Ҳаёт бе хушунат зебост

Давоми 10 моҳи соли 2021 ба Маркази занон “Гулрухсор” 2848 нафар муроҷиат кардаанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки соли гузашта давоми 12 моҳи пурра ҳамагӣ 2407 нафар ба масъулини ин ташкилот муроҷиат намуда буданд. Ҳарчанд то ҷамъбасти сол ҳоло вақт ҳаст, аммо аз омор маълум аст, ки аллакай шумораи муроҷиаткунандагон аз хушунат дар қиёс ба соли гузашта зиёд аст.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар ҷомеа хушунат торафт зиёд мешавад. Маълумотҳои оморӣ низ афзоиши хушунатро тасдиқ мекунанд.

Ба андешаи ҷомеашиносон, ин ки шикоят аз хушунат сол то сол афзоиш меёбад, маъмулан ду сабаб дорад: фарҳанги оиладорӣ суст шудааст ва ё ҳамакнун мардум аз хушунат бисёртар овоз баланд мекунанд...

Маърифати оиладорӣ суст аст?

Дар бораи гирифторшавии занон ба хушунат коршиносон ва таҳлилгарон як қатор сабабҳоро пеш меоранд. Гуфта мешавад, ки омода набудан ба зиндагии мустақилона, паст будани маърифати оиладорӣ, ноогоҳӣ аз нозукиҳои муносибати хонаводагӣ, камтаҳаммулӣ аз омилҳои маъмулии гирифторшавӣ ба хушунат аст.

Шафоат Ишанова, яке аз масъулони Маркази занон “Гулрухсор”, ки ба муроҷиаткардагон кӯмаки иҷтимоӣ ва равонӣ мерасонад, коста шудани маърифати оиладориро аз омилҳои авҷи ин зуҳурот медонад.

“Якдигарнофаҳмӣ, набудани эҳтиром байни зану шавҳар, дахолати дигар аъзои оила, аз ҷиҳати иқтисодӣ тобеъ будани зан ба шавҳар, бекорӣ ва камбизоатӣ низ сабабҳои асосии пайдоиши зӯроварӣ дар оила мебошад”.

Дар бораи зиёд шудани хушунат таҳлилгарон аз як сабаби дигар низ ном мегиранд. Гуфта мешавад, ки ҳамакнун занон дар қиёс ба солҳои гузашта аз хушунат бештар садо баланд мекунанд.

Дилбар Самадова, журналисти шинохтаи Суғд бар он назар аст, ки зани тоҷик нисбат ба солҳои пеш хеле тағйир ёфтааст: ҳам аз лиҳози дониш ва ҳам фаҳмиш.

Ба назари ӯ, акнун занон бештар ҳуқуқҳои худро ҳимоя мекунанд ва дар муқобили хушунат хомӯш намеистанд.

Мушоҳидаҳо низ нишон медиҳанд, ки воқеан саводи ҳуқуқии занон нисбат ба солҳои пеш баланд шудааст ва акнун намояндагони ин қишри ҷомеа аз ҳуқуқҳои худ бештар дифоъ мекунанд. Агар пештар аксарият муроҷиатро аз хушунат айб медонистанд, ин фаҳмиш торафт аз байн меравад. Ҳамакнун аксарият дарк намудаанд, ки сабр дар муқобили хушунат пайомади хуш надорад...

Аз хушунат то ҷудошавии оилаҳо  - як қадам

Давоми шаш моҳи соли 2021 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 6476 ақди никоҳ бекор шудааст. Ин шумора мувофиқ ба ҳамин давраи соли гузашта 5489 ададро ташкил медиҳад, ки дар қиёс 1000 ҳолат зиёд мебошад.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки хушунат торафт аз омилҳои маъмулии ҷудошавии оилаҳо мешавад. Омили асосии зиёд ҷудошавии оилаҳоро бар пояи хушунат калонсолон дар суст шудани эҳтиром миёни зану шавҳар ва паст будани фарҳанги оиладорӣ медонад.

Ба назари онҳо, маҳз баланд бардоштани маърифати оиладорӣ метавонад ҷиҳати пешгирӣ аз хушунат ва коҳиш додани сатҳи ҷудошавии оилаҳо мусоидат намояд.

Ин ки хушунат дар рӯйхати омилҳои ҷудошавии оилаҳо торафт “маъмулӣ” мешавад, коршиносон низ ба коста шудани суннати оиладории тоҷикон рабт медиҳанд.

Маҳина 25 сола ва бо як фарзанд аз оилааш ҷудо шудааст. Сабаби пош хӯрдани оилаашро қаҳрамони мо ба хушунат рабт медиҳад.

“Ҳанӯз 18 сола будам, ки маро ба шавҳар доданд. Он замон донишҷӯи соли якум будам ва аз рӯйи ихтисоси омӯзгори забони хориҷӣ таҳсил доштам. Баъд аз оиладоршавӣ маро аз ҳуқуқи идомаи таҳсил маҳрум карданд. Гузашта аз ин, пайваста зери хушунати ҷисмониву равонӣ қарор доштам. Агар хушдоманам бо хурдтарин баҳона маро зери тозиёнаи танқид ва хушунати равонӣ мегирифт, шавҳарам дар пайи бадгӯйиҳо ва шикояти модараш нисбат ба ман зӯроварии ҷисмониро раво медид. Натиҷа кӯдаки ман имрӯз аз асабонияти зиёд азият мекашад, ки духтурон сабабро ба вазъи равонию харобии асаби худам ҳангоми ҳомиладорӣ рабт медиҳанд” – мегӯяд Маҳина.

Мисли қаҳрамони мо садҳо нафар ҷавонзанонро метавон пайдо намуд, ки дар давраи зебои зиндагӣ - ҷавонӣ мавриди хушунат қарор гирифта, аллакай аз оила ҷудо шудаанд...

Собиқадори бахши кор бо занони вилояти Суғд Ҳамрохон Атаева мегӯяд, ки аз хушунат то ҷудошавии оила танҳо як қадам мавҷуд аст. Ба андешаи ӯ, агар хушунат саривақт бартараф нагардад, бо зуҳуроти номатлуб, аз ҷумла пошхӯрии оила анҷом меёбад.

Ба назар мерасад, ки ҷиҳати пешгирӣ аз ин муаммо аз ҷониби масъулин ва ниҳоди дахлдор иқдом ва кӯшишҳое сурат мегирад, аммо маълумоти оморӣ ва факту арқом нишон медиҳад, ки хушунат ҳамоно рӯ ба афзоиш дорад...

Хушунат: Марги 137 нафар зан дар ҷаҳон давоми рӯз

Мирзоахмедов Мансур Мавлонович, соли таваллудаш 1982, истиқоматкунандаи маҳаллаи “Хуррамшаҳр”-и Хуҷанд шаби 1 ба 2 октябр дар натиҷаи як муноқишаи оилавӣ ба ҳамсараш Умеда Мирдадоева, соли таваллудаш 1989 ва духтаронаш Мавзунахон, соли таваллудаш 2013 ва Хумрихон, соли таваллудаш 2012 дарафтода, онҳоро бо корд задааст. Дар ин бора мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Суғд хабар дод.

Иттилоъ дода шуд, ки дар натиҷаи ин ҳодиса фарзанди хурдии оила Хумрхон фавтидааст.

Ин хабар дар фазои иттилотӣ ва маҷозии интернетӣ вокуниши сахт дар пай дошт. Аксарият аз мард, ки падари хонадон буд, интиқод карда, ин кирдори ӯро зери тозиёнаи танқид гирифтанд.

Сабаби даст ба чунин ҷиноят задани гумонбарро мақомот муноқишаи оилавӣ унвон карданд. 

Чунин ҳолат, ки дар натиҷаи муноқишаҳои оилавӣ нисбат ба занон ва ҳатто фарзандон хушунат зоҳир мешавад, кам нест. Мутаассифона, дар баъзе ҳолат чунин ҳодиса ҳатто бо марги занон анҷом меёбад. Ба ин монанд воқеаҳо дар расонаҳои хабарӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ низ зиёд нашр мешавад.

Коршинос Ҳамрохон Атаева мегӯяд, ки ҷиноят, аз ҷумла куштор ва ба худкушӣ оварда расонидан аз пайомадҳои нохуши хушунат маҳсуб меёбад. Ба андешаи ҳамсӯҳбати мо, бо пайдо шудани нахустин нишонаҳои хушунат бояд роҳҳои ҳалли вазъият ҷустуҷӯ шавад, вагарна ин ҳолат метавонад бо ҷиноятҳои гуногун хотима ёбад.

Созмони Миллали Муттаҳид зимни як таҳқиқоти вижа муайян намуд, ки ҳамарӯза 137 нафар занон дар ҷаҳон аз ҷониби аъзои оилаи худ кушта мешаванд. Бино ба таҳқиқи ин ниҳод, дар Тоҷикистон 50%-и занон бо хушунат мувоҷеҳ мешаванд.

Бар пояи иттилои маъмурони РВКД дар вилояти Суғд тайи нуҳ моҳи соли ҷорӣ 4412 ҷиноят сабт шудааст. Аз ин шумор 1002 маврид ва ё 22,7 дарсад аз маҷмӯи ҷиноятҳо алайҳи занон содир шудааст.

Абдурофеъ Абдуназаров, сардори шуъбаи тартиботи ҳифзи ҷамъиятии РВКД дар вилояти Суғд зимни баргузории як ҷаласа дар Хуҷанд, ки дар он мавзӯи пешгирии хушунат матраҳ буд, бо ироаи ин рақам вазъро ташвишовар арзёбӣ намуд.

“Дар ин давра бар асари одамкушӣ, ба худкушӣ расонидан, таҷовуз ба номус, ғорат, ҷалби одамон ба истисмор, қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, харидуфурӯши одамон, роҳзанӣ, тамаъҷӯи, авбошӣ ва дар дигар намуди ҷиноятҳо ҳуқуқу манфиятҳои занон поймол гардидааст”, - гуфт Абдуназаров.

Масъулони бахши кор бо занон иброз намуданд, ки вақтҳои охир хушунат нисбати занон дар хонаводаҳо рӯ ба афзоиш аст.

Хуршеда Хоҷазода, сардори бахши кор бо занон дар ҳукумати Суғд хушунати хонаводагиро зуҳуроте номид, ки аксари вақт ба вайроншавии муносибати фард, оила ва ҷомеа боис мегардад.

Бино ба иттилои мақомоти умури дохилӣ, дар ин давра 1170 аризаву шикоят дар бораи баҳсу муноқишаҳои оилавӣ ба шуъбаҳои ВКД дар шаҳру навоҳии Суғд ворид шудааст.

Аз ин теъдод 1035 мавриди шикоят ба ҷанҷоли байни зану шавҳар ва 135 муроҷиати дигар дар хусуси муноқишаи байни келину хушдоман будааст, ки дар ин бора бахши тоҷикии оҷонсии иттилоотии Спутник маълумот додааст.

Суннати оиладорӣ суст шудааст?!

“Мардуми мо духтари 18 соларо келин мекунанд, аммо аз ӯ рафтору кирдору гуфтори зани 30-40 соларо интизор ҳастанд” - мегӯяд Мукаррама Неъматова, масъули маркази “Ваҳдати оила”. Ба андешаи ӯ, духтари 18 сола ҳеҷ гоҳ наметавонад фаҳмишу идроки хушдомани 40-45 соларо дошта бошад. Номбурда мегӯяд, ки келинро бояд тарбия кард, барои камбудӣ ва иштибоҳоташ на сарзаниш ва ҷазо, балки насиҳат кардан лозим.

“Мушкилоти асосии ҷомеаи мо ҳамин аст, ки бархе дар симои келин ғулом ва ё хизматгорро мебинанд.  Садои кафкӯбӣ аз ду даст аст. Ягон духтар барои хушдомани хуб келини бад намешавад” –мегӯяд Мукаррама Неъматова.

Хушунат зуҳуроти нав нест. Замони пеш низ занон мавриди хушунат қарор мегирифтанд. Аммо солҳои пеш аз мушкилоти оила даҳон кушодан айб дониста мешуд.

“Пештар занону бонувон гапи хонаро ба кӯча намебароварданд, ин кирдорро барои худ ор медонистанд. Имрӯз, ки акнун аксарият дарк намуданд, ки хомӯш истодан дар муқобили хушунат на ҳама вақт пайомади хуб дорад, шумораи муроҷиатҳо низ афзоиш ёфта истодааст”. 

Дар бораи он ки гӯё зани тоҷик камтаҳаммул шудааст ва дар қиёс ба солҳои пеш дурбин нест, иддао зиёд аст. Аммо коршиносон мегӯянд, ки таҳаммул низ дар баробари хушунат роҳи наҷот набуда, оқибатҳои нек надорад ва ин зуҳурот бояд саривақт пешгирӣ шавад. Ин гурӯҳ дар ин замина шумораи парвандаҳои ҷиноятиро, ки дар натиҷаи сабру таҳаммул дар муқобили хушунат чандин нафар занон аз ҳаёт маҳрум шуда, даҳҳо нафар ба бемориҳои вазнин гирифтор шудаанд, далели муҳим медонанд.

Ҳама гуна хушунат ҷиноят аст!

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалӣ, аз ҷумла Эъломия дар бораи ҳуқуқи башар ва Конвенсия оид ба пешгирии ҳамагуна шаклҳои табъиз нисбат ба занонро эътироф намудааст, ки ҷиҳати беҳдошти вазъи занон дар ҷомеа равона гардидааст.

Ҳуқуқшинос Назира Раҳимзода мегӯяд, ки мувофиқи қонун ҳама гуна зӯроварӣ манъ аст. Бино ба маълумоти номбурда, ҳуқуқҳои занони ҷабрдидаи зӯроварӣ бо кодексҳои маъмурӣ, ҷиноятӣ, кодекси Оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси манзил, Қонуни ҶТ «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» ва дигар санаду меъёрҳои ҳуқуқӣ ҳимоя карда мешавад.    

Бино ба гуфтаи ҳуқуқшинос, яке аз афзалиятҳои қонуни мазкур дар он аст, ки махфиятро кафолат медиҳад.

Барои решакан намудани хушунат аз ҷониби масъулини мақомоти дахлдор, ташкилотҳои иҷтимоӣ ва нерӯҳои сиёсии кишвар ташаббусҳое амалӣ мегардад, ки дар ин замина вохӯриву мулоқот, семинар, конфронсу ҳамоиш,  аксияву мизҳои мудаввар аз зумраи чунин иқдом ба шумор меравад. Дар ин замина, шуъбаи кор бо занони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд пайваста талош дорад, ки баҳри мубориза бо хушунат аз усулҳои муосиру муассир кор гирад.

Аз ҷумла, дар доираи маъракаи иттилоотии «16 рӯзи алайҳи хушунат» бо икдоми шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бахшида ба «Рӯзи байналхалқии мубориза бар зидди зӯроварӣ нисбати занон» ҳамасола аксияи шаҳрӣ таҳти унвони «Мо бар зидди зӯроварӣ» дар майдони «Регистон» - бозори марказии Панҷшанбе гузаронида мешавад.

Дар доираи аксияи мазкур имсол низ барои занон варақаҳои иттилоотӣ ва як донагӣ гули садбарг ба мардони роҳгузар бо мақсади ба ҳамсари худ изҳори муҳаббат намудан, тақдим гардид. 

Ҳадаф аз ин ташаббус мубориза бо хушунат ва тарғиби муҳаббат дар оила гуфта мешавад.

Назари дин

Агар ба таърихи пеш аз ислом назар афканем, маълум мешавад, ки занон зери зулму ситаму шиканҷа қарор доштанд. Агар аз як ҷониб, занон аз мерос маҳрум буданд, аз тарафи дигар, онҳоро дар бозорҳо чун мол иваз мекарданд ва ҳатто агар дар оила духтар ба дунё меомад, ўро зинда ба зинда ба гўр мекарданд. Бо зуҳури ислом ба он ҳама беадолатиҳо хотима гузошта шуд.

Хоҷамир Хоҷамиров, муовини раиси Шўрои уламои дини вилояти Суғд мегӯяд, ки дини Ислом мақому манзалат ва ҳуқуқҳои занонро чунон баланд муайян намудааст, ки назираш дар дигар дини ҷаҳон нест.

“Худованд дар Қуръон сурае бо номи «Нисо» (занҳо) нозил кардааст, ки дар он ҳаққу ҳуқуқи бонувон барои башарият баён ёфтааст. Хушунат нисбат ба зан барои ҷомеаи мо, ки аксарият мусулмон ҳастем, ҳам айб ҳасту ҳам шарм” - мегӯяд Хоҷамир Хоҷамиров.

Пешниҳод

Ҷиҳати пешгирӣ аз хушунат ва пайомадҳои ин зуҳурот аз ҷониби коршиносон, таҳлигарон ва фаъолони шабакаҳои иҷтимоӣ чанд пешниҳод ироа шуд, ки фишурдаашро ин ҷо зикр мекунем:

1. Дар самти баланд бардоштани тарбияи фарзандон дар оила корбарӣ шавад. Моҳияти Қонуни ҶТ “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ба таври зарурӣ фаҳмонида шуда, оқибати беаҳамиятӣ дар тарбияи фарзандон  ба волидон мавриди тавзеҳ қарор дода шавад.

2. Синни никоҳ боло бурда шавад, то ҷавонон ба зиндагии мустақилона пурра омода шаванд.

3. Корҳои идеологӣ дар маҳалла ва намояндагони қишрҳои гуногуни ҷомеа вусъат дода шавад.

4. Барои баланд бардоштани маърифати оиладорӣ бо мулоқоту мизи мудаввар иқтифо накарда, роҳҳои муосири корҳои тарғиботӣ истифода шавад. Таҷрибаи кишварҳое, ки дар онҳо сатҳи дучоршавӣ ба хушунат паст аст, бо назардошти арзишҳои миллӣ мавриди татбиқ қарор гирад.

5. Омӯзиши фанни “Маърифати оиладорӣ” дар барномаи мактаб ва донишгоҳҳо такмил ва таҷдид шавад .

6. Дар самти  баланд бардоштани саводи ҳуқуқӣ ва динии ҷавонон иқдоми зарурӣ роҳандозӣ гардида, ҷиноят ва гуноҳ будани хушунат фаҳмонида шавад.

7. Зимни корбарӣ дар самти мубориза бо хушунат аз хусусияти мавсимӣ даст кашида,  барои пешгирӣ аз хатарҳои ин зуҳурот давоми сол пайваста корбарӣ шавад.

P. S.    Мавзӯи мазкур фарох аст ва дар қолаби як  мақола наметавон омил ва пайомадҳои ин зуҳуротро ба таври зарурӣ баррасӣ намуд. Гузашта аз ин, хушунат намуди зиёд дорад ва танҳо ба намояндагони қишри зан марбут нест, ки мо ин ҷо ба риштаи таҳлил кашидем. Паҳлӯҳои дигари ин мавзӯъро минбаъд низ пайгирӣ ва мавриди таҳлил қарор медиҳем. 

Мафтуна ИСМОИЛОВА,

рӯзноманигор

Add comment


Security code
Refresh