ВАЗЪИЯТ БА ЭЪТИДОЛ ОМАДААСТ

Доир ба натиҷаҳои фаъолияти шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар соли 2020 сардори шуъба Суҳроб Рустамзода дар нишасти матбуотӣ бо рӯзноманигорони ватаниву хориҷӣ гузориш дод.

Маълум гардид, ки диққати асосии аъзои комиссияи доимӣ ва дигар масъулони шуъбаи танзими анъана ва ҷашну маросим давоми соли 2020 ба он равона шуд, ки бо мақсади пешгирӣ аз мубтало шудан ба вируси корона ва таъмини амнияти шаҳрвандон тӯйхонаҳо бо маҳлул безарар гардонида шуданд. Ҳамчунин дар ҳамкорӣ бо кормандони дину танзими шаҳру ноҳияҳои вилоят дар ҳар тӯю маърака иштирок намуда, рейдҳои назоратиро ба роҳ мондаанд. Бояд тазаккур дод, ки дар давраи ҳисоботӣ дар вилоят ҳамагӣ 17369 маъракаву маросим баргузор гирдидаанд, ки нисбат ба соли 2019 – ум 7062 адад кам мебошад. Сабаби кам баргузории тӯю маъракаҳо ин бо назардошти пешгирӣ аз бемории коронавирус ва худдорӣ намудани шаҳрвандон аз баргузории тӯю маърака ба ҳисоб меравад.

Баҳри таъмини иҷрои амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми шаҳру навоҳии вилоят озмуни «Дастархонороӣ» баргузор гардида, ғолибон ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба гирифтани мақоми аввал ва мукофоти пулӣ ба маблағи панҷ ҳазор сомонӣ гардид.

- Вобаста ба вазъияти ба амаломада доир ба паҳншавии бемории сироятии КОВИД-19 қарори Раёсати Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятӣ, гузаронидани намозҳои ҷамоат - панҷвақта, ҷумъа ва таровеҳ дар масҷидҳои кишвар ва ҷамоатхонаҳо то беҳбудӣ ёфтани вазъият аз 18-уми апрели соли 2020 муваққатан боздошта шуда буд.

Хушбахтона, баробари ба эътидол омадани вазъият имрӯз дари тамоми масҷидҳо барои намозгузорон кушода аст. Танҳо аз шаҳрвандон даъват ба амал оварда мешавад, ки қоидаҳои беҳдоштӣ, фосилаи иҷтимоӣ ва истифодаи ниқобу антисептикҳоро ба роҳ монанд,- иброз дошт Суҳроб Рустамзода.

Бояд тазаккур дод, ки баҳри татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» бобати баргардонии донишҷӯёни мактабҳои динии хориҷ аз кишвар ғайрирасмӣ таҳсилкунанда тадбирҳои мушаххсас андешида шуд. Аз 716 шаҳрванде, ки дар хориҷа бидуни розигии мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба дин таълими динӣ мегирфтанд, 696 нафарашон ба Ватан баргардонида шуданд. Даҳ нафари боқимонда сокинони шаҳру навоҳии Истаравшан, Исфара, Конибодом, Панҷакент ва Ашт алҳол дар кишвари хориҷа қарор дошта, барои баргардонидани онҳо чораҳои мушаххас андешида мешавад.

Боиси таассуф аст, ки аз шумораи умумии донишҷӯёни ба ватан баргашта то имрӯз бидуни иҷозат ва огоҳии мақомоти дахлдор такроран барои идомаи таҳсили динӣ ва ё бо баҳонаи муҳоҷирати меҳнатӣ ё табобат 13 нафар ба хориҷи кишвар сафар кардаанд, ки онҳо сокинони шаҳру ноҳияҳои Ашт, Бӯстон, Бобоҷон Ғафуров, Истаравшан, Исфара, Конибодом, Мастчоҳ, Панҷакент ва Хуҷанд мебошанд. Рӯзноманигорон дар фарҷом ба масъулин суол дода, посухҳои мушаххас гирифтанд.

Шоира КАРИМЗОДА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh