Аёдати собиқадорони меҳнат дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

14 декабри соли равон Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни боздиди корӣ аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров собиқадорони меҳнатро аёдат намуд.

Роҳбари вилоят ба манзили Ҷӯрабой Шарипов ва Юсуфҷон Шокиров ташриф оварда, аз ҳоли пирони рузгор хабар гирифт. Ҷӯрабой Шарипов солҳои зиёд дар соҳаи хизмати маишӣ ва Юсуфҷон Шокиров бошад дар базаи таъминоти металӣ кор кардаанд.

Аснои суҳбат бо собиқадорон таъкид гардид, ки кору пайкори шахсони соҳибтаҷриба барои ҷавонон намуна буда, дастгирии доимии онҳое, ки барои ҷомеа хизмат намудаанд, дар мадди назари роҳбарияти давлату Ҳукумат қарор дорад.

Собиқадорони меҳнат барои ҳусни таваҷҷуҳ миннатдории худро баён доштанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh