МУҲАББАТРО МАКОН БОШАД, ОИЛА!

Соли 2015 аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қаламрави кишвари биҳиштосоямон Соли оила эълон шуда буд. Мақсад аз ин иқдоми нек чӣ астҳ Ба ин савол ҳаёт, рўзгор ва рафти ҷараёни ҷомеа ҷавоби мушаххас медиҳад. 

Сарчашмаҳои муътамад башорат медиҳанд: Халқҳои ориёии мо дар таърих оини ҳамсаргузинӣ доштанд. Мард бояд хонаводаашро таъмин кунад ва вақте ки аз дари хона дохил шуд, тамоми корҳои берунаро фаромўш карда, ба оилааш машғул шавад. Дар ҳамин ҳолат оила ва фарзандон ба ў меҳри ҳақиқӣ пайдо мекунанд. Ва агар зан дар хона бошад, бояд тамоми корҳои рўзгорро, мисли тайёр кардани ғизову тозаву озодагии хона, иҷро кунад ва дар интизори шавҳараш бошад, ин зан зани хушбахт аст. Аммо, далелҳо собит менамоянд, ки ин оин ва ё ин рафтору кирдорҳои нек дар байни ҷавонон аҳён – аҳён дида мешавад, барои ҳамин ҳам ҷудошавӣ байни онҳо бисёр ба назар мерасад. Калонсолон мегўянд, ки монеаҳое ҳастанд, пеши роҳи барқарор намудани ин оинро мегиранд. Агар волидони ҳам домоду ҳам арўс барои беҳбудиву тарбияи оила ҳаракат ва азму субот намуда, сабзиши дарахти хонаводагиро дар низоми воқеӣ нигоҳ доранд, он оила нашъунамо ва самараҳои нек ба бор меоварад. Ва агар баръакси ин шавад, оилаи ҷавон пош мехўрад, вайрон мешавад.

Бузургони ҳикмат гуфтаанд: оини ҳамсаргузинӣ, пос доштану арҷ гузоштан аст, халқҳои ориёнажод талқин мекарданд, ки оила доимӣ, ҳамешагӣ барои ҳамеша аст.

Таърих гувоҳ аст: Зардушт ба духтараш гуфта: Ё худат касеро интихоб намо, ё аз чанд нафаре, ки ман ба ту муаррифӣ мекунам якеро хуш намо. Солҳои беҳтарини ҷавониат рафта истодаанд ва ин солҳоро бояд арўсу домод дар ҳузури якдигар ба хурсандӣ, хушнудӣ ва сафобахшии рўзу рўзгор гузаронанд.

Ба андешаи мо, муносибати зану шавҳар, яъне маърифати эҳтироми зану шавҳар ба тарбияи фарзанд таъсир мекунад. Ман дар ҳаёти мустақилонаи хонаводагӣ як қадар таҷриба ва малака андўхтаам, ҳоло бо ҳамсарам соҳиби се фарзанди солеҳ гардидаем.

Падарам, ки ҳоло собиқадори соҳаи ҳифзи ҳуқуқу тартиботи ҷамъиятианд, мегўянд: агар арўсу домод донишу малакаи зарурӣ дошта бошанд, аз гуфторҳои бузургон бархурдор бошанд, агар мард нақшу кору рафтори худро ва зан вазифаи худро дар оилаву зиндагӣ донан ва онро бо иззату икром бо сарфарозӣ ба иҷро расонанд, он гоҳ фарзандони онҳо тарбияи хуб мегиранд.

- Таҷриба ва гузашти солҳо нишон медиҳад, ки имрўз баъзе ҷавонон аз хурдсолӣ дар назди компютер менишинад, ки он ҳам ба саломатиаш зарар дорад, ҳам онҳоро асабӣ месозад ва дар оянда на сухани волидону на сухани ҳамсарашро бардошта метавонад ва муаммои ночизе боиси ҷанҷолу хархашаву ҷудошавӣ дар оила мегардад, - мегўяд Усмон Саидзода, собиқ роҳбари хоҷагии кишоварзӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров.

Дар ҳаёти оиладорӣ як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ амал мекунанд, ки иҷрои онҳо ва эҳтироми онҳо дар раванди рўзгордорӣ аз ҳар ҷиҳат зарур аст. Яке аз онҳо Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Рисолати оилаву оиладориву рўзгордорӣ аввалан аз маърифати ҳар аъзои оила сарчашма мегирад, сониян мазмуну муҳтавои он санадҳои соҳавиро донистан, дар асоси нуктаҳояш рафтору муносибат намудан, билкулл, ба қадри ҳол доштани дониши ҳуқуқӣ-маърифатӣ барои волидайн, фарзандон ва арўсу домодҳои хонавода шарту зарур аст. Аз ин равзанаи андеша, муҳтавои оиладорӣ ва хонаводагӣ хеле барҷаста ба ҳаёт зуҳур менамояд. Дар ин масир дастгири ҳамдигар будан дар ҳаёт рисолати қиёснопазир аст.

Дар яке аз саҳифаи воситаи ахбори умум хонда будам: амини маҳаллаи Рўдакӣ, аз Ҷамоати Пўлодони шаҳри Конибодом бо дахолати бевоситааш зани танҳо, ки бо ду фарзандаш зиндагии вазнине доштааст, қисме аз ҳавлии модари марҳумашро дар вақташ ба номи ў гузаронида, вазнинии рўзгорашро андаке ҳам бошад, сабуктар гардонидааст. Ҳоло зиндагии оилавӣ аз чизе каму костӣ надорад.

Бояд хотирнишон намуд, ки ҳаёти орому хушиҳои оилавӣ аксар вақт байни волидайну фарзандон, додару хоҳарон бо сабабҳои ночизеву кина ва нороҳатӣ бадал мешавад. Агар ба банди аввали моддаи якуми «Заминаҳои асосии қонунҳои оила»-и Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон зеҳн монем, равшан он ҷо омадааст: «Оила, никоҳ, модар, падар ва кўдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти муҳофизати давлат қарор доранд». Дар ин масир мувофиқи қоида ба қайдгирии ақди никоҳ мувофиқи тартиби барои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ муқарраргардида сурат мегирад. Мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ бо розигии шахсони издивоҷкунанда дар вазъияти ботантанаи бақайдгирии ақди никоҳро ташкил менамояд.

Албатта, ташкили оила, ба ҳаёти мустақилона ворид шудани фарзандон барои волидайн хушҳолӣ аз рўзгори воқеъбинона аст, - мегўяд коршиноси масоили иқтисодӣ, собиқадори меҳнат Абдуманнон Қодиров.

Рафти зиндагӣ аъзои оиларо – зану шавҳарро ба иззату икроми ҳамдигар водор месозад. Ҳаёти ороми оилавиро бояд ҳар аъзои оила таъмин намояд. Лекин баъзан баҳсҳо дар хусуси тақсими амвол, дар самти – тақсими мерос ба амал меоянд. Баҳсҳо дар хусуси тақсими амволи муштараки зану шавҳар, пардохти маблағ барои таъминоти зан ё шавҳари эҳтиёҷманди коршоям, инчунин баҳсҳо дар хусуси фарзандон, ки байни зану шавҳар ба миён меоянд ва дар Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон тазаккур ёфтаанд, сарфи назар аз бекор кардани никоҳ дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ба тариқи судӣ баррасӣ мешаванд, -  чунинанд фаҳмишу дониши ман дар ин хусус, - фикрашро тақвият додамегўяд коршинос.

Дар ин росто мехоҳем ба шарҳу тафсири рух додани низоъ барои мерос миёни фарзандон, ки ба вайрон шудани оила сабаб мегардад, таваҷҷуҳ намоем ва ба фикру мулоҳизаҳои чанде аз шахсони соҳибтаҷрибаи рўзгор ва тахассусманд диққати хешро равона созам.

Оилаву оиладорӣ мисли чашмаи обаш мусаффо ва дилкашест, ки дар меҳвари он меҳру муҳаббат, дўстиву ҳамдилӣ, гулгулшукуфоӣ муҷалло мешавад. Дар ин робита Ҳаким Носири Хусрав гуфтааст: «Нишон дори, ки гул аз кор хезад, Бикун коре, ки кор аз кор хезад».

Мутаассифона, бо сабабҳои объективию субъктивӣ ҳолатҳое сар мезананд, ки ҳар чизу ночиз боиси вайроншавии оила ва сарсониву саргардониҳои фарзандон мегардад. Ин, асосан, ба тақсими мерос ва соҳиб шудан ба мероси авлодон вобастагӣ дорад. Дар ин бобат, барои рўшани андохтан ба ин масъала ва таҳлилу тафсири мавзўъ ба соҳибтахассусон ва вобастаи масоили соҳа муроҷиат намудем.

Аз ҷумла, Муҳаббат Ҷўраева, сарвари Маркази ҳимояи ҳуқуқии «Адвокати шумо» дар вилояти Суғд» мегўяд, ки қисми 3-и Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус ба ҳамин масоил - ҳуқуқи меросӣ бахшида шудааст. Дар он гуфта мешавад, ки дар ҳолати кушода шудани мерос ҳамаи меросхурон ба он ҷалб карда мешаванд. Тибқи талаботи моддаи 11.66 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон мерос бо ду тарз ба ворисон мегузарад, яъне ба воситаи васиятнома ё ба воситаи қонун. Агар васияткунанда то рўзи вафоташ ба ягон фарзанд васият накарда бошад, онгоҳ мерос аз рўи қонун тақсим карда мешавад. Яъне, аз рўи қонун ҳамаи фарзандон хоҳ духтар ва хоҳ писар, бо ҳиссаи баробар мерос тақсим карда мешавад. Дар ҳолати фавти яке аз ҳамсарон, яъне падар ё модар нисфи амвол ба номи ҳамсар боқӣ мемонад ва ҳамзамон, ҳиссаи  зан ё шавҳари вафоткарда, ба яке аз ҳамсарон вогузошта шуда, ҳиссаи фарзандон масалан, агар 4 нафар бошанд, он ба 5 ҳисса тақсим мегардад. Яъне ба шавҳар ва чор нафар фарзанд, ҳам падар ва ҳам модар вафот карда бошад дар ин ҳолат амволи меросӣ ба теъдоди меросхўрон, агар чор нафар фарзанд бошад чор тақсим мешавад.

Тибқи қонун дар вақти кушодашавии мерос бояд, ки ворисон дар муддати шаш моҳ меросро қабул карда гиранд. Таҷрибаи судӣ нишон медиҳад, ки аз сабаби надонистани қонун бисёр вақт баъди 5 ё 15 сол шахсон муроҷиат мекунанд ва сипас ҳиссаи меросии худро талаб карда мегиранд.

Сархатиби вилоят Ҳоҷӣ Ҳусайн Мўсозода мегўяд, ки ҷанҷоли оилавӣ баъди вафоти падар ё модар бисёр сар мезанад. Мерос аслан чизест, ки баъди фавти инсон боқӣ мемонад ва моликияти номуайян аст. Агар дар вақти зинда будан молу мулк байни фарзандон тақсим шуда бошад, он аллакай мерос ҳисобида намешавад. Мутаассифона, солҳои охир додару хоҳар меросро байни ҳам аз рўи адолат тақсим намекунанд. Мушкилоти мерос имрўз бисёртар дар шаҳри Хуҷанд дида мешавад, чунки аҳолӣ рўз аз рўз зиёд шуда истодаасту шаҳр барои зист тангӣ ҳам мекунад. Масалан, дар тақсимоти як хона, ки бояд байни чор фарзанд - ду писар ва ду духтар тақсим шавад. Мувофиқи нишондоди Ислом, писар ба мерос ду ҳисса, ҳақдор аст. Духтар бошад, ба як ҳисса яъне ба нисфи ҳаққи писар соҳиб шуда метавонад. Чунки барои падару модар асосан писар хизмат мекунад. Дар ноҳияҳо бошад, ин муаммо кам ба назар мерасад, - зикр намуд номбурда, – чунки дар ноҳияҳо шароиту имконият васеътар аст.   

Маҳбуба Абдураҳимзода, сармутахассиси Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят гуфт, ки дар нўҳ моҳи соли равон ба раёсат 75 нафар (15 нафар шифоҳӣ, 60 нафар хаттӣ), аз ҷумла аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 4 муроҷиати шаҳрвандон ба қайд гирифта шуда, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Муроҷиатҳо оид ба ҷанҷоли оилавӣ, бо ҷойи кор таъмин шудан, расонидани кўмаки моддӣ, таъмин шудан бо ҷойи зист ва қитъаи замини наздиҳавлигӣ, ҷой кардани фарзанд ба кўдакистон, норозигӣ аз қарори Суд ва маскун намудан ба хонаи шавҳар мебошад, ки ҳамаи муроҷиатҳо ба таври мусбат ҳал шуданд.

Воқеият ва ҳақиқат аст, ки як рукни ҷомеа, асоси воқеии идомаёбии ҳаёти инсонист. Ин сарчашмаи ҳаёту рўзгори ором дар асоси меҳрубониву иззату ҳурмат ва боварӣ, иродаву эҳтироми ҳақиқӣ дар рўзгори инсонӣ ба воқеият табдил гардидааст. Ҳар узви оила ба мисли меваи боғи ҳаёт ба худ рангу бўй, сифату тамъи хос дорад. Падару модар чароғи хонадон, дар манзари умр мисоли чанори бузурги сершоху барг ва хушнамуду зебо, тару тоза маъно доранд. Фарзандон идомабахши роҳу ҳаёти пурнишоти волидайн ба ҳисоб мераванд.

Дар ин мавод рисолати оилаву оиладорӣ ва ҳаёти хонаводагӣ камтар ба тафсир расида, дар идомаи мантиқии он ҷанбаи оромиву осудагии ҳаёти оиладорӣ ва устувор мондани оила, омилҳои пойдории ин рукни ҷомеа тасвир ёфтааст. Дар ин масир аз нуқтаи назари як муаммое, ки аксар вақт ба оромиву осоиштагии ҳаёти оила ва аъзои он халалу мушкилот эҷод мекунад, ин мерос, ҳуқуқи меросхўрӣ, тақсими мерос, пешгирии низоъҳои оилавӣ дар асоси воқеӣ қаламдод шудааст.

Бунёди оила ва ҳаёти хушбахтона, саодату сарбаландии ҳар узви ҷомеа ва идомаи ҳаёти инсонӣ муҳаббат аст. Муҳаббат аст, ки моро раҳнамоӣ, сафарбарӣ ба корҳои неку саодатбахш мекунад. 

Нодир ТУРСУНЗОДА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh