КУМИТАИ ҲИЗБӢ

Дар қасри фарҳанги шаҳри Хуҷанд конфронси кумитаи иҷроияи Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон дар вилояти Суғд баргузор гардид, ки дар он аз 176 вакили интихобгардида 167 нафар иштирок намуданд. Дар конфронс котиби КМ ҲКТ Заррагул Мирасанова ва намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд  Тоҷибой Султонӣ ширкат варзиданд.

Дар рафти конфронс масъалаҳои фаъолияти ҳизб аз соли 2016 то октябри соли 2021, ҳисоботи комиссияи назоратӣ ва тафтишотӣ, интихоби ҳайати роҳбарикунандаи ташкилоти ҳизбии вилоят, интихоби аъзои комиссияи назоратӣ ва тафтишотии ташкилоти ҳизбии вилоят, интихоби вакилон ба Анҷумани ХХХVI - уми Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон мавриди муҳокима қарор гирифт.

Котиби якуми кумитаи иҷроияи ҳизбии вилоят Қурбонҷон Мирзоева  бобати  самтҳои кори ҳизбӣ, аз ҷумла, кори ташкилию сиёсӣ, идеологӣ, кор бо занон ва ҷавонон, кор бо ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ, қабул ба сафи ҳизб, ҷамъоварии ҳаққи узвият, обуна ба нашрияҳои ҳизбӣ, ҳамкорӣ бо мақомотҳои маҳаллӣ маълумот дод.

Пас аз муҳокимаи масъалаҳо чанд нафар ба аъзогии ҳизб қабул карда шуданд.

Ш.СИДДИҚ,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh