ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ ДАР РАВАНДИ ТАНСИҲАТӢ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳои хеш иброз медоранд, ки соҳаи тандурустӣ яке аз самтҳои аввалиндараҷаи сиёсати иҷтимоии давлати Тоҷикистон ба шумор рафта, давоми солҳои охир бомаром рушд карда, то имрӯз ба пешравиҳои назаррас ноил шудааст.

Ҳукумати мамлакат дар ин давра ба пешрафти соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, барои ҳалли мушкилоти ин соҳаи ҳаётан муҳим тадбирҳои зиёдеро амалӣ гардонид. Солҳои охир ба муассисаҳои тиббӣ таҷҳизоти замонавӣ бештар ворид гардида, ба ин восита сатҳи ташхису табобати беморон беҳтар шуда истодааст. Духтурони ҳамаи равияҳои ҳифозати тани сиҳату рӯҳи солим кӯшиш ба харҷ дода истодаанд, то ки ба ҳифзи солимии ҳар фард саҳм гузоранд. Доир ба фаъолияти ташкилоту муассисаҳои соҳаи тандурустӣ бо Сардори Раёсати тандурустии вилоят Ҳабибулло Муҳиддинов ҳамсуҳбат гардидем.

Ҳабибулло Муҳиддинов, мегуфтед, ки имрӯз дар вилоят таъминот бо таҷҳизот дар кадом сатҳ қарор дорад?

 - Гуфтан ҷоиз аст, ки имрӯз дар вилоят 933 муассисаи тандурустии давлатӣ, аз ҷумла 132 муассисаи госпиталӣ, 797 муассисаи сохтори КАТС, 139 муассисаи махсусгардонида, инчунин муассисаҳои хусусӣ, аз ҷумла 114 ҶДММ, 43 намоянда ва 106 соҳибкори инфиродӣ фаъолият мебаранд. Дар 11 моҳи соли 2021 аз буҷети вилоят барои соҳаи тандуpустӣ 487,7 миллион сомонӣ маблағ пешбинӣ шуда, баpои таъмини эҳтиёҷи соҳаи тандуpустӣ 482,9 миллион сомонӣ ҷудо гаpдидааст. Баҳри самаранокӣ ва шароити мусоиди кору табобат 1645 таҷҳизот ва лавозимоти тиббӣ ба маблағи 64,7 миллион сомонӣ харидорӣ ва дастрас шудааст. Аз ҷумла, аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон 51,6 миллион сомонӣ, аз ҳисоби маблағҳои МИҲД ба маблағи 897,5 ҳазор сомонӣ, аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ ба маблағи 3,4 миллион сомонӣ, аз кўмакҳои башардўстона ба маблағи 8,5 миллион сомонӣ, аз ҳисоби суратҳисоби махсус 235,4 ҳазор сомонӣ ҷудо гардидааст.

Инчунин аз ҷониби ҶСК “Фармагарант Рус” як маҷмўъ клиникии сайёр ба маблағи 7,3 миллион сомонӣ ба тариқи ройгон дастрас карда шуд.

- Оид ба рафти сохтмон ва таъмири иншооти тандурустӣ маълумот медодед.

- Баҳри иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади омодагӣ ба истиқболи сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи нақша дар солҳои 2018-2021- ум як қатор муассисаҳои тиббӣ сохтмон, азнавсозӣ ва таъмир шуда, дар вилоят 503 иншооти соҳаи тандурустӣ ташкил шудааст. Аз ҷумла, 75 беморхона, 120 бунгоҳҳои саломатӣ, 85 маркази саломатӣ, 20 таваллудхона, 93 нуқтаи хатна ва 110 дорухонаро ташкил медиҳад.

Гуфтан ҷоиз аст, ки соли равон дар вилоят муассисаи хусусӣ - стоматологии Маркази табобатии «Винир» ва муассисаи хусусии микроҷарроҳии чашм «Босира» бо таҷҳизоти муосири тиббӣ ҷиҳозонида шуда ва бо мақсади беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ дар соҳаи тандурустии вилоят сохтмони як қатор иншооти соҳаи тандурустӣ, аз ҷумла Маркази ташхисию табобатӣ барои 80 кат дар Ҷамоати деҳоти Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Муассисаи давлатии “Маркази дастгирии оила ва кўдак” дар шаҳри Истаравшан, Маркази солимгардонӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов, таваллудхонаи Маркази саломатии деҳаи Анзоби ноҳияи Айнӣ ва Дармонгоҳи стоматологии бачагонаи шаҳри Хуҷанд бо дастгирии мақомоти маҳаллӣ, соҳибкорон ва шахсони саховатманд ба истифода дода шуд.

Бояд қайд намуд, ки дар рӯзҳои ҷашни фархундаикишвар моҳисентябри соли равон сохтмони бинои нави Беморхонаи ноҳиявии №5-и ҷамоати деҳоти Понғози ноҳияи Ашт, Маркази саломатии Себзори ноҳияи Шаҳристон, Маркази саломатии Зарзамини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Бунгоҳи саломатии Сомониёни шаҳри Конибодом ва шуъбаи равоншиносии Беморхонаи марказии ноҳияи Айнӣ ба истифода дода шуд.

Бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмиру тармими шуъбаҳои сироятӣ дар беморхонаҳои марказии ноҳияҳои Деваштич, Зафаробод шаҳрҳои Конибодому Бўстон дар арафаи анҷомёбист. Таъмири Беморхонаи касалиҳои сирояткунандаи шаҳри Хуҷанд, шуъбаҳои эҳёи Беморхонаи клиникавии вилоятию Беморхонаи марказии ноҳияи Спитамен ҳамчунин шуъбаи ҷарроҳии Беморхонаи марказии шаҳри Истаравшан ба итмом расонида шуд.

Дар ин давра бо маблағгузорӣ аз ҳамаи сарчашмаҳо таъмири куллии шуъбаи Беморхонаи минтақавии Ӯзбекқишлоқи ноҳияи Ҷаббор Расулов, таъмири марказҳои саломатӣ дар шаҳрҳои Панҷакент, Конибодом, сохтмони Бунгоҳҳои саломатӣ дар шаҳри Панҷакент ва ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Айнӣ ва Деваштич, таъмири амалиётхонаи Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳ, шуъбаи ҷарроҳӣ, урологӣ ва ҳуҷраи рентгенӣ дар Беморхонаи марказии ноҳияи Зафаробод гузаронида шуд. Сохтмони таваллудхонаи шаҳрии шаҳри Панҷакент, Беморхонаи минтақавии деҳаи Урметан сохтмони бинои иловагии Маркази саломатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, сохтмони марказҳо ва бунгоҳҳои саломатӣ дар шаҳрҳои Панҷакент, Истаравшан ва ноҳияҳои Айнӣ, Шаҳристон ва Спитамен бо маром идома дорад. Бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва мақомоти маҳалӣ таъмири таваллудхонаи вилоятӣ, шуъбаҳои Беморхонаи клиникавии вилоятӣ, Маркази вилоятии касалиҳои шараёну дил, Маркази вилоятии бемориҳои дил ва ҷарроҳии дилу рагҳо, Беморхонаи клиникавии вилоятии бачагона, Маркази солимгардонии бемориҳои бачагона ва як қатор дигар иншоот оғоз гардида, барои онҳо аз буҷети вилоят зиёда аз 12,2 миллион сомонӣ ва аз ҳисоби суратҳисоби махсус 1 миллион сомонӣ маблағ пешбинӣ шудааст ва таъмири ин иншоот дар арафаи анҷомёбист.

Бо мақсади омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2021-2022 Таваллудхонаи шаҳрии шаҳри Панҷакент ва Беморхонаи ноҳиявии №5-уми ноҳияи Ашт бо шабакаи гармидиҳии марказонидашуда ва дегхона таъмин шудааст. Айни замон дар миқёси вилоят ду маркази саломатӣ ва 29 бунгоҳи саломатӣ дар ҷойҳои номутобиқ ҷойгир аст.

- Соҳаи тандурустӣ бобати табобат бо усули нав ба кадом дастоврадҳо ноил гардид?

- Бо усули нав дар шуъбаи ҷарроҳии нуқсони модарзодӣ ва тарбоди дили Маркази бемориҳои дил ва ҷарроҳии дилу рагҳои вилояти Суғд ба номи профессор Амонулло Орифов дар ёздаҳ моҳи соли 2021-ум 86 амалиёти ҷарроҳӣ гузаронида шудааст, ки дар ҳамин давраи соли 2020-ум 76 ҷарроҳӣ буд.

Инчунин, ба 16 нафар бемор ҷарроҳии гузоштани импланти стимулятори барқии дил гузаронида шуд.

Дар ин давра дар шуъбаи бемориҳои ишемияи дил ва рагҳои хунгарди маркази номбурда ҳамагӣ 182 амалиёти ҷарроҳӣ гузаронида шудааст, ки дар ҳамин давраи соли 2020-ум 142 ҷарроҳӣ буд. Аз ҷарроҳиҳои гузаронида 69 амалиёти ҷарроҳӣ шунткунонии аортокоронарӣ мебошад. Дар ин муҳлат ба 323 нафар бемор ангиографияи шараёнҳои коронарӣ, 324 ва 152 амалиёти стентгузорӣ иҷро шудааст. Дар шуъбаи осебшиносию раддодии Беморхонаи клиникавии №1- уми шаҳри Хуҷанд дар соли 2021 - ум 91 амалиёти эндопротезкунонии буғуми косу рон нисбат ба 82 нафар ва 9 амалиёти эндопротезкунонии зону гузаронида шудааст.

Инчунин, Маркази микроҷарроҳии чашми вилоят бо дастгоҳи лазерӣ таъмин гардида, гузаронидани ҷарроҳиҳо ба ҷисми шаффоф оғоз гардидааст. Дар шуъбаи муолиҷаи нурии Маркази саратоншиносии вилоят дастгоҳи радиотерапевтӣ фаъолият бурда истодааст, ки дар 11 моҳи соли 2021-ум ба 397 бемор муолиҷаи нурӣ гузаронида шудааст. Солҳои охир барои тамоми кормандони соҳаи тиб, аз ҷумла табибон ва ҳамшираҳои шафқат соли санҷиши донишу маҳорати касбӣ, давраи вазнини мубориза бар зидди зукоми хавфнок – бемории сироятии COVID -19, ҷасорату матонат ва ҳатто ҷоннисорӣ барои наҷоти беморон, яъне ҳамватанон ва давраи баланд бардоштани мақому мавқеи табибон дар ҷомеа ба шумор меравад. Бояд қайд кард, ки ҳар як сокини вилоятро зарур аст, баҳри саломатии хеш чораҳои эҳтиётӣ ва пешгириро риоя намояд. Барои эмин мондан аз душмани ноаёне, ки алҳол фарогири тамоми ҷаҳон аст, муборизаи ҷонфидоёнаи ҳар сокини мамлакат зарур аст. Силоҳи пурқуввати пешгирӣ аз ин беморӣ гирифтани ваксина ва риояи қоидаҳои беҳдошти шахсист.

Эмгузаронӣ бар зидди бемории сироятии COVID - 19 муҳимтарин воситаи мубориза бо пандемия буда, одамро аз ҳар гуна беморӣ ҳифз менамояд. Аз сокинон даъват ба амал оварда мешавад, ки саривақт ваксина бар зидди вабои аср намоянд, зеро он бехатар, муассир ва наҷотбахш буда, дар интиқоли вирус аз ҷониби шахсони эмгузаронидашуда пешгирӣ мекунад.

- Ташаккур барои суҳбати самимӣ!

Шаҳноза ҲОМИДОВА,

“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh