БАҲРИ БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАЪРИФАТИ ИҚТИСОДӢ

Чуноне, сармутахассиси бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросим дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Улуғбек Темиров ба мухбири рӯзнома маълумот дод, бо мақсади татбиқи қонуни мазкур дар ноҳия як комиссияи доимии ноҳиявӣ, 12 комиссияи доимии ҷамоатҳо ва 142 комиссияи ҷамъиятӣ фаъолият менамоянд. Баҳри дар сатҳи зарурӣ ташкил ва гузаронидани тӯю маъракаҳо дар миқёси ноҳия 32 тӯйхонаву тарабхонаҳо ба мардум хидмат мерасонанд. Дар ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти ноҳия дар соли 2020-ум 3010 маърака ба қайд гирифта шуда, маблағи умумии хароҷот 20605500 сомонӣ мебошад, ки ба ҳар як маърака 6845 сомонӣ рост меояд.

Бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров барои амалигардонии Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» ва дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як зумра корҳоро ба сомон расонид. Аз рӯзе, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба тавсиб расид, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия барои амалӣ гардонидани қонуни мазкур, бо қарори раиси ноҳия бахши танзими анъана ва ҷашну маросим таъсис дода шуда, дар ҳамаи ҷамоатҳо сармутахассисони танзими анъана ва ҷашну маросимҳо таъмин гардиданд.

Ҳамчунин, дар соли сипаригардида аз тарафи бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросими ноҳия 54 маротиба рафти баргузории зиёда аз 135 тӯю маъракаҳо мавриди санҷиш қарор гирифт. Чунин рейдҳо аз ҷониби комиссияҳои доимии ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти ноҳия низ мунтазам амалӣ шуданд. Дар натиҷа, рафти баргузории тӯю маъракаҳо 8 қонуншиканӣ ошкор шуда, чораҳои маъмурӣ андешида шуд. Дар умум аз соли татбиқи қонуни мазкур то имрӯз 146 адад қонуншиканӣ ошкор шуданд. Бо мақсади ташвиқу тарғиби моҳияти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар соли равон 130 вохӯрӣ ташкил ва гузаронида шуд.

Барои боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани фаъолияти кории комиссияҳои доимии ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти ноҳия якҷоя бо имомхатибони ноҳия семинар-машварати дастурдиҳии ноҳиявӣ дар ҷамоати шаҳраки Ғафуров гузаронида шуд. Бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар соли 2020-ум ҷиҳати татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» ва дигар қарору супоришҳои мақомоти болоӣ оид ба самти дин корҳои мушаххасро ба сомон расонид.

Дар миқёси ноҳия як масҷиди ҷомеи марказӣ, 16 масҷидҳои ҷомеъ, 98 масҷидҳои панҷвақта, як иттиҳодияи динии ғайриисломӣ, 82 оромгоҳ ва 17 зиёратгоҳ мавҷуд мебошанд. Ҳар моҳ як маротиба бо роҳбари бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросими ноҳия барои баланд бардоштани савияи дониши масъулони соҳа семенар - машварат бо сармутахассисони дин, танзим анъана ва ҷашну маросими ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти ноҳия, имомхатибон дар мавзӯи татбиқи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» ва дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ва баргузор шуда истодааст. Баҳри иҷрои татбиқи “Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат бо экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020” Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Консепсияи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи дин», пешгирӣ ва мубориза бар зидди терроризм, экстремизм (ифротгароӣ), баргардонидани донишҷӯёне, ки дар Донишкадаҳои динии хориҷи кишвар ғайрирасмӣ таҳсил мекунанд, тоза ва эмин нигоҳ доштани мазҳаби ҳанафӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ дар соли равон як зумра корҳо ба анҷом расонида шуд.

Бо мақсади таъмини ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои динии инсон ва шаҳрванд, ҳамчунин фаҳмонидани мазмун ва моҳияти Консепсияи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи дин аз тарафи бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросим ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия бо иштироки ҷавонон, ходимони дин ва фаъолони ҷамоатҳо мулоқот баргузор гардида истодааст.

Бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросими ноҳия барои боз ҳам беҳтар намудани фаъолият дар татбиқи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», иҷрои фармонҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва “Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020” чораандешӣ намуда истодааст.

Шаҳноза ҲОМИДОВА,
“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh