ДЕҲА ОБОД, МАРДУМАШ ШОД

Ҷамоати деҳоти Унҷӣ яке аз ҷамоатҳои калонтарини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба ҳисоб рафта, солҳои пеш маркази Совети қишлоқи Унҷии райони Хуҷанди вилояти Ленинобод ном бурда мешуд  ва дар ҳудуди колхози ба номи Саидхоҷа Ӯрунхоҷаев воқеъ аст.

Агар ба таърих нигарем,  Шӯрои қишлоқи Унҷӣ соли 1918 ташкил шуда, аз солҳои 50-90 – уми асри гузашта Ҷамоати Унҷӣ бо қадамҳои устувор тараққӣ намуд. Дар ин солҳо дар ҳудуди ҷамоат таҳти роҳбарии ду карат Қаҳрамони меҳнати Сотсиалистӣ Саидхоҷа Ӯрунхоҷаев муваффақиятҳои  беназир ба даст оварда шудааст. Дар он солҳо колхоз яке аз хоҷагиҳои пеш-қадамтарини вилоят ва ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта, дар истеҳсоли маҳсулоти хоҷагии қишлоқ муваффақтарин ба шумор мерафт. Дар он солҳо рафти босуръати ободонии деҳот, фазои иҷтимоӣ ва мадании аҳолии он тараққӣ намуда, то ба имрӯз дар ҳоли рушд аст. Дар ин давра инфрасохтор ва бахши иҷтимоӣ - фароғатии маҳал хеле пеш рафта буд, ки заминаи рушди иқтидори он гашт. Масалан, соли 1957 бо ташаббуси худи Саидхоҷа Ӯрунхоҷаев, қасри «Арбоб», ки нусхаи Кохи Пётри I дар Ленинград буд, сохта шуд.

Маҳз дар ҳамин қасри бонуфуз соли 1992 ба бахти халқи Тоҷикистон Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ баргузор гашт, ки дар он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд.  Қадами муборак ва файзбори фарзанди фарзонаи миллат - Сарвари давлати тоҷикон муҳтарам

Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола ба деҳа расида, бо шарофат ва ташрифи пайвастаи Пешвои миллат деҳаи Унҷӣ ба боғи шукуфон мубаддал гардидааст.

Дар ҳайати Ҷамоати деҳоти Унҷӣ ҳафт деҳа ва 27 кумитаи  маҳалла ба қайд гирифта шудааст. Яке аз маҳаллаҳои калонтарину сераҳолитарини ҳудуди ҷамоат «Мусаффо» ном дошта, солҳои пешин бо номи «Оқариқ» машҳур буд, ки аз калимаи ӯзбекӣ гирифта шуда, маънояш ҷӯи сафед ва ё ҷӯе, ки оби равон дорад, маъмул аст.

Солҳои 2019-2021 аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон шудааст. Дар ин раванд як қатор озмунҳои вилоятиву ҷумҳуриявӣ доир ва ҷамъбаст гардиданд. Бахшида ба 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи Нақшаи чорабиниҳои марбут ба “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар вилояти Суғд, озмуни вилоятии “Оила, кӯча, маҳалла, деҳот ва шаҳраки беҳтарин” тибқи қарори Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода гузаронида шуд. Дар бахши маҳаллаи беҳтарин маҳаллаи «Мусаффо»-и деҳоти Унҷии ноҳияи

Бобоҷон Ғафуров сазовори ҷойи якум гардида, бо диплом ва вимпел сарфароз шуда, ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифт.

Ҳамчунин, дар даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Сайри гули лола» ва маросими ҷоизасупорӣ дар номинатсияи маҳаллаи беҳтарин, маҳаллаи «Мусаффо»-и Ҷамоати деҳоти Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мақоми аввалро соҳиб гардида, бо диплом ва ҷоизаи озмун сарфароз гардонида шуд.

Қайд кардан ҷоиз аст, ки раиси кумитаи маҳалла  Ӯктамҷон Ҷӯраев буда, баҳри ободонии маҳал саъю талошҳои зиёд дорад. Ӯ ташкилотчии беҳтарин буда, мардуми маҳалларо дар атрофи хеш баҳри ободиву зебоипарастӣ сарҷамъ кардааст ва баҳри сазовор ҷашн гирифтани ид, ҷашну маросим ба монанди Наврӯз, Рӯзи модар саҳми беандоза дорад.

- Баҳри иҷрои дастуру ҳидоятҳои давлату Ҳукумат як қатор корҳоро ба сомон расонида истодаем,-гуфт раиси кумитаи маҳалла. -Хушбахтона, таваҷҷуҳи хосаи Пешвои миллат дар ҷодаи рушду равнақи деҳотамон низ такони назаррасе гардида истодааст. Инро камина дар мисоли деҳаи хеш гуфта метавонам, зеро  то кунун дар маҳал набзи «1300 рӯзи ободонӣ» бахубӣ эҳсос мешавад.

Хурсандии сокинони маҳал аз он аст, ки соли равон Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар чорабинии Наврӯзии сокинони деҳа ширкат варзида шодишарики мардум гардиданд. Раиси вилоят бо намунаҳои маҳсули дастии ҳунармандону сокинон  ва дастовардҳои ҷомеаҳои меҳнатӣ шинос шуда, барояшон хушиҳои рӯзгорро таманно намуданд ва изҳори бовар карданд, ки сокинони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров минбаъд низ барои густариши корҳои ободонӣ аз тамоми имкониятҳо истифода менамоянд.

Гуфтан ҷоиз аст, ки дар се соли охир дар деҳа бо ҳамдастии сокинон ва соҳибкорон як қатор корҳо ба сомон расонида шудааст. Дар ин раванд сохта ба истифода додани бинои кумитаи маҳалла бо се утоқи корӣ ва синфхонаи таълимӣ тариқи ҳашар, маркази савдою хизматрасонӣ ва дигар иншооти ҳаётан муҳим барои бо ҷои кори доимӣ таъмини гардидани сокинон мусоидат намудааст.

Ҳамчунин, баҳри ободонии маҳал бо иштироки раиси ноҳия Зафарбек Давлатзода дар самти ҳаракати хатсайри № 36 дар кӯчаи ба номи П.Оқилов ба масофаи 350 метр ҷуйбор кофта ва қубур хобонида шуда,  ҳамин миқдор масофа  мумфарш гардида, нӯҳ сутуни бетонӣ, нӯҳ прожектори равшандиҳанда, як истгоҳи барқии 400 кВт насбу васл гардидааст, ки онро сокинони маҳал туҳфаи хуб  ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии кишвар медонанд.

Боиси хурсандист, ки хатти оби нӯшокӣ дар деҳа бо сарҷамъӣ ва муттаҳидии сокинон дар масофаи  11 километр гузаронида шуда, аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия қубурҳои обгузари қутраш 90 см ба миқдори 4700 метр   насб гардид. Боз 8 зеристгоҳи барқии аз 100 то 400 кВт, сутунпояҳои бетонӣ, ноқилҳои барқӣ насб гардид. Бахшида ба ҷашн 17 километр роҳҳои дохили маҳалла мумфарш гардид, ки он низ бо иқдоми неки сокинон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия аст. Баробари чунин корҳои ободонӣ аз тарафи сокинон оромгоҳи деҳа таъмир гардида, даромадгоҳ сафолакпӯш ва айвони он шишабандӣ шуда, девори атрофи он  нав карда шуд.

Мавсуф таъкид дошт, ки дар доираи чорабиниҳо бахшида ба «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ба 17 нафар зану духтари бешуғли деҳа тӯли се моҳ нозукиҳои ҳунарҳои мардумӣ омӯзонида шуда, барояшон  шаҳодатномаи хатм дода шуд.

Дастоварди дигари солҳои Истиқлолият дар деҳа бунёд ёфтани бинои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами №29 бо фарогирии 240 хонанда дар як баст буда, устодону шогирдони муассиса ҳамарӯза барои иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, фармоишҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таълиму тарбияи босалоҳият ва ватандӯстиву худогоҳии ҷавонону наврасон кӯшиш ба харҷ медиҳанд.

-Ҳамасола дар кишварамон ба хотири баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия даҳҳо муассисаҳои таълимӣ мавриди истифода қарор мегиранд, ки дар ин поя ифтитоҳи бинои иловагӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 29 намунаи олии ғамхориҳои давлат ва Ҳукумат маҳсуб меёбад, - изҳор дошт Ӯктамҷон Ҷӯраев.

Бо баробари дидан намудан аз маҳаллаи овозадори «Мусаффо» маълум гардид, ки Ҷамоати Унҷӣ яке аз деҳаҳои қадимтарини кишвар буда, дар қисмати шимолу шарқии шаҳри Хуҷанд, дар доманаи кӯҳи Рухак доман паҳн кардааст. Чунин ободониҳо дар маҳал нишони он аст, ки деҳаи Унҷӣ зеботарин ва хуррамтарин дар кишвар ба шумор меравад. Бо баробари ҳамсуҳбат гардидан бо сокинони маҳал ҳамагон шукргузорӣ аз таваҷҷуҳи хоссаи Пешвои миллат дар ҷодаи рушду равнақи деҳот намуда, иброз доштанд, ки имрӯз дар фазои сулҳу оромӣ зиндагии шоиста доранд.

Солҳои охир дар ҳамбастагӣ баҳри шукуфоӣ ва пешравии маҳал саъю талошҳои зиёд намуда, ноил гардидан ба чунин рӯзҳои нек, хушбахтӣ барои аҳли маҳал насб шудааст. Итминони комил дорем, ки иқдоми наҷиби соҳибкорону сокинони маҳал баҳри обод намудан нишонаи ибрат ба насли ояндаи хеш буда, чунин анъанаи нек солҳои сол идома хоҳад ёфт.

Шаҳноза ҲОМИДОВА,

“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh