РАФЪИ КАМБУДИҲО ВА ҶОННОК НАМУДАНИ ФАЪОЛИЯТ

Дар маҷлисгоҳи прокуратураи вилоят ҷаласаи васеи ҳайати мушовараи прокуратураи вилоят баргузор гардида, дар он натиҷаи ҷамъбасти фаъолияти ин ниҳод дар 9 моҳи соли 2021 мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар ҷаласа аз ҷониби прокурори вилояти Суғд, мушовири адлияи дараҷаи 1 Хоҷазода Фурқат Файзалӣ ва муовини Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарпрокурори ҳарбӣ, полковники адлия Зоирзода Икром Оймаҳмад дар хусуси корҳои анҷомдодашуда, камбудиҳои ҷойдошта маълумоти мукаммал манзур гардида, баҳри рафъи камбудиҳо ва ҷоннок намудани фаъолияти корӣ дар самтҳои алоҳида дастуру супоришҳои дахлдор доданд. Аз ҷумла, қайд гардид, ки дар давраи таҳлилӣ дар маҷмӯъ 1344  санҷиши прокурорӣ гузаронида, аз натиҷаи онҳо 23 ҳазору 711 қонунвайронкунии мухталиф ошкор, баҳри бартараф сохтани онҳо ва барқарор намудани ҳуқуқу манфиатҳои давлат, ҷамъият, шахсони ҳуқуқӣ ва шаҳрвандон 4227 амр дода, 2785 эътирози назоратӣ, 2222 пешниҳод оварда шудааст.

Ҳамзамон, 1275 парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва 11 ҳазору 603 нафар ба ҷавобгариҳои интизомӣ, моддӣ ва маъмурӣ кашида, ҳуқуқҳои вайроншудаи 32 ҳазору 953 нафар шаҳрвандон, аз ҷумла 65 нафар ноболиғу ҷавон ва инчунин 205,8 миллион сомонӣ зарарҳои моддӣ барқарор гардидааст.

Аз эътирозҳои назоратии овардашуда 367 адад ба қарорҳои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, 312 адад ба қарорҳои ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, 245 адад ба қарор-ҳои мақомоти назоратӣ ва 442 адад ба қарору фармонҳои муассисаҳои соҳаи маориф рост меояд.

Дар давраи ҳисоботӣ тафтишоти пешакии 745 адад парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба 914 нафар ба охир расонида, барои моҳиятан баррасӣ намудан ба судҳо фиристода шудаанд. Вобаста ба ин парвандаҳо дар давраи тафтишоти пешакӣ зарарҳои моддӣ ба миқдори 8 миллиону 243 ҳазору 541 сомонӣ

барқарор шудааст. Дар мурофиаи судии марҳилаи аввал ҳангоми баррасии 529 адад парвандаи гражданӣ, аз ҷумла 15 парванда оид ба барқарор намудан ба ҷойҳои корӣ, 45 адад оид ба кӯчонидан аз манзили истиқоматӣ ва ҳамзамон дар суди марҳалаи кассатсионӣ ҳангоми баррасии 38 адад парвандаи гражданӣ иштироки прокурор таъмин шудааст.

Ғайр аз ин, ҳангоми баррасии 1107 адад парвандаи маъмурӣ дар судҳои марҳалаи аввал ва 13 адад парвандаи маъмурӣ дар судҳои марҳалаи кассатсионӣ иштироки прокуророн ба роҳ монда шудааст.

Дар давоми 9 моҳ ба судҳои граждании шаҳру ноҳияҳо ҳамагӣ 125 адад аризаи даъвогӣ ба маблағи 8,8 миллион сомонӣ оварда шудааст, ки аз ҳисоби онҳо ва аризаҳои аз соли 2020 боқимонда ҳамагӣ 106 адад аризаи даъвогӣ ба маблағи 5,4 миллион сомонӣ баррасӣ гардида, 95 адад ба маблағи 4,7 миллион сомонӣ қонеъ гардонида, 11 адад бинобар ихтиёран барқарор гардидани зарар ба маблағи 741,9 ҳазор сомонӣ қатъ гардидааст.

Ба судҳои иқтисодӣ 52 аризаи даъвогӣ ба маблағи 40,3 миллион сомонӣ оварда шуда, аз ҳисоби онҳо ва аризаҳои даъвогии аз соли 2020 боқимонда 50 адад ба маблағи 63,78 миллион сомонӣ баррасӣ гардида, 49 адад ба маблағи 63,74 миллион сомонӣ қонеъ гардонида шудааст.

Дар судҳои шаҳру ноҳияҳо ва Суди вилояти Суғд ҳангоми баррасӣ шудани 2038 адад парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба  2354 нафар ба сифати суди марҳалаи якум иштироки айбдоркунандагони давлатӣ таъмин шудааст.

Вобаста ба парвандаҳои ҷиноятӣ ҳамагӣ 47 эътирози кассатсионӣ ва 46 эътирози назоратӣ оварда шуда, аз онҳо мутобиқан 44 ва 45-ададӣ баррасӣ гардида, 41 ва 42-ададӣ қонеъ гардонида шудааст.

Дар давраи ҳисоботӣ 2569 муроҷиати шаҳрвандон ва 101 муроҷиати шахсони ҳуқуқӣ баррасӣ гардида, мувофиқан 664 муроҷиати шаҳрвандон ва 39 муроҷиати шахсони ҳуқуқӣ қонеъ гардонида шудааст.

Пайрав Мириноят,

ёрдамчии калони прокурори

 вилоят оид ба таъминоти ҳуқуқӣ, мониторинги қонунгузорӣ ва кор бо матбуот, мушовири адлияи дараҷаи 2, 

Гулҷаҳон МАҲКАМОВА,

“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh