ҶАРОҲАТБАРДОРИИ АҲОЛӢ АЗ ҲАЙВОНОТ АФЗУДААСТ

- Давоми 11 моҳи соли 2021 - ум дар миқёси вилоят захмдоршавии шаҳрвандон аз газидани ҳайвонот 3993 ҳодиса ба қайд гирифта шуд, ки нисбат ба ҳамин даври соли сипаришуда 225 ҳодиса зиёд аст.Ҳамчунин4 ҳолати фавт дарноҳияҳои Ашт ваМастчоҳ ба қайд гирифта шудааст, - иттилоъ дод мутахассиси Маркази назорати давлатии санитарии эпидемиологии вилоят Насибҷон Икромов.

Бино ба гуфти ў, дар шаҳру ноҳияҳои Ашт, Гулистон, Истаравшан, Спитамен, Хуҷанд ва Ҷаббор Расулов ҳодисаҳои зарар дидани аҳолӣ аз газидани ҳайвонҳо зиёд ба қайд гирифта шудаанд.

- Шумораи умумии осебрасонӣ ба шаҳрвандон 2569 саги маълум, 642 саги номаълум, 99 ҳодисаи ҳайвони хоҷагии қишлоқ, 137 ҳолат хоянда ва 8 ҳолати ҳайвони ваҳшӣ ба назар расидааст. Дар натиҷаи осеб дидан 454 нафар шаҳрванд дар беморхона бистарӣ гардиданд. Ҳамчунин 15445 саг, 609 гурба эмгузаронӣ ва 4318 ҳайвони дайду нобуд карда шуданд, - гуфт Н.Икромов.

Барои пешниҳод накардани ҳайвонҳои хонагӣ барои гузаронидани чорабни ҳатмии байторӣ (эмгузаронӣ аз бемориҳои сироятӣ) дар асоси моддаи 275 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба соҳибон ҷарима татбиқ гардидааст. Барои шахсони воқеӣ аз ду то панҷ ва барои шахсони ҳуқуқӣ аз даҳ то бист нишондиҳанда ҷаримабандӣ пешбинӣ шудааст. Давоми даҳ моҳи соли равон нисбат ба се нафар сокини шаҳри Хуҷанд, ки ҳайвони хонагии худро сари вақт эмгузаронӣ накардаанд, чораҳои зарурӣ андешида, аз рӯи талаботи дар Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ муқаррарнамуда, ҷаримабандӣ шуданд. Сардори Маркази таъиноти амнияти бехатарии озуқаворӣ дар шаҳри Хуҷанд Абдувосит Олимов иттилоъ дод, ки давоми 10 моҳи соли ҷорӣ ба 158 нафар сокин аз тарафи ҳайвонҳо осеб расонида шудааст. - Барои пешгирӣ намудани чорабиниҳои ҳатмии байторӣ аз тарафи мутахассисони марказ давоми 10 моҳи соли ҷорӣ 467 ҳайвони хонагӣ бар зидди бемории ҳорӣ эм карда, 224 шиносномаи эмкунӣ дода шуд. Ҳамчунин, дар ин давра 158 сагу гурба ба сокинон осеб расонидаанд. Осеббардоштагон сари вақт эм шуда, айни ҳол вазъи эпидемиологии шаҳр нисбат ба бемории ҳорӣ муътадил аст, - гуфт Абдувосит Олимов.

Доир ба вазъи кунунии эмкунии ҳайвонҳои хонагӣ мутахассиси марказ Мубин Ӯлмасов иттилоъ дод, ки шумораи сагҳо бештар дар фасли сармо ва аввали баҳор зиёд мешавад, зеро ин марҳала вақти ҳомиладорию тавлидкунии онҳо мебошад. - Барои пешгирии бемории ҳорӣ ва дигар бемориҳои сироятии аз ҳайвон ба инсон гузаранда, сагу гурба ва дигар ҳайвони хонагӣ, ки шаҳрвандон дар хонаҳои худ нигоҳубин мекунанд бояд сари вақт эм карда шаванд. Мутаассифона, аз ҷониби бархе аз соҳибони ҳайвонҳои хонагӣ саҳлангорӣ ба назар мерасад. Ба ҳар нафаре, ки ҳайвони худро эм мекунад дафтарчаи махсус дода мешавад. Сабаби асосии эм кардани ҳайвонҳо, аз ҷумла сагу гурба дар он аст, ки пас аз пайдо шудани ҳолати ба бемории ҳорӣ гирифтор шудан онро бояд сари вақт пешгирӣ кард, зеро бемории ҳорӣ бемории сироятӣ буда, оқибати нохуш дорад. Эмгузаронӣ бар зидди бемории сироятӣ дар як сол ду маротиба гузаронида мешавад, - гуфт Мубин Ӯлмасов.

Тибқи маълумотҳои мавҷуда, ба бемории ҳорӣ бештар сагон гирифтор мешаванд, зеро майнаи сари онҳо ҳассос буда, он дар майнаи сари саг ҷойгир мешавад. Барои ба бемории сироятӣ гирифтор нашудани шахси осебдида, сагро пеш аз иммунизация иммуноглубалин карда мешавад, ки пас аз газидани саг барои даҳ рўз ба хуни инсон ворид нашудан эмин медорад. Ҷойгиршавии асосии вирус, аз ҷумла бемории ҳорӣ майнаи сар мебошад. Сироятшинос Абдусаттор Қодиров нисбат ба оқибат ва нишонаи бемории ҳорӣ гуфт, ки ҳар инсоне, ки саг ва ё дигар ҳайвон газидааст, бояд зуд ба мутахассиси соҳаи тиб муроҷиат намуда, сари вақт сўзандоруро гирифта, дорувории тавсияшударо истеъмол кунад.

- Агар шахсро саги бемории ҳоридошта газида бошад, бояд дарҳол ба табиби сироятшинос муроҷиат кунад. Нишонаҳои бемории ҳорӣ асосан обтарсӣ, тасфи баланд, шамолтарсӣ, ҳатто, аз равшанӣ метарсаду баробари ба равшанӣ баромадан нафасгириаш тез мешавад. Бемории ҳорӣ бо луоби даҳони саги бемор ба инсон мегузарад ва пайдошавии беморӣ аз ҷойи газида вобаста аст. Агар ҷойи осебдида аз асаб дур бошад, ҳамон қадар давраи гузариш тўл мекашад, табобати он то шаш моҳ идома меёбад, - гуфт Абдусаттор Қодиров.

Дар шаҳри Хуҷанд вақтҳои охир шумораи зиёди сагон ва гурбаҳои дайду ба чашм мерасад. Аксар вақт ҳайвонҳои дайду аз гуруснагӣ дар фасли сармо дар назди партовҷо зиёд гардида, ба роҳгузарон монеа эҷод мекунанд. Овози гӯшхароши онҳо касро ба ҳарос меорад.

- Дар маҳаллаи 18 – уми шаҳр истиқомат дорам ва вақти бегоҳ, пас аз баргаштан аз кор ва ё ба мағоза рафтан, сагони зиёдеро дидан мумкин аст. Аз наздикии онҳо гузаштан ғайриимкон аст, зеро худ шоҳиди он гардидам, ки вақте бачагон аз толори варзишӣ бегоҳӣ бармегаштанд сагҳо ба онҳо ҳамла карданд. Аз тарси он, ки сагон онҳоро мегазанд, асабонӣ шуда, метавонанд ба бемории диабети қанд, лакнати забон ва ё дигар бемориҳои асаб гирифтор шаванд, – гуфт сокини маҳаллаи мазкур М.Ҳалимзода.

Боиси таассуф аст, ки ҷароҳатбардории аҳолии вилоят аз ҳайвонҳои гуногун зиёд гардида, айни ҳол барои сари вақт гузаронидани чораҳои зиддиэпидемикӣ баҳри пешгирии бемориҳои сироятии эпизоотӣ, дастгир ва безарар кардани сагу гурбаҳои дайду ва дигар ҳайвонҳои бесоҳиб масъулини дахлдор бояд чораҳои заруриро андешанд.

Шаҳбону ОЛИМОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh