ДАСТОВАРДИ НОДИРИ ЗАМОНИ ИСТИҚЛОЛ

Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон баробари нодиртарин дастоварди миллати тоҷик – Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои кишвар падид омада, ҳамчун нерӯи ташаббускор ҷиҳати таҳкими сулҳу субот, таъмини амнияти давлат, ваҳдати миллӣ ва суботи сиёсии кишвар нақши муассир дорад. Он ҳамчун қувваи пешсафу пешбари ҷомеа соли 1991 таъсис ёфта, ҷавонони фаъолу пешқадамро таҳти як ливо ва як шиору маром муттаҳид намуд.

Маврид ба зикр аст, ки Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон аз рўзҳои аввали ба фаъолият шуруъ намудан, ҷавононро новобаста аз ғояву ақидаҳои сиёсӣ, мавқеи иҷтимоӣ ва мансубияти динӣ муттаҳид сохт ва онҳоро ба сўи ягонагӣ, дўстиву рафоқат ва баланд бардоштани сатҳи маърифатнокӣ даъват намуд. Барои худшиносӣ, ваҳдат, ошкор кардани қобилияти эҷодӣ, ғанӣ гардонидани маданияти маънавии сиёсии ҷавонон шароит фароҳам оварда, ҷиҳати бунёди ҷомеаи демократии ҳуқуқбунёду инсонпарвар саҳми арзишманд гузошт.

Дар ҷомеаи муосир Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон аллакай нақш ва мақоми худро пайдо намудааст. Айни ҳол дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо бахшҳои он бо як ҳадафу мақсад кору фаъолият доранд. Барои амалӣ намудани он Шўроҳои олимон ва муҳаққиқон, коргарҷавонон, донишҷўён, мактаббачагон ва маҳфилҳои мубоҳисоти сиёсию адибони ҷавон таъсис ёфт. Мақсади асосии онҳо дарёфти истеъдодҳои нави ҷавон, ҷалби онҳо ба ҳаёти ҷамъиятӣ, тарбияи ҷавонон дар рўҳияи ватанпарастӣ, ташаккули ҳисси адабиётдўстӣ, маорифпарварӣ, дастгирии олимону муҳаққиқон ва муаррихони ҷавон, ташкил ва баргузор кардани чорабиниҳои тарғиботӣ - ташвиқотӣ, ташкилӣ, эҷодӣ, иҷтимоию фарҳангӣ ва варзишӣ, пешгирии ҷинояткорию ҳуқуқвайронкуниҳо байни ҷавонону наврасон маҳсуб меёбад.

Шоистаи таъкид аст, ки бахши Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар вилояти Суғд низ аз рӯзҳои нахуст ҳимояи суботи сиёсӣ ва таҳкими дастовардҳои олии миллиро ҳадафи муҳими фаъолияти худ қарор дода, дар самти татбиқи самараноки Барномаву Оинномаи Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон пайваста иқдом мекунад.

Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки рӯйдодҳои нодири мамлакат бо фаъолияти Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон пайванди ногусастанӣ дорад. Пешниҳоди номзадии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маснади президентӣ соли 1994 низ маҳз аз ташаббуси ин нерӯи ояндасози ҷомеа мебошад.

Иқдоми дигари созанда ва тадбирҳои судманди ташкилоти бонуфузи ҷавонон буд, ки  шумораи ихтиёриён ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ зина ба зина афзуд. Намояндагони ин сохтор то ҳол дар комиссияҳои даъватии баҳорӣ ва тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок мекунанд.

Ташкили маҳфили «Сарбози оянда» барои гузаронидани мусобиқаҳои ҳарбӣ - варзишии «Ҳомии Ватан», «Сарбози оянда» ва «Сарбози шуҷоъ»  байни ҷавонони то синни даъватӣ, озмуни сурудҳои ватанпарастонаи «Сарбоз», таъсиси китобхонаҳо ва рўзи дарҳои кушод дар қисмҳои низомии қаламрави ҷумҳурӣ барои бедор сохтани ҳисси ватанпарастӣ ва ҷалби онҳо ба хизмати ҳарбӣ мусоидат намуд.

Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон аз рўзи таъсисёбиаш таҳти шиори «Барои ваҳдат ва пешрафти Тоҷикистон» фаъолияти самарабахш дорад ва барои муттаҳидиву ягонагӣ ва якдилии ҷавонони манотиқи гуногуни кишвар кўшиш ба харҷ медиҳад.

Имрӯз иштироки фаъолонаи ҷавонони бонангу номус ва боирода, ки аъзои Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ҳастанд, ҳамчун нерўи созанда дар маъракаҳои муҳими давлативу ҷамъиятӣ беш аз пештара эҳсос мегардад. Ин нишонаи он аст, ки насли нави даврони истиқлолият соҳиби нерўи фавқулода ва истеъдоду қобилияти баланди ташкилотчигӣ ҳастанд.

Фаридун ҲОДИБОЕВ,

дотсенти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд

ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Add comment


Security code
Refresh