ЗИНДАГӢ БЕ ЗЎРОВАРӢ ЗЕБОСТ

Дар меҳмонхонаи «Суғдиён» - и шаҳри Хуҷанд аз рӯи ҷамъбасти Маъракаи иттилоотии «16 рӯзи алайҳи хушунат нисбати занон» ва лоиҳаи «Баланд бардоштани иқтидор ва қобилияти занон дар ҳалли низоъҳои хушунати оилавӣ» бо ташаббуси Ташкилоти Ҷамъиятии Маркази занон «Гулрухсор» ва дастгирии Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят мизи мудаввар баргузор гардид.

Мизи мудавварро раиси ТҶ МЗ «Гулрухсор» Гулрухсор Абдуллоева ҳусни оғоз бахшида, қайд кард, ки лоиҳаи мазкур бо ҷонибдории шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар 22 маҳаллаи маркази вилоят амалӣ гардид. Ҳамчунин, дар бораи самти кори ташкилоти номбурда – пешгирии хушунат дар оила, дар назди ташкилоти номбурда муҳайё сохтани сарпаноҳ ба муддати 16 рӯз, корҳои психологӣ бурдан бо шахсони ҷабрдида ва ғайра маълумот дод.

- Пешвои муаззами миллат ба оилаву оиладорӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуда гуфтаанд, ки «бунёди ҷомеаи солим аз оилаи солим маншаъ мегирад», аз ин рӯ, пойдевори оила аз эҳтиром, муҳаббат, садоқат бояд бунёд шавад, зеро оилаи устувор нерӯи пешбарандаи ҷомеа маҳсуб мешавад», - қайд кард дар охирсуханаш Г. Абдуллоева.

Сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Хуршедахон Хоҷазода оид ба амалишавии Барномаи давлатӣ дар самти «Пешгирии зӯроварӣ дар оила» фикру андешаи хешро баён дошт. Зикр кард, ки тибқи нақшаи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд баҳри амалисозии Қарори Раиси вилоят «Дар бораи тадбирҳои амалӣ гардидани Барномаи давлатӣ «Оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила» ва татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила», ки соли 2013 ба тасвиб расида буд ва Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила барои солҳои 2014 – 2023» дар якҷоягӣ бо ТҶ МЗ «Гулрухсор» дар 18 шаҳру навоҳии вилоят оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила Маъракаи иттилоотии 16 рӯз алайҳи хушунат нисбати занону кӯдакон семинару тренингҳои омӯзишӣ ва маҳфилҳо баргузор гардиданд.

- Сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ ба он равона гардидааст, ки мақоми занону духтарон дар ҷомеа баланд бардошта шавад, - гуфт Хуршедахон Хоҷазода.

Фирӯза Нуруллозода - муовини раиси  шаҳри Хуҷанд дар бораи зӯроварӣ ва хушунат дар оила сухан ронда, қайд кард, ки масъалаи мазкур муаммои оилавӣ набуда, балки он бояд ҷомеаро ба ташвиш гузорад. Танҳо дар ҳамин ҳолат шумораи занони ба худкушӣ дастзада, ҷинояткорӣ дар байни бонувон, ки омили асосии ҷой доштани хусусияти зӯроварӣ дар оила мебошад, ҷудошавии оилаҳои ҷавон коста хоҳад шуд. Баҳри пешгирии амалҳои номатлуб дар байни ҷомеа шуъбаи кор бо занон ва оилаи шаҳри Хуҷанд дар маҳаллаҳо аксия баргузор намуда, варақаҳои иттилоотӣ низ паҳн намуд.

Ҳуқуқшиноси ТҶ МЗ «Гулрухсор» Назира Раҳимзода оид ба ҷамъбасти Маъракаи иттилоотии «16 рӯзи хушунат нисбати занон» ҳамҷоя бо нозирони минтақавии ШВКД ҶТ дар шаҳру ноҳияҳо баргузории маҳфилу семинарҳо дар маҳаллаҳо, донишгоҳҳои олӣ, суҳбат бо субъектони пешгирии зӯроварӣ, аввалин маркази пешгирии зӯроварӣ дар оила - ТҶ МЗ «Гулрухсор», ки аз соли 1996 инҷониб дар маркази вилоят фаъолият дошта, давоми даҳ моҳи соли равон ба он 2848 нафар бо муаммоҳои оилавӣ муроҷиат намудаанд, ҳозиринро огоҳ сохт.

Муовини раиси ТҶ МЗ «Гулрухсор» Сабоат Бобоҷонова, нозир оид ба зӯроварӣ дар оилаи назди ШВКД ҶТ дар шаҳри Хуҷанд Фарангис Махкамова дар бораи амалигардонии лоиҳаи «Баланд бардоштани иқтидор ва қобилияти занон дар ҳалли низоъҳои хушунати оилавӣ» ва нақши нозирони минтақавӣ дар пешгирии хушунати оилавӣ маълумоти муфассал доданд.

Пас аз намоиши роликҳо дар бораи фаъолияти 25 солаи ТҶ МЗ «Гулрухсор» ва намоишҳои саҳнавӣ дар бораи муноқишаҳои оилавӣ ва пешгирии он ба ғолибони озмуни Маъракаи «16 рӯзи мубориза алайҳи хушунат нисбати оила», ки ТҶ МЗ «Гулрухсор» якҷоя бо шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд байни рӯзноманигорон эълон карда буд, диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ супориданд. Барнома ва маводи муҳаррирони ширкати телевизионии «СМ - 1» Муҳаббат Муродова, ШТР «Азия» Фарзона Ҳодибоева, Меҳрангези Абдуаҳад, хабарнигори рӯзномаи «Пайк» Фарзона Муродӣ, рӯзноманигори мустақил Мафтуна Исмоилова, мухбири рӯзномаи «Ҳақиқати Суғд» Нодир Турсунов ҷойҳои ифтихориро касб карданд.

Ҳамчунин, нисбат ба фаъолияти 25 сола ва саҳми марказ дар пойдории оилаҳо «Сипоснома» - и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ба ТҶ МЗ «Гулрухсор» супорида шуда, кулли раисони кумитаҳои маҳаллаҳои шаҳри Хуҷанд барои ҳамкорӣ аз ҷониби ТҶ МЗ «Гулрухсор» соҳиби «Ифтихорнома» ва туҳфа гардиданд.    

Дар ҷаласа раисони кумитаҳои маҳаллаҳои шаҳри Хуҷанд, намояндагони соҳаҳои маориф ва тандурустӣ, ШВКД ҶТ дар вилоят, ҷомеаи шаҳрвандӣ, васоити ахбори омма ширкат варзиданд. 

Тавҳида ҶӮРАЕВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh