Маросими супоридани грантҳо ба занони ҳунарманду эҷодкор

14 декабри соли 2021 дар толори қабули расмии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят маросими супоридани грантҳои Раиси вилоят ба занони ҳунарманду эҷодкор баргузор шуд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба 60 нафар занону духтарон барои рушди ҳунармандӣ ва татбиқи лоиҳаҳое, ки дар озмун барои дарёфти грантҳо ғолиб омадаанд, 420 ҳазор сомонӣ грант супорид.

Аз ҷумла, 15 нафар грант дар ҳаҷми 10 000 сомонӣ, 15 нафар грант дар ҳаҷми 8000 сомонӣ ва 30 нафар грант дар ҳаҷми 5000 сомониро соҳиб шуданд.

Раҷаббой Аҳмадзода дар маросими супоридани грантҳо иброз дошт, ки давлату Ҳукумати Тоҷикистон барои баланд бардоштани мақоми занон дар ҷомеа тадбирҳои муҳим меандешад. Бо мақсади бо шуғли манфиатнок ҷалб намудани занон ва мусоидат дар рушди ҳунармандӣ бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола грантҳои президентӣ ҷудо гардида истодааст. Дар вилояти Суғд низ бо ин мақсад грантҳои Раиси вилоят таъсис дода шудааст, ки ҳадаф аз он дастгирии занону ҳунарманду эҷодкор мебошад.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки занону бонувон бо истифода аз маблағҳои грантӣ лоиҳаҳои худро пурра татбиқ намуда, барои таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва рушди ҳунармандӣ мусоидат менамоянд.

Сипас, ба ғолибони Фестивал-озмуни вилоятии «Атласу адрас» низ диплом ва мукофотпулиҳо супорида шуд. Фестивал-озмуни вилоятии «Атласу адрас» бо мақсади тарғибу ташвиқи либоси миллӣ, тарбияи зебоипарастӣ, тақвияту густариши истеҳсолу истифодаи анвои гуногуни либосу матоъҳои миллӣ, рушди атласу адрасбофӣ бахшида ба “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон гардида буд. Ҳакамони фестивал-озмун аз рӯи бахшҳои гуногун ғолибонро муайян намуданд.

Ҳамин тавр дар бахши “Беҳтарин либоси кўдакона” Саломат Азизова - тарроҳ аз ноҳияи Мастчоҳ бо Дипломи дараҷаи сеюм ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 2000 сомонӣ, Малика Юлдошзода - тарроҳ аз ноҳияи Деваштич бо Дипломи дараҷаи дуюм ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 2500 сомонӣ, Зиёда Муҳаммадиева - тарроҳ аз шаҳри Истаравшан бо Дипломи дараҷаи якум ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 3000 сомонӣ, дар бахши “Беҳтарин либоси расмӣ” Хуршеда Шукурова - тарроҳ аз ноҳияи Зафаробод бо Дипломи дараҷаи сеюм ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 2000 сомонӣ, Қумринисо Содиқова - тарроҳ аз шаҳри Гулистон бо Дипломи дараҷаи дуюм ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 2500 сомонӣ, Гулмира Исҳоқова - тарроҳ аз шаҳри Конибодом бо Дипломи дараҷаи якум ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 3000 сомонӣ, дар бахши “Беҳтарин либоси идона” Қурбоной Сатторова - тарроҳ аз Донишкадаи политехникии Донишгоҳи давлатии техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ бо Дипломи дараҷаи сеюм ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 2500 сомонӣ, Дилафрўз Каримова - тарроҳ аз ноҳияи Айнӣ бо Дипломи дараҷаи дуюм ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 3000 сомонӣ, Дилфуза Муқумова - тарроҳ аз шаҳри Хуҷанд бо Дипломи дараҷаи якум ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 4000 сомонӣ, дар бахши “Беҳтарин либоси миллии

арўсию домодӣ” Зумрад Рауфова - тарроҳ аз ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ бо Дипломи дараҷаи сеюм ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 2500 сомонӣ, Мадина Анварова - тарроҳ аз шаҳри Хуҷанд бо Дипломи дараҷаи дуюм ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 3000 сомонӣ, Лола Сироҷова - тарроҳ аз шаҳри Панҷакент бо Дипломи дараҷаи якум ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 4000 сомонӣ сарфароз гардонида шуданд.

Дипломи дараҷаи олӣ - Шоҳҷоизаи Фестивал- озмуни вилоятии «Атласу адраси Суғд–2021» ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 5000 сомонӣ ба тарроҳ аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров - Шаҳноза Ахмедова супорида шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh