Меъёри истифодаи доруҳоро риоя бояд кард

Истифодаи беасосу нодурусти антибиотикҳо инкишофи тобоварӣ ба доруҳои зиддимикробҳоро метезонад. Ин падида яке аз таҳдидҳои пурхавфтарин ба саломатии одамон дар тамоми кураи замин мебошад. На ҳамаи сироятҳоро бо доруҳои зиддимикробӣ табобат кардан мумкин аст. Сироятҳои вирусӣ, ба монанди шамолхӯрӣ ва ё зуком бо антибиотикҳо табобат намешаванд.

Бахшида ба ҳафтаи аврупоии истифодаи дурусти доруҳои зиддимикробӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони Раёсати тандурустӣ, маориф, занон, уламои дин, маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим ва воситаҳои ахбори омма чорабинии ташвиқотию тарғиботӣ доир гардид. Директори Маркази вилоятии ташаккули тарзи ҳаёти солим Зуфнуна Хоҷаева оид ба истифодаи дурусти дорувории зиддимикробӣ ва пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ маълумот дод.

- Баробари пайдо гардидани вируси сироятии COVID – 19 аксар кӯшиданд, ки бемориро худсарона, бе муроҷиат ба мутахассисони соҳаи тиб ва истифодаи нодурусти дорувории зиддимикробӣ муолиҷа кунанд. Дар натиҷаи истифодаи нодурусти доруворӣ беморон бо мушкилоти зиёде рӯбарӯ шуданд, - гуфт Зуфнуна Хоҷаева.

Ҳамчунин, доир ба масъалаи мазкур мутахассиси соҳаи тандурустӣ Зулфия Абдураҳмонова иттилоъ дод, ки дар ҷомеаи кунунӣ номгӯи антибиотик зиёд шудааст ва мутаассифона, дорухонаҳо бе дорухат ба сокинон онро мефурӯшанд. - Дар ҷаҳон захираи антибиотик кам аст ва онро бояд эҳтиёт кард, зеро пас аз гузашти 30 – 50 сол антибиотикҳои нав намемонанд. Дар баъзе ҳолатҳо ба беморон антибиотик таъсир намекунад, зеро аз сабаби нодуруст истеъмол кардани он дар организми инсон микроб пайдо мешавад.

Аз меъёр зиёд истифода кардани доруворӣ ба саломатии инсон зарар дорад, зеро масуният паст гардида, барқарор гардидани саломатӣ мушкил мешавад, - гуфт Зулфия Абдураҳмонова. Инчунин дар рафти чорабинӣ гуфта шуд, ки пешгирии бемориҳои сироятӣ метавонад зарурати истифодаи доруҳои зиддимикробиро паст кунад ва паҳншавии тобовариро ба онҳо нигоҳ дорад. Яке аз роҳҳои пурсамари кам кардани хавфи сироятҳо риоя намудани оддитарин қоидаҳои беҳдоштӣ мебошад.

- Вақте вируси ҳамагири COVID – 19 ҷаҳонро фаро гирифт, мутахассисони соҳаи тиб барои муолиҷаи он омода набуданд. То омӯхтани он кӯшиданд сироятёфтагонро бо антибиотики пурқувват муолиҷа кунанд. Баробари ин сокинон ба таҳлука омада, бе тавсияи мутахассисони соҳаи тиб худсарона истеъмоли антибиотикҳои гуногунро ба роҳ монданд. Пас аз омӯзиш маълум гардид, ки бемории сироятӣ бе истифодаи антибиотик табобатшаванда аст, - гуфт корманди Маркази вилоятии ташаккули тарзи ҳаёти солим Мунаввара Бутаева.

Дар анҷоми чорабинӣ аз ҷониби иштирокдорон пешниҳод гардид, ки дар дорухонаҳо ба муроҷиаткунандагон бе дорухат доруворӣ дода нашавад, бе супоридани таҳлил беморон аз антибиотик истифода накунанд ва дар истифодаи доруҳои зиддимикробӣ ҳамеша аз рӯйи маслиҳат ва тавсияи корманди тиб амал намоянд.

Шаҳбону ОЛИМОВА,

“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh