МУШКИЛОТИ ҶИДДИИ ҶОМЕА

Ҳамасола барои паст намудани сатҳи бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла сирояти вируси норасоии масунияти одам, ки яке аз мушкилоти замони муосир маҳсуб ёфта, дар қатори дигар бемориҳои ҷанбаи иҷтимоидошта натанҳо ба соҳаи тандурустӣ, балки ба иҷтимоиёту иқтисодиёти кишвар хисороти зиёде ворид месозад, тадбирҳои мушаххас амалӣ мешавад. Дар солҳои охир ба масъалаи мазкур натанҳо аз тарафи Муассисаҳои тандурустӣ профилактикӣ, балки аз тарафи кумитаҳо, Раёсатҳо, идораҳо, ташкилоти ғайридавлатӣ аҳамияти зарурӣ дода мешавад.

Аз солҳои 1990-ум дар соҳаи пешгирӣ ва мубориза ба БПНМ пешрафти азим ба даст оварда шуд, аммо дар солҳои охир афзоиши шумораи сироятҳои нав ва дарёфти сирояти ВНМО боиси ташвиш ва нигаронӣ мебошад. Сирояти ВНМО як мушкилоти ҷиддии соҳаи тандурустӣ боқӣ монда, имрӯзҳо дар шароити пандемияи бемории сироятии Covid-19 дар соҳаи хизматрасонӣ ба дастовардҳои тӯли даҳсолаҳои охир ноил гашта, таҳдид мекунад.

Вобаста ба ин масоили мубрами рӯз бо директори Маркази пешгирӣ ва мубориза бо БПНМ- и вилояти Суғд Ҳошим Раҳимов ҳамсуҳбат гардидем. Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бар зидди БПНМ дар соли равон даъват ба ҳамбастагии глобалӣ ва масъулияти умумибашарӣ, ҳамчунин нигаҳдории хизматрасониҳои ҳаётан муҳим дар соҳаи пешгирӣ ва мубориза ба бемориҳои сироятӣ, алалхусус бо ВНМО ва коронавирус хоҳад буд. Дар тамоми дунё чорабиниҳои мавзӯӣ дар шакли маҷозӣ баргузор мегарданд.

Дар Тоҷикистон баҳри пешгирӣ ва муқовимат бо ВНМО/БПНМ корҳои зиёде ба сомон расонида шудаанд. Аммо баҳри расидан ба барҳамдиҳии ин сироят муҳоҷироне, ки аз давлатҳои хориҷӣ меоянд, ҳатман бояд аз ташхис гузаранд. Дар умум ду намуди ташхис мавҷуд аст, ки он ҳатмӣ ва ихтиёрӣ буда, ба гуруҳи ҳатмӣ шахсони никоҳшаванда ва ҳомиладор дохил мешаванд. Тибқи маълумоти оморӣ дар вилоят аз оғози бақайдгирӣ дар соли равон то имрӯз 3197 нафар ба қайд гирифта шудаанд, ки аз онҳо 1983 нафарашон мард ва 1206 нафар зан мебошанд. То имрӯз аз ин вируси марговар 935 нафар фавтидаанд. Аз оғози бақайдгирии расмии оморӣ дар сатҳи вилоят 328 нафар зани қобили таваллуди ба ВНМО сироятёфта ҳомиладор шуда, таҳти назорати диспансерӣ қарор доштанд. Соли 2021- ум 33 нафар ҳомилони ВНМО таҳти назорат қарор дошта, дар маҷмӯъ аз ҳисоби гузариши ҳомиладорон аз сол ба сол 34 нафар кӯдакони солим таваллуд шудаанд. Тибқи муқаррарот кӯдаки аз модари бемории ВНМО дошта, таваллуд шуда дар синни 18-моҳагӣ аз ташхиси дарёфти сирояти ВНМО гузаронида шуда, оид ба сироятёфта ё солимии онҳо ба волидонашон хабар дода мешавад. Айни замон 12 зани ҳомилаи бо ВНМО сироятёфта таҳти назорати диспансерӣ духтури акушер гинекологи маркази вилоят аст. Дар ҳисоботи расмии омории Марказ 325 нафар кӯдаки аз модарони сироятёфта таваллудшуда ба қайд гирифта шуда, 46 нафар то фаро расидани муҳлати ташхис оид ба дар-ёфти сирояти ВНМО таҳти назорат ҳастанд. Пешгирӣ ва мубориза алайҳи ин сироят кори ҳар як фарди ҷомеа ба шумор меравад ва танҳо дар якҷоягӣ мо метавонем ин вабои асрро аз байн барем. Гарчанде, дар самти пешгирии паҳншавии ин сироят дар сатҳи ҷаҳонӣ дастовардҳои зиёде ба мушоҳида расанд ҳам, мутаассифона, шумораи сироятёфтагони ВНМО дар ҳамаи давлатҳои минтақаи Аврупои Шарқӣ, Осиёи Марказӣ ва Тоҷикистон, ки шомили он мебошад, рў ба афзоиш аст.

Тибқи таҳлили коршиносони байналмилалӣ вазъи эпидемиологии ВНМО дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳолати «эпидемияи ҷамъшаванда”, яъне марҳалаи консентратсионӣ арзёбӣ гардида, паҳншавии он бештар дар байни гурўҳҳои алоҳидаи аҳолӣ, аз ҷумла нашъамандони тазриқӣ, шахсони расонандаи хизматҳои шаҳвонӣ, муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаҳои онҳо ба мушоҳида мерасад. Бо мақсади амалӣ намудани маҷмўи чорабиниҳои муқовимат ба паҳншавии ВНМО/БПНМ, пешгирии паҳншавии сироятпазирии вируси норасоии масунияти одам, кам кардани таъсири мубталошавӣ ба беморӣ, расонидани ёрии тахассусии тиббӣ ба шахсони мубталои ВНМО/БПНМ ва сабук гардонидани оқибати он барои ҳар як нафар ва тамоми аҳли ҷомеаи шаҳрвандӣ, риояи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва озодиҳои инсон, аз соли 1997 инҷониб аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Барномаҳои миллӣ оид ба муқовимат ба эпидемияи ВНМО/БПНМ қабул ва татбиқ мегарданд, - гуфт мавсуф. Ҳамчунин, дар даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2021-ум дар самти муқовимат бо эпидемияи вируси норасоии масунияти одам 7 барнома қабул ва амалӣ гардидаанд. Чуноне ки ба ҳамагон маълум аст, бо мақсади беҳтар намудани фаъолият дар самти мубориза ва пешгирии ин сироят ва ҳамоҳангсозии фаъолияти вазорату идораҳо ва ташкилот санаи 27-уми феврали соли 2021 таҳти №50 аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи миллӣ оид ба муқовимат ба эпидемияи вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуния дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» қабул шуда, бо қарори Раиси вилоят аз 21-уми апрели соли 2021 таҳти №177, нақшаи амалӣ намудани барнома тасдиқ шуда, ба шаҳру ноҳияҳо ирсол шудааст.

Мақсади асосии ин Барнома ба ҳадафҳои рушди ҳазорсола алоқаманд буда, то соли 2025-ум расидан ба нишондоди муқаррарнамудаи Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ - 95/95/95 мебошад. Яъне, 95 фисади шахсоне, ки аз ташхис гузаштаанд, бояд аз мақоми худ огоҳ бошанд, 95 фоизи ҳамаи сироятёфтагони дар қайди диспансерибуда бояд ба табобатӣ ЗРВ фаро гирифта шаванд. Айни ҳол ин нишондод дар сатҳи вилоят ба 87 фоиз баробар аст. Инчунин, 95 фоизи ҳамаи табобатгирандагон бояд сарбории вирусашон аз 1000 кам бошад. Айни ҳол ин нишондод дар сатҳи вилоят ба 88 фоиз баробар буда, сатҳи фавт то охири соли 2025 - ум 50 фоиз кам гардад. Айни замон дар вилоят нишондоди фавт 29,3 фоизро ташкил медиҳад. Нақшаи амалигардонии барнома аз 6 самти афзалиятнок, 31 банд ва 178 зербанд иборат буда, дар давоми солҳои 2021- 2025 иҷрои он бояд ба пуррагӣ таъмин шаванд. Роҳҳои асосии паҳншавии сироят чӣ дар ҷумҳурӣ ва чӣ дар вилоят дар умум алоқаи ҷинсӣ ва бо роҳи сўзандоругузаронӣ (таз-риқӣ) дар байни нашъамандон ба шумор мераванд. Аз соли 2010 сироятёбӣ тавассути сўзандоругузаронӣ коҳиш ёфта, роҳи гузариши алоқаи ҷинсӣ рў ба афзоиш овардааст.

Яке аз сабабҳои асосии зиёд гардидани паҳншавии сироят бо роҳи алоқаи ҷинсӣ дар солҳои охир тавассути муҳоҷирони меҳнатӣ ба шумор рафта, тавассути онҳо си-роятёбии аъзои оилаашон бештар ба мушоҳида мерасад. Нишондиҳандаи паҳншавии сироят дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ рў ба афзоиш оварда, ин нишондод аз соли 2010 аз 6,9 фоиз то 25,3 фоиз дар соли 2020 расид. Чи тавре ки аз таҳлили як қатор нишондиҳандаҳо бармеояд, дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ дар вилоят паҳншавии сирояти ВНМО дар байни кўдакони то 18 - сола ба 5,1 фоиз, паҳншавии сироят дар байни нашъамандони тазриқӣ ба 22,6 фоиз, сироятёфтагон бо роҳи номаълум ба 1,1 фоиз бо роҳи алоқаи ҷинсӣ 72,4 фоиз ва шумораи табобатгирандагон ба 88 фоиз баробар буда, дар қиёс ба нишондиҳандаҳои умумиҷумҳуриявӣ беҳтар мебошанд. Ҳамагӣ 309 кўдак аз модарони ВНМО сироятшуда таваллуд шуданд, ки аз онҳо 216 нафар бо сабаби манфӣ будани натиҷаи ташхиси ВНМО аз қайди диспансерӣ бароварда шуда, айни ҳол 49 нафарашон таҳти назорати диспансерӣ қарор доранд. 94 нафар кӯдакони бо ВНМО зиндагикунандаи синнашон то 17 - сола кўмакпулӣ мегиранд, ки ба маблағи 420 сомонӣ ба ҳар кӯдак рост меояд. - Имрӯз дар вилоят ҳафт ташхисгоҳ баҳри дарёфти сирояти ВНМО, ҳафт дастгоҳи ташхиси иммуноферментӣ (ИФА), се дастгоҳи таҷзияи занҷираи полимиразӣ (Gian Expert + Rotor Gene) ва ду дастгоҳҳои муайянкунии ҳуҷайраҳои Cd 4 фаъолият намуда истодаанд.

Инчунин, барои сари вақт муайян намудани сироятёфтагон бо ВНМО дар байни гурўҳҳои осебпазири аҳолӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 62 ҳуҷраи хизматрасонӣ ташкил шудаанд. Натиҷаи ин дастрасиҳо буд, ки дар 9 моҳи соли 2021 –ум дар вилояти Суғд 182165 нафар ба ташхиси ВНМО фаро гирифта шуданд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2010 қариб 5,2 маротиба зиёд мебошад, - иброз дошт Ҳошим Раҳимов.

Ба ҳамагон маълум аст, ки ҳамасола дар дунё санаи 1 –уми декабр “Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бар зидди ВНМО” мебошад. Бояд қайд намуд, ки ин беморӣ бори аввал 1- уми декабри соли 1988 ба қайд гирифта шудааст. Рӯзи умуиҷаҳонии мубориза ба зидди БПНМ бо мақсади муттаҳид сохтани одамони тамоми ҷаҳон барои баланд бардоштани сатҳи огаҳӣ дар бораи ВНМО/БПНМ ва нишон додани ҳамбастагии байналмиллалӣ дар баробари пандемия равона шудааст. Пешгирӣ ва мубориза алайҳи ин сироят кори ҳар як фарди ҷомеа ба шумор меравад ва танҳо дар якҷоягӣ метавон ин вабои асрро аз байн бурд.

Шаҳноза ҲОМИДОВА,

“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh