Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода собиқадорони меҳнатро аёдат кард

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни сафари корӣ ба шаҳри Истаравшан дар Ҷамоати деҳоти Чорбоғ собиқадорони меҳнат Луъбат Ҷӯраева ва Инобат Улмасоваро аёдат кард.

Зимни суҳбати самимӣ бо собиқадорони меҳнат роҳбари вилоят аз хизматҳои онҳо дар самти тарбияи насли наврас ва кадрҳои ҷавон ёдовар шуда, ба собиқадорон саодату хушбахтиҳои рӯзгорро таманно намуд. Таъкид карда шуд, ки бо сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давлат барои дастгирии собиқадорону калонсолон тадбирҳои заруриро роҳандозӣ сохта, ба пешқадамони соҳаҳои гуногун ва собиқадорони ҷангу меҳнат мунтазам кӯмак мерасонад.

Боиси зикр аст,  ки Луъбат Ҷӯраева 104 сол дошта, аз куҳансолтарин занони деҳоти Чорбоғ аст. Мавсуф солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар ақибгоҳ фаъолият бурда, имрӯз дар иҳотаи пайвандонаш умр ба сар мебарад.

Инобат Улмасова бошад соҳиби 3 фарзанд ва набераву абераҳои зиёд буда, бо шукргузорӣ аз фазои орому осудаи кишвар дар деҳоти Чорбоғ зиндагӣ дорад. Ӯ дар гузшата дар вазифаҳои гуногун, аз ҷумла аз соли 1964 то соли 2015 дар вазифаҳои омӯзгор, директори мактаб ва раиси Ҷамоати деҳоти Чорбоғ фаъолият намудааст.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh