ҲИФЗИ АРЗИШҲОИ АСИЛИ ФАРҲАНГӢ

Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 8 – уми июни соли 2007 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” қабул гардид, ки он барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ, гирифтани пеши роҳи хароҷоти зиёдатӣ нигаронида шуда, ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандонро ҳимоя менамояд. Мухбири рӯзнома бо Сӯҳроб Рустамзода - мудири шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим дар вилоят доир ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳамсуҳбат гардид, ки фишурдаи онро манзури хонандагон месозем.

Хушбахтона, имрӯз мардуми бомаърифат ва бофарҳанги кишвар дар зиндагӣ ва маъракаҳои худ низоми муқарраргардидаро роҳандозӣ карда истодаанд. Ворид шудани тағйироту иловаҳо ба қонун муҳим, саривақтӣ ва ба замон мувофиқ буда, он дар доираи маъракаҳои тӯю мотамдорӣ ба низом дароварда шуд. Қабули қонуни мазкур бо мақсади гирифтани пеши роҳи афзоиши бемантиқи расму оинҳо, нигоҳ доштани анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ, баланд бардоштани сатҳи фарҳанги миллӣ, динӣ, худшиносии миллӣ ва ниҳоят ба талаботи арзишҳои башарӣ мутобиқ намудани расму оини зиндагии мардуми Тоҷикистон роҳандозӣ шудааст.

Қобили қайд аст, ки моҳи июни соли равон ба қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 14 сол пур шуд. Қонун барои камхарҷ ва сарфакорона намудани маъракаҳо, инчунин, баҳри аз байн бурдани тӯю маросимҳои дабдабаноки хурофотию таассубӣ нигаронида шуда бошад ҳам, мутаассифона, аз ҷониби баъзе сокинон қонуншиканӣ ба назар мерасад. Масалан, дар ҳашт моҳи соли 2021‐ум 105 ҳолати қонунвайронкунӣ дида мешавад, ки он бештар дар шаҳру ноҳияҳои Исфара, Хуҷанд, Конибодом, Панҷакент, Бобоҷон Ғафуров, Ашт ба назар мерасад. Дар ин замони пешрафти босуръати техникаву технология наврасону ҷавонон аз илму донишҳои замонавӣ бархурдор буда, дар зиндагӣ роҳи дурусти хешро пеш гирифта истодаанд.

Шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Мақомоти иҷроияи хокимияти давлатии вилоят тибқи нақшаи корӣ баҳри татбиқи нуқтаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, амалӣ намудани қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», Консепсияи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи дин ва иҷрои дастуру супоришҳои Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастури Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода фаъолиятро роҳандозӣ намуда истодааст.

Алҳол барои риояи қонуни мазкур як шуъбаи вилоятӣ, 18 бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросим дар шаҳру ноҳияҳо, 105 сармутахассис дар Ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот, 134 комиссияи доимии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилоят, Ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот ва 1701 комиссияи ҷамъиятӣ оид ба танзими анъана ва ҷашну маросим дар корхонаву ташкилот, муассисаю ширкатҳо ва хоҷагиҳо ба рафти иҷрои қонун назорат мебаранд.

Дар ҳашт моҳи соли ҷорӣ дар вилоят ҳамагӣ 14 ҳазору 722 маъракаву маросим баргузор гардида, дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ҳангоми гузаронидани рейди муштараки аъзои комиссияи доимӣ, санҷишу назорати баргузории маърака ва маросим масъулини шуъбаи вилоятӣ ва бахшҳои шаҳриву ноҳиявӣ 105 ҳолати қонуншиканиро ба қайд гирифтанд, зикр дошт Сӯҳроб Рустамзода.

Шаҳноза ҲОМИДОВА,

“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh