҷамъиятӣ аҳамият намедиҳанд. Дар таълиму тарбияи насли наврас ҷомеа ҳам ҳиссаи худро бояд гузорад. Аввалин маконе, ки фарзанд тарбия мегирад, ин назди падару модар бошад, дуюминаш ҷамъият аст.

Дар доираи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ вохӯрӣ бо устодон, хонандагон ва волидайн ба роҳ монда шудааст. Волидон барои огоҳӣ пайдо кардан аз ҳолати фарзандонашон дар маҷлисҳои синфӣ ва фардӣ бояд иштирок намоянд. Агар алоқаи омӯзгор бо волидайн зич ба роҳ монда шуда бошад, хонанда ё донишҷӯ вақти худро беҳуда сарф намекунад. Омӯзгор нақшаи худро мукаммал тартиб дода бошаду волидон нисбат ба фарзандашон назоратро пурзӯр намоянд, масъалаҳои ба миёномада ҳалли худро меёбанд.

Омӯзгор дар муассисаҳои таълимӣ чорабиниҳои гуногун ташкил карда, волидонро даъват намояд, то ин ки аз маҳорат, малакаю истеъдоди фарзандашон бохабар бошанд. Ҳамин тавр агар фарзандон зери назорат қарор дошта бошанд, он гоҳ роҳи ояндаи дурахшони худро ёфта мегиранд. Ояндаи миллат вобаста ба таълиму тарбияи фарзанд аст, аз ин хотир, волидон кӯдакони худро аз рӯзи ба дунё омаданаш дар рӯҳияи меҳнатдӯстӣ, ватандӯстӣ ва донишомӯзӣ ба камол расонанд. Мутаассифона, баъзе падару модарон тарбияи фарзандони худро ба мактаб ҳавола мекунанд ва гӯё кори таълиму тарбия танҳо бар дўши муассисаи таълимӣ аст. Ҳол он, ки хонанда бисёр вақти худро дар назди падару модар мегузаронад. Аз ин рў, агар тарбияи фарзанд аз хона вайрон шавад, ҷомеа ва муассиса наметавонад ӯро ба роҳи дуруст ҳидоят кунад.

Бинобар ин тарбияи фарзанд аз ҳама кори муҳимтарини падару модар, омӯзгор, ҷамъият ва давлат буда, танҳо дар ҳамин ҳолат ҷавонон ҳаматарафа мукаммал ба камол расида, барои рушди Тоҷикистон ҳиссагузор мегарданд.

Умматалӣ ХОҶАЕВ,

донишҷӯи факултети забонҳои шарқи

Донишгоҳи давлатии Хуҷанд

ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Add comment


Security code
Refresh