Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода Иброҳим Абдураҳмонов ва Севинч Аслоноваро аёдат кард

Зимни сафар ба ноҳияи Спитамен Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода собиқадори меҳнат Иброҳим Абдураҳмонов ва ятими кулл Севинч Аслонова аёдат намуд.

Ҷанговари байналмилал Иброҳим Абдураҳмонов 11 декабри соли 1953 дар ноҳияи Спитамен, дар оилаи коргар таваллуд шудааст. Ӯ солҳои 1985 – 1987 дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон адои хизмат намуда, сипас дар соҳаи маориф фаъолият намудааст.

Севинч Аслонова бошад хонадаи синфи 8-уми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2-и ноҳияи Спитамен аст. Мавсуф 14 январи соли 2007 дар оилаи зиёӣ ба дунё омада, бо амри тақдир аз падару модар маҳрум мондааст. Айни ҳол Севинч зери парасторӣ ва тарбияи бибиаш Шарафнисо Бойузоқова қарор дорад.

Аснои аёдат Раиси вилоят аз таваҷҷуҳи доимии Ҳукумати мамлакат нисбат ба собиқадорону ятимон ва қишри ниёзманди ҷомеа ёдовар шуда, таъкид кард, ки бо дастуру роҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба собиқадорону оилаҳои ниёзманд мунтазам кӯмак расонида мешавад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh